Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
  • 08:39 – Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ 
  • 11:40 – ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО 

Конфронси Харакати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Конфронси Харакати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
Дар ноҳияи Деваштич конфронси ноҳиявии Харакати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир гардид, ки бо сарсухани муовини аввали Раиси ноҳия Абдумалик Ҳодиев ифтитоҳ ёфт.

Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси нохия Зиёдулло Турдиев дар бораи фаъолияти Шӯрои ноҳиявии ҳаракати вахдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2016 маърӯза кард. Муовини Раиси ноҳия Рафоат Каримова бошад, оиди рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 19-солагии Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуд.

Қайд гардид, ки бахши ноҳиявии ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эхёи Точикистон сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мӯхтарам Эмомали Раҳмонро собитқадамона амалӣ гардонда, чорабиниҳои зиёди оммавӣ-сиёсиро баҳри ҳифзи музаффариятҳои Истиклолият, таъмини оромию осоиштагӣ ва сулҳу Ваҳдати пойдор, ки асоси пешравиҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, гузаронда меояд. Маҳз самараи сулҳу Ваҳдат аст, ки тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳамаи манотиқи кишвар вусъат ёфта, нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ боло меравад, сатҳи зиндагонии мардум беҳтар мешавад. Сокинони ноҳия зимни мулоқоту вохӯриҳо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро оид ба дигаргунсозиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бо шукргузорӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Мисоли равшани инро дар дигаргуниҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва тадбирҳои ободонию бунёдкории ноҳияи Деваштич ҳар сари қадам дучор шудан мумкин аст.
Конфронси Харакати ваҳдати миллӣ ва эҳёи ТоҷикистонДар конфронс аъзоёни Шӯрои ноҳиявӣ, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Зикрулло Иброҳимов, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ Усмонҷон Икромов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Даврон Эргашев ба музокира баромада фикру мулоҳизаҳо ва таклифу дархостҳо баён намуданд.

Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонзода ва муовини аввали раиси Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят Абдуҷалил Бобокалонов оиди вазифаҳои минбаъдаи аъзоёни Шӯрои ноҳияви бобати ташкили корҳои оммави-сиёсӣ ва тарғиботи-ташвиқотӣ дар байни омма маслихату дастурхои судбахш доданд.

Конфронси Харакати ваҳдати миллӣ ва эҳёи ТоҷикистонКонфронс бинобар ба амал омадани тағйиротҳои кадрӣ ба ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ ва Шӯрои куҳансолон иловаҳо ворид намуд. Ҳамчунин вазифаҳои навбатӣ баҳри сазоворона истиқбол гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии тасисёбии Харакати ваҳдати миллӣ тарҳрезӣ гардид. Иштирокчиёни конфронс ба кулли сокинони ноҳия Муроҷиатнома қабул намуданд, ки ҳадафи асосии он вусъат бахшидани фаъолияти ҷамоатчигӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин