Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ 
  • 15:42 – Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 

Маросими истиқболи расмии Президенти Тоҷикистон дар Дафтари Сарвазири Япония

  • 05.10.2018, 16:25,
  • ---
  • 0

5 октябри соли 2018 маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Дафтари Сарвазири Япония баргузор шуд.

Ба хотири истиқболи расмии меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони пазироӣ бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар оро ёфта, горд ва оркести фахрӣ саф ороста буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Япония муҳтарам Синдзо Абэ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.

Баъди гузориши фармондеҳи горди фахрӣ сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо дод. Сипас сарони давлатҳо аз назди сарбозон гузашта, ба парчами давлатии кишвари мизбон эҳтиром ба ҷо оварданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония муҳтарам Синдзо Абэ бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Япония шинос шуданд.


http://www.president.tj/
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин