Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – РУҶЎЪИ ЯТИМИ КУЛЛ 
  • 11:08 – ТАҶАЛЛИИ ЯКДИЛӢ ДАР ОИНАИ ДӮСТӢ 
  • 16:26 – МАҚСАД БО ҶОИ КОР ФАРО ГИРИФТАН АСТ 
  • 11:26 – АЗ ИСТИҚЛОЛИЯТУ ОБОДИИ ВАТАН ТО РУШДИ САЙЁҲИЮ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ 

Тамаддуни ҷаҳонии Наврӯз

Тамаддуни ҷаҳонии Наврӯз
Бо фарорасии баҳори нозанин чанд рӯзи охир кишвари зебоманзари моро як руҳияи баланди ифтихору сарфарозӣ аз истиқболи ҷашни бузурги аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз фаро гирифтааст. Аз ҳар гӯшаю канор, ҳар хонадони соҳибиқбол навоӣ ин ҷашни зиндагисоз ба гӯш мерасад.

Воқеан, Наврӯз ба ҳама шодиву хурсандиҳо шоиставу арзанда аст, зеро бузургони мо фармуданд, ки «Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад». Наврӯз барои мардуми мо шукуҳу шаҳомати хоса дорад, зеро он мақоми байлмилалиро доро гардидааст. Олимони ҷаҳон исбот кардаанд, ки моҳу ситораҳо ва ҳамаи ҷирмҳои осмонӣ аз сангҳои вулконии офтоби газӣ пайдо шудаанд.

Замин аз ибтидо чор фасли сол дошт. Аммо асрори онро кам медонистанд. Пеш аз замони Ҷамшед ҳам оли¬мони олам, аз ҷумла, шарқиён аз ин асрор андаке воқиф буданд. Аммо танҳо дар замони Ҷамшеди сосониён ба ҷашнгирии ин иди кишоварзӣ оғоз карданд. Дар дигар кишварҳо ҳам баҳор бо номҳои гуно¬гун пешвоз гирифта мешуд. Дар Шарқ онро Наврӯзи Аҷам номиданд.

Ватани Наврӯз дар забо¬ни дарӣ ва форсиву тоҷикӣ маънои фарогир дорад. Чуноне ки Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашнвораи Наврӯз таъкид доштанд, ин Рӯзи муборакро дар Тоҷикистон бо тамоми нозукиҳояш истиқбол мегиранд, ки дар ягон кишвари дигар ба чунин шева таҷлил намекунанд. Бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон ва соири кишварҳои ҳавзаи Наврӯз Муассисаи ЮНЕСКО-и Созмони милал иди Наврӯзро мақоми ҷаҳонӣ дод.

Ва инак, иди Наврӯз ҳамчун нишонаи яке аз ҷашнҳои қадимаю бостонии мардуми форсу тоҷик қадрдонӣ мешавад. Он ба фасли баҳор рост меояд. Дар ин фасли сол табиат аз нав эҳё гашта, дашту даман сабзазор мегардад.

Наврӯзи бостонӣ ҳанӯз 6 ҳазор сол қабл, яъне пеш аз интишори ислом ҳамчун иди деҳқону кишоварз таҷлил карда мешуд. Наврӯз ҳар сол бо фарорасии фасли баҳор ба 21-уми марти солшумории мелодӣ рост меояд. Ҷашни Наврӯзро дар баъзе минтақаҳо ҳамчун «Иди сари сол» ё «Иди соли нав» ёд мекунанд. Таҷ¬лили иди Наврӯз дар аҳди Ҳаҳоманишиҳо (558-350)-и мелодӣ анъана буд. Бештари сарчашмаҳо оғози ҷашни Наврӯзро ба салтанати Ҷамшед нисбат медиҳанд, ки сароидаи Абулқосим Фирдавсӣ ба ин маънӣ шаҳодати он аст:

Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯ,
Фурумонда аз фарру бахти ӯ.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Дар Осиёи Миёна ва Эрон аз асри VII мелодӣ тақвими авестоӣ ҷорӣ гардида буд. Аз рӯи ин тақвим сол ба 12 моҳи 30 рӯза тақсим мешуд ва ҳар 30 рӯзи моҳ номҳои махсус доштанд. Якеи аз ин рӯзҳо ба номи он моҳ ҳамном будааст ва он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Аз 12 ҷашн 3-тоаш аз сабаби он, ки дар чунин рӯзҳо ҳолати табиат тағйир меёфтааст, муҳимтар шуморида мешуд.

Ҷашнҳои ба вуқуъ омадани баҳоронро Наврӯз, аввали тирамоҳро Меҳргон, рӯзи 10- уми баҳманмоҳ (30 январ) –ро, ки 50 рӯз қабл аз Наврӯз меомад, Садда номидаанд. Ҷашни Наврӯз мавриди баробар омадани шабу рӯз ва эҳёи табиат, фарорасии мавсими киштукори баҳорӣ бинобар ин нисбат ба дигар ҷашнҳо машҳур гардидаю эътибори бештар дошт. Ба гуфтаи Абурай¬ҳони Берунӣ шоҳони Сосонӣ Наврӯзро шаш рӯз ва дар Эрону Озорбойҷон, Осиёи Миёна 13 рӯз ид мекарданд.

Дар аҳди Сомониён идҳои Наврӯз, Садда, Меҳргон ба таври васеъ ва хеле пуршукуҳ гузаронида мешуданд. Абубакр Муҳаммади Наршахӣ гуфтааст: Наврӯзро аввал кишоварзон дар рӯзи якуми фарвардин ва пас аз панҷ рӯз оташпарастон ид мекарданд.

Дастурхони Наврӯзиро бо ҳафт номгӯи наврӯзӣ меоростанд. Ҳуруфи аввалини он бо ҳамсадои «Шин» сар мешуд. Яъне: шамъ, шароб, шир, шарбат, шакар, ширинӣ ва шона иборат буд. Баъдан бар ивази ҳафт «шин» ҳафт «син» ҷорӣ шуд. Яъне: сирко, суманак, сабзӣ, сир, себ, санҷит ва сипанд. Рӯзҳои ҷашни Наврӯз деҳ¬қонон ба кишту кори баҳорӣ шуруъ менамоянд. Марди деҳқон дар ин рӯз ба умеди ризқу рӯзӣ донаи тухмро ба замин мепошад, ва умед мекунад, ки аз самараи он истифода намояд. Дар ҳама ҷо ҳашарҳо, сайру гашти идона, базмҳои савту суруд, чорабиниҳои варзишӣ барпо мегардад ва дастархонҳои Наврӯзӣ ороста мешаванд.

Инак, сарзамини ҳамешабаҳори моро Наврӯзи оламафрӯз боз бо ҳама баракату нусрат ва нишоту шодкомиҳояш ба оғӯши гарми худ кашидааст. Наврӯз бошад, риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, дақиқтарин мизони табодули фаслҳои сол ва рӯзгори башарият аст. Аз ин хотир месазад, ки дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш чунин мисраъҳои ҷовидонии наврӯзиро чун беҳтарин ҳадяи ҷашнӣ нисори якдигар созем:

Эй худованди замину осмон,
То ба наврӯзи дигар моро расон.
Ҷамил Валиев, сардори шуъбаи илмию таҳқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин