Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

“Корвони Ваҳдат” - дар Бадахшон

“Корвони Ваҳдат” - дар Бадахшон
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ҳайати гурӯҳи “Корвони Ваҳдат”-ро таҳти сарварии Мирзошоҳрух Асрорӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ба ҳузур пазируфт.
Сафари гурӯҳ, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст, аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардида, дар ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшону Шуғнон ва шаҳри Хоруғ идома ёфт.
“Корвони Ваҳдат” - дар БадахшонМирзошоҳрух Асрорӣ дар вохӯриҳо, аз ҷумла арз намуд, ки дар доираи таҷлили ҷашни ҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон гузарондани Рӯзҳои фарҳанги вилоятҳои Суғду Хатлон, фестивали ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон - пайрави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон”, конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба нақши занон дар таъмини сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, мизи мудаввар доир ба нақши ВАО дар ҳаёти ҷумҳурӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст, ки ин дар ғанигардонии ҳаёти иҷтимоии аҳли шаҳру деҳоти вилоят нақши муҳим хоҳад бозид.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин