Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

100 солагии асосгузори саноати атом дар шимоли Тоҷикистон

Бо ташаббуси маркази илм ва фарҳанги рус дар шаҳри Хуҷанд дар доираи дўстиву ваҳдати халқҳои русу тоҷик дар шаҳри Бўстони вилояти Суғд 100 солагии асосгузори саноати атом дар шимоли Тоҷикистон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, барандаи Ҷоизаи давлатиии СССР, вакили Шўрои Олии СССР ва Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Владимир Яковлевич Опланчук баргузор гардид.
Мавсуф солиёни зиёд дар вазифаи директори генералии комбинати кўҳӣ-кимёвии Ленинободи Вазорати саноати мошинсозии СССР (имрўза КВД "Металҳои нодири Тоҷикикистон") фаъолият бурдааст.
Дар чорабиние, ки дар МТМУ №4 ба номи В.Я.Опланчук баргузор гардид, роҳбарияти шаҳри Бўстон, маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Русия дар Хуҷанд, намояндаи Консули генералии ФР дар Хуҷанд, марказҳои фарҳанги руси як қатор шаҳру навоҳии вилоят, собиқадорони меҳнати соҳаи атом, сокинони шаҳр ва кормандони ВАО ширкат намуданд.
Хонандагон дар бораи кору фаъолияти қаҳрамони меҳнат нақл карда, расмҳои нодири замони роҳбарии В.Я.Опланчук, мулоқоти кориву сўҳбатҳояшро бо синфи коргар нишон доданд. Ҳамзаман дар бораи нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолии коргоҳ замони сарвариаш маълумоти муфассал оварданд. Баромадкунандагон нақл карданд, ки яке аз муваффақиятҳои бузурги В.Я.Опланчук дар вазифаи роҳбарии комбинат усули нави истихроҷи металл аз қаъри замин тавассути ишқоронидан буд. Ин усул ҳанўз соли 1967 дар истеҳсолот ҷорӣ гардида буд.
-Ин гуна усули пеш бурдани истеҳсолот технологияи ба даст овардани металлро куллан тағйир дода, меҳнати дастии шахтёронро дар зери замин барҳам дод, -оварда мешавад, дар китоби тарҷумаиҳолии қаҳрамон таҳти унвони "Герои атомного проекта" (Қаҳрамонони лоиҳаи атом), -самаранокии истеҳсолот бошад, 2-2,5 карат боло рафт. Барои ин муваффақият Владимир Яковлевич бо унвони баланди Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сарфароз гардонида шуда буд.
Консул-мушовири Консули генералии ФР дар Хуҷанд Юрий Солодкин дар баромади худ гуфт, ки: -Хизмати аз ҳама бузурги шоистаи Владимир Яковлевич дар он буд, ки дар солҳои вазнини баъдиҷангӣ тавонист дар мавзеи Суғд корхонаи азими аҳамияти ҳарбидоштаро дар заминаи холӣ бунёд намояд ва онро ба авҷи тараққиёт расонад.
Дар чорабинӣ хотираҳои худро ҳамсафонаш, ки солиёни зиёд ҳамроҳ кор кардаанд, аз ҷумла, Шаҳрванди фахрии шаҳри Бўстон, собиқадори соҳаи саноати атом Николай Мороз нақл кард:
-Ман бо тақозои вазифа бо В.Я.Опланчук дар мушовараҳои вазорати соҳавӣ дар шахтаҳои урании Янгиободу Красногорск ширкат доштам, ба ғайр аз он ки маҳорати баланди роҳбарӣ дошт, инсонигариаш дар сатҳи олӣ буд. Ҳамеша дар ғами коргар ва рушди шаҳри Бўстон буд…
М.МАҚСУДОВ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин