Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ: ПАЙВАНДИ ДОНИШУ АМАЛ

  • 17.09.2018, 17:12,
  • ---
  • 0

Дар таърихи башар нақши дониш басо барҷаставу сарнавиштсоз будааст. Маҳз илм буда, ки инсонро аз ғор баровард, манзилу шаҳр офарид, қонунҳо ба вуҷуд овард, ки ба ҷомеаи инсонӣ низом бахшид, давлат бунёд намуд, фарҳанг эҷод кард, маънавиёти инсонро ташаккул дода, ўро аз фарти ҳайвонӣ дур кард ва дар шинохти мақом ва манзалати худ инсонро раҳнамо шуд. Илм дар заминаи маориф пеш меравад. Дастовардҳои илми башарият маҳз тавассути низоми маориф дастраси аъзои ҷомеа гардида, ба пешрафтҳои минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва илмӣ замина мегарданд.
Аммо низоми маориф худ ба сари худ пешрафти ҳаётро таъмин карда наметавонад, агар худаш низ рушд накунад, такмил наёбад, пойгоҳҳои моддиву техникиаш пайваста дар ҳоли беҳбуду дигаргунӣ набошанд. Дар идомаи солу замонаҳои зиёд инсонҳо ҳамеша ҷўёи роҳу усулҳои беҳтари таълим буданд, то бо сарфи вақту имкониятҳои камтар суди бештар ба даст оварда шуда, ҳадафҳои ба миён гузошташуда дар ин соҳаи кор ба таври ҳамеша беҳтар ва муваффақтар ба иҷро бирасанд. Албатта, мақсади ягона ҳамеша самарабахшу осонтар гардондани ҷараёни таълим будааст.
Яке аз ин гуна усулҳои маъруф ва паҳншудаи таълим дар шароити имрўза таълими босалоҳият аст. Агар моҳияти ин усулро бо чанд калима ифода кардан мумкин бошад, метавон гуфт, ки мақсади он ба ҷараёни донишомўзӣ шарик сохтани таълимгирандагон, такмили фаъолнокӣ ва қобилиятҳои зеҳнии онҳост, то дониш аз ҷониби онҳо на сохтаву рўякӣ, балки ба таври эҷодӣ, бо дарки умқи мавзуъ азхуд карда шавад, то ҷараёни таълим ҳадафҳои созандагии хешро ба ҷо оварда тавонад.
Дар Тоҷикистони мо бо раҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсатҳои иҷтимоии давлат ба рушди соҳаи маориф афзалияти калон дода мешавад ва дар ин росто, албатта, истифода аз роҳу усулҳои пурсамари таълим аҳамияти муҳим пайдо намудааст. Муносибати босалоҳият ба таълим дар ин замина яке аз воситаҳои бениҳоят таъсиргузор дониста мешавад.
Қудратмандтарин давлатҳо аз лиҳози иқтисодиёт, ба монанди Чин, Олмон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Амрико бо такя ба маориф ва илм имрўз барои мардуми худ зиндагонии шоистаро муҳайё намудаанд.
Муносибати салоҳиятнок ба таълим асосан бар пояи истифода ва амалӣ кардани се рукни маърифат - дониш, маҳорат ва малака ба роҳ монда мешавад. Таърихи истифодаи муносибати салоҳиятнок ба гузаштаи дур мансуб аст. Ҳанўз Конфутсий дар ин маврид гуфта буд, ки 200 ҳазор мисраъ достонҳои қадимаро азёд карда, қобилияти ҳалли оддитарин масъалаи ҷомеаро надошта бошӣ, ин аҳмақие беш нест. Дар низоми маориф ва илми Юнони бостон рушд ва дастовардҳои асосии соҳа ба татбиқи дониш, маҳорат ва малака равона шуда буд ва онҳо асоси рушди илмро поя гузошта буданд. Олимони барҷастаи тоҷик низ бо амалӣ кардани ин рукнҳои маърифат ба бузургтарин дастовардҳо ноил гаштаанд.
Дар низоми маорифи мо ҳоло маъмулан омўзиш танҳо бо азхудкунии дониш ба охир мерасад. Яъне, хонанда дар бораи трактор ҳама чизро медонад, вале дар амалия на онро таъмир карда ва на ронда метавонад. Дониши компютер дорад, вале истифодаи амалии онро намедонад. Дар замони инқилоби иттилоотӣ ва зеҳнӣ ҳамон донише зарур аст, ки ҷомеаро суде орад. Дар замони шўравӣ натиҷаи тамоми пажўҳишҳои илмӣ рўйи коғаз мемонданд Ва касе намедонист бо ин кашфиётҳо чӣ кор кунад. Дастоварди бузурги нобиғаи соҳаи технолоҷӣ Билл Гейтс бар пояи истифодаи дониш, маҳорат ва малака далели равшани аҳамияти илм дар амалия буда метавонад. Ҷаҳони дониш беканор аст ва дониши судмандро азхуд карда, ба инкишофи маҳорату малака муваффақ гардида ва бо ин дастовардҳо, ҳал намудани мушкилоти ҷомеа - ин аст ҳадафи муносибати салоҳиятнок ба таълим, ки низоми маорифи ҷумҳурӣ дар амалӣ кардани он кўшиш дорад.
Зарурати психологии муносибати босалоҳият ба таълимро, пеш аз ҳама, инкишофи босуръати илму технолоҷӣ ва ҷаҳони иттилоот тақозо мекунад. Чун муносибати босалоҳият ба амалия равона аст, мақсад ба даст овардани дониши судманде мебошад, ки мушкилоти замонро ҳал кунад, бояд дар раванди таълим ҳолати азхудкунии психологии дониш ба назар гирифта шавад. Ҳама дониши психологӣ ба он бояд равона карда шавад, ки илм ҳазм шуда ва маҳорату малака инкишоф дода шавад. Назария ба амалия орад ва зимнан, хонанда қудрати ҳал кардани мушкилоти ҷомеаро доро гардад.
Дар рафти муносибати босалоҳият баробари дониш додан, азхудкунӣ, ҳазмкунӣ ва хулоса бароварда тавонистан ва сипас, ба даст овардани маҳорату малака бар пояи дониши азхудкарда, ба ҷанбаъҳои психологии масъала низ бояд аҳамият дод. Муайян кардани тарзи тафаккур, истифодаи ҳаҷм, кўчонидан ва тақсимоти диққат, хулосабарорӣ бояд ба бархўрдор гаштан аз маҳорат ва малака равона ва минбаъд, мавриди амал қарор дода шавад. Дар як вақт ин ҳама ба ҳалли мушкилӣ равона шавад ва хонанда на танҳо дар ҷомеа қудрати ҳал карда тавонистани мушкилотро дошта бошад, балки шахсият шавад ва мавҷудияти ў на мушкили ҷомеа, балки барои он муфид бошад.
Дар муносибати салоҳиятнок ба таълим зарурати иқтисодии он муҳим аст. Дар ҷаҳони муосир масъалаи манфиати дониш ва илм мадди нахуст меистад. Қобилияти дар ҷомеа худро аз ҷиҳати иқтисодӣ таъмин карда тавонистан ва ҳамчун шахсияти ахлоқӣ қудрати дар ҷомеа зистан доштани хонанда мақсад ва ҳадафи асосии таълим мебошад. Хонанда бояд дарк кунад, ки дониш, маҳорат ва малакаи ба даст оварда ба кадом самти амалия равонаанд ва ин донишу маҳорат чӣ мушкилотеро ҳал мекунанд ва хонанда ҷомеаро чӣ суде меорад.
Дар замони муосири бархурди тамаддунҳо ва умумибашаришавии тамаддунҳо хоҳ-нохоҳ зарурати гузаштан ба муносибати салоҳиятнок ба таълим ба миён меояд. Имрўз ҳар як давлат ва ҷомеаро зарурате ба миён омадааст, ки стратегияи оқилонаеро доир ба рушди фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ фароҳам созад. Он ангезандахои фарҳангие, ки ба ҷомеа мушкилиҳои равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ меоранд, бояд сарфи назар нашаванд ва самти мубориза бояд ба рушди фарҳанги солим ва пешбаранда равона гардад. Шабакаи ягонаи иттилоотӣ имконият медиҳад, ки имрўз ҳама гуна ангезандаҳои фарҳангӣ дастраси ҷомеа шаванд ва ҳукумат қодир нест аз ҷиҳати технолоҷӣ пеши роҳи онҳоро бигирад. Бинобар ин, зарур аст роҳҳои нав ва муфид барои муқовимат бо таблиғи зўроварӣ, фисқ ва ғайра пайдо ва амалӣ карда шаванд. Онҳо бояд дар рафти таълим васеъ мавриди истифода карор бигиранд.
Гузариш ба муносибати салоҳиятнок ба таълим зарурати замон аст ва он ба сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созгор буда, мақсадаш баланд бардоштани маърифати ҷомеа мебошад.

Иноят ФАЙЗУЛЛОЕВА,
ходими калони илмии
Пажўҳишгоҳи рушди
маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин