Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

МАЪРИФАТИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ОҒОЗ МЕГАРДАД

  • 10.01.2018, 16:53,
  • ---
  • 0
Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо иштироки Раиси Комиҷроия, ҳамоҳангсози Ҳаракат Р. Давлатов, сардори раёсати илм ва иноватсияи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Каримзода, муовини раиси шаҳри Норак Ш.Ҳасанзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳр А.Исмоилов, сармутахассиси идораи маорифи шаҳр С.Одилов бо мардум мулоқоти судманд ташкил карда шуд. Асосан вохўриҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ба номи Алимуҳаммад Мирзоеви деҳаи Тутқавули ҷамоати деҳоти Пули Сангин ва Гимназияи №1-и деҳаи Туғмазори ҷамоати деҳоти Дўконии шаҳри Норак баргузор шуданд, ки бо ҷалби директорон ва волидайни хонандагон раисони маҳалла, Шўрои занон, ходимони дин ва кормандони тиб сурат гирифтанд.
Ҳамин гуна чорабинӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ҷамоати деҳоти К.Исмоилов (тибқи иттилои директор ин мактаб бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушода шуда, мавриди истифода қарор дода шудааст) ва гимназияи №1 шаҳри Ваҳдат бо иштироки Раиси Комиҷроияи Ҳаракат, ҳамоҳангсози Ҳаракат Р.Давлатов, сармутахассиси раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии вазорати маориф ва илм В. Исмоилов, мутахассиси раёсати илм ва иноватсияи вазорати мазкур Ҷ. Бобоҷонов, раиси комиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Р.Раҳматзода, мудири маорифи шаҳри Ваҳдат Х. Тўразода ва директори Гимназияи №1 М. Шарипов баргузор гардид.
Раиси Комиҷроияи Ҳаркат Мирзошоҳрух Асрорӣ зимни баромад иброз намуд, ки таълиму тарбия, таҳаммули одоби ҳамида барои насли ҷавон аз фарзу суннатҳое мебошанд, ки дар шароити кунунӣ мақому манзалати аввалиндараҷа касб мекунанд. Ҳадаф аз пешниҳоду амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” низ ҳамин аст, ки холигоҳи дар миёни волидону мактабу ҷомеа мавҷудбударо пурра гардонем. Ва ҷомеае эъмор созем, ки ин миллату ин халқу давлатро бо низоми шоиста пеш барад.
Дар ҳама давру замон омўхтани илму дониш ва маърифатпарварӣ ҳамчун омили муҳимтарини пешрафту тараққиёти ҳар як халқу миллат ба ҳисоб меравад, яъне дар ибтидои асри бисту якум, ки пешрафти илму техника ва технология босуръат ҷараён дорад ва ҳамарўза дар ҳаёти башарият тағйироту таҳаввулот ба мушоҳида мерасад, ин масъала аҳамияти бағоят бузургро пайдо кардааст. Бо дарназардошти ин нукта ва зарурати фарогирии наслҳои наврасу ҷавон бо раванди омўзиши илму маърифат Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи маорифро ҳанўз аз оғози фаъолияти хеш ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлатдории худ шуморида, барои таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ворисони сазовори миллат тамоми имкониятҳои мавҷудаи худро равона кардааст.
Мушовири калон, ҳамоҳангсози Ҳаракат Р. Давлатов дар баромади худ ба он ишора намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани шароити моддии омўзгорон ва баланд бардоштани маоши онҳо ҳамасола ғамхорӣ зоҳир мекунад ва ин раванд оянда низ идомаи ҳамаҷонибаи худро дарёфт хоҳад кард.
Дар суханрониҳои худ Президенти мамлакат ба он таъкид менамоянд, ки дар шароити имрўза мамлакати мо барои инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба кадрҳои баландихтисоси миллӣ ниёз дорад. Бо назардошти ин нукта вазифаи асосии хонандагон, пеш аз ҳама омўзиши илму дониш, касбу ҳунар, аз худ кардани забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин дастовардҳои техникаву технологияи муосир мебошад.
Соҳиби касбу маълумот шудан ҳанўз ҳадафи ниҳоӣ нест. Донишу маърифат пеш аз ҳама бо одоби баланд, ахлоқи ҳамида ва маънавиёт тавъам аст. Танҳо дар ҳамон сурат шахсияти комил ба воя мерасад, ки ватандўсту миллатпарвар ва садоқатманд аст ва ҳамзамон арзишҳои эътирофшудаи аҳли башарро қадр мекунад ва дар доираи арҷгузории ин арзишҳои воло кору зиндагонӣ менамояд.
Р. Давлатов дар баромади худ ҳамзамон таъкид намуд, ки талаби Пешвои миллат дар назди мактабу маориф ва шогирди мактаб пеш аз ҳама омўхтани илму дониши замонавӣ, забономўзӣ ва азхуд кардани дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир мебошад. Зеро шогирди мактаби миёна бояд дарс хонад, саводу дониш омўзад, то ин ки оянда мутахассиси хуб шавад ва зиндагии худро аз рўи касбу кори муайян пеш бурда тавонад.
Баромадкунандагон инчунин оид ба амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот, тарбияи мутахассисони соҳибмаълумот, ба омўзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони англисӣ фаро гирифтани хонандагон, огоҳӣ аз техника ва технологияи муосир, нақш ва ўҳдадориҳои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, дастоварди беназири ҷомеаи муосир, Ваҳдати миллӣ, нақши ҷавонон дар ҳифзи дастовардҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан ронда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки дар татбиқи самараноки масъалаҳои мазкур саҳмгузор бошанд.
Боиси тазаккур аст, ки дар вохўриҳо аз ҷониби иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои ҷолиб садо доданд. Баромадкунандагон изҳор доштанд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар байни хонандагон ва волидайни онҳо гузаронида шавад. Вобаста ба ин Кумитаи иҷроияи Ҳаракат дар самти ташвиқу тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” чорабиниҳои худро мунтазам роҳандозӣ намуда истодааст.
Мухбири “Ваҳдат”
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин