Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:09 – БОЛОТАР АЗ МИЛЛАТ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ЧИЗЕ НЕСТ 
  • 11:42 – ПАРВОЗИ ХАЁЛ 
  • 16:14 – 17 МАЙ - РЎЗИ АВВАЛИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН 
  • 10:55 – ДУРРИ ГАРОНБАҲОРО ПОКИЗА НИГОҲ ДОРЕМ 

ЛАҲЗАҲОИ ХОТИРМОН

  • 13.04.2017, 16:10,
  • ---
  • 0
ЛАҲЗАҲОИ ХОТИРМОНЁд дорам, рўзе, ки ба донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аввалин қадами худро гузоштем, гўё мисли шамъе будем, ки дар тўли солҳои донишандўзӣ омўзгорони бомаърифату бофарҳанг онро фурўзон мекунанду моро ба олами илму дониш ва фарҳангу инсондўстӣ, хештаншиносӣ равона месозанд. Меҳри дил маро аз он сабаб ба ин донишкада овард, ки дўстдор ва шефтаи назми пур аз афкори нафиси ин устод Турсунзода будам ва мебошам. Дар майдони адабиёт устод тавонист як зумра адибони навпардозеро дунболи бубарад, ки ҳар кадоме аз адибони баркамол ва маъруфи миллати мо гаштаанд. М.Турсунзода ситоишгари сулҳу амнияти мардуми олам, шоири барўманду тавонои тоҷик, яке аз шахсиятҳои барҷастаи қарни бистум, бо ашъори рангин, хақталошиву заҳматҳои бемонандаш дар инкишофи илму фарҳанг, худшиносии миллӣ шўҳратёр гаштааст.
Хизматҳои М. Турсунзодаро бо мукофотҳои баландтарини давлатӣ аз ҷумла Қаҳрамони Тоҷикистон қадр кардаанд. Барои мо мардуми тоҷик месазад, ки шукри шеъри Турсунзода, шукри хизматҳои Турсунзодаро кунем. Ҳукумат як ноҳияву як донишкада ва хиёбонеро ба номаш гузошт, ҳайкалҳо сохт, ҷоизаҳо ва идрорпулӣ таъсис дод. Барои ҳар як пора шеъри гузаштагон, барои зинда сохтани номҳои бузургонамон, барои аз нав рўи чоп омадани ҳар як китоби онҳо бояд талош кард.
Шукри ин давлати соҳибистиқлол, ки миллаташро, забонашро, нишонашро, шеърашро ва дар ниҳоят шоирони бузургашро пос медорад ва ифтихор дорад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон худшиносӣ ва худогоҳии халқи тоҷик хеле боло рафта, тафаккури миллии мардум, махсусан аҳли илму адаб фарҳангу маориф ба пояҳои баланди рушду камол расид. Донишмандон, нависандагон, омўзгорон ва рўзноманигорон ба таърихи кишвари худ, вазъи ҳозира ва дурнамои он назари тоза андухта, сарватҳои маънавии онро дар шакли китобҳо, қиссаву романҳо, ҳикояву очеркҳо, шеъру достонҳо ва намоишномаҳо манзури халқ менамоянд.
Албатта, тавре ба назар мерасад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ, аз тамоми имкониятҳо истифода бурда ба рушди фарҳанги миллӣ, анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъмини самаранокии фаъолияти омўзгорон ва такмили малакаи педагогӣ тадбирҳои судманд андешида истодааст.
Дар ҳақиқат, ояндаи кишвар, пешрафти он ва инкишофи ҳама соҳаҳо, пеш аз ҳама, аз фаъолияти омўзгорон ва рушди илму маориф вобаста аст. Чуноне, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».
Омўзгорӣ аҷаб касбест: пурмашаққат, заҳматталаб, вале ниҳоят пурифтихор аст. Аз рўзе, ки ман дар ин донишкада таҳсил мекунам, аллакай эҳсос кардам, ки омўзгорони он ҳамеша дар фикри тайёр намудани кадрҳои баландихтисос буда, меҳнати пурсамари худро барои онҳо дареғ намедоранд. Омўзгорони фаъолу пурмасъулият Сафар Шосаидзода, Бозорбой Холов, Гадобек Маҳмудов, Қурбон Ғуломзода, Қурбон Бўриев, Раъно Имомалиева, Назира Раҷабова, Майрам Мамадазимова, Садриддин Файзов, Ситора Абдумуминзода ва дигарон бо хоксорӣ, заминӣ, бомаданияту бофарҳанг буданашон фарқ мекунанд.
Дар ДДФСТ ба номи М. Турсунзода раванди таълим пурра ба низоми кредитӣ гузаронида шудааст. Сатҳу сифати таълим, махсусан, фаъолияти мустақилонаи донишҷўён ва истифодаи технологияи компютерӣ то рафт беҳтар мешавад. Бо ташаббус ва дастгирии маъмурияти донишкада барои таҳсили донишҷўён шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Донишкада дорои биноҳои зебою навтаъмир ва китобхонаи барҳаво ҳаст, ки дар он донишҷўён аз адабиёти тозанашри фаннӣ бархурдор мегарданд. Донишкада дорои 5 факулта ва 17 кафедра буда, аз рўи 14 ихтисос фаъолият дорад, Дар он 1862 донишҷў таҳсил мекунад.
Барои беҳдошти сифати таълим, пеш аз ҳама, ба сифати кадрҳо, мавзуъ ва мундариҷаи фанҳо, озмоишгоҳҳо, истифодаи технологияи муосир, фаҳмишу дониши воқеии донишҷўён ва назорати қатъӣ аз болои дарсомўзии онҳо аҳамият дода мешавад. Мо донишҷўёни ДДФСТ ба номи М. Турсунзода аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаҳои муҳими таърих, анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи ҷавонон ва наврсон, созандагию бунёдкории миллати тоҷик эътибор медиҳанд, изҳор қаноатмандӣ ва сипосгузорӣ менамоем.

Майсара Абдуллоева,
корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин