Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

Дастурамал барои тарғиботчиён дастрас мегардад

Дастурамал барои тарғиботчиён дастрас мегардад
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дастурамалеро аз нашр баровард, ки дар он тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшан шарҳ дода шудаанд. Дастурамали мазкур ба кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва тарғиботчиёни сиёсӣ ройгон тақсим карда мешавад.

Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Ин тағйиротҳои Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки мақсади асосии мо таъмини рушди устувору мутаассили ҷомеа ва инкишофи бемайлони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он мебошад. Ин имкон медиҳад, ки мунтазам сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳар чӣ зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Аз ҷумла, соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «муҳайё намудани шароити ҳар чӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад».

Бешак, тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ҷиҳати амалӣ шудани ин мақсади олӣ мебошад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин