Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:42 – Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:21 – АРСАИ НОМУСУ НАНГ 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 

Фоҷеае, ки таҳқиқи мунсифона мехоҳад

Фоҷеае, ки таҳқиқи мунсифона мехоҳад
Ҳодисаи муноқишаи гурӯҳие, ки 14 май дар қабристони Хованскоеи шаҳри Москва рух дод, аз мавзуъоти асосии расонаҳои хабарии Русия буд. Дарҳол пас аз ин ҳодиса, ки се куштаву даҳҳо маҷрӯҳро паси худ гузошт, фарзияҳои нави сабабҳои сар задани он садо додан гирифтанд.

Сардори шуъбаи савдо ва хидматрасонии шаҳри Москва Алексей Немерюк дар мусоҳиба ба радиои «Говорит Москва» иброз дошт, ки гӯё посбонҳои қабристони мазкур муҳоҷирони ғайриқонуниеро, ки аз санҷиши мақомоти қудратӣ дар ҳудуди Хованское паноҳ бурда буданд, кӯшиши пеш кардан доштанд ва ин оқибат ба муноқишаи гурӯҳӣ овард. «Муноқиша сар зад ва яке аз посбонон осеб дид. Дар натиҷа қувваҳои пулис ва ОМОН ҷалб карда шуданд, ки 50 нафар боздошта шуданд», - гуфтааст ин масъул.

Аммо айни замон манбаъ аз мақомоти қудратӣ ба агентии «Интерфакс» иттилоъ дод, ки сабаби задухӯрд аз ҷониби гурӯҳи ҷиноии қафқозӣ кӯшиши маҷбур кардани кормандони оромгоҳ барои супоридани «ҳақпулӣ» будааст ва ахириҳо ин талаби ҷинояткоронро рад кардаанд, ки оқибат ба муноқишаи хунинбор оварда расонд. Дар натиҷа аз ҷониби иштирокчиёни он, ки шумораашон тибқи маълумоти гуногун аз 200 то 500 нафар ҳадс зада мешавад, силоҳи оташфишон низ истифода бурда шуд, ки бар асари он 3 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон-Хушаков Сӯҳроб Таваралиевич, соли таваллудаш 1990, Ризоев Иноят Қаноатович, соли таваллудаш 1977 ва Собиров Сайнуриддин Нозилович, соли таваллудаш 1974 ҳалок гардида, ҳудуди 10 нафари дигар ҷароҳати гуногун бардоштаанд. Зиёда аз сад нафар, азҷумла директори оромгоҳ Юрий Чабуев, Никита Мошенко-корманди собиқи пулиси Москва, ки устоди варзиш дар риштаи дзюдо муаррифӣ шудааст ва ҳуқуқшинос Александр Бочарников, ки қаблан доғи судӣ доштааст ва дигарон боздошт шудаанд. Ҳоло акнун хоҳем дид, ки мурофиаи ин нафарони боздоштшуда чӣ гуна аз рӯйи адолати судиву инсонӣ сурат хоҳад гирифт ва агар инҳоро низ муҷозоти сабуке чун қотилони Хуршедаи 9-сола ва Умаралии 5-моҳаву дигар маъсумини тоҷик интизор бошад, пас мо дудаста ба системаи судии Русия қарсак хоҳем зад…Ба ҳар ҳол, интизор хоҳем шуд.

Ба ҳамаи ин кӣ ҷавоб хоҳад гуфт, ё «аз мост, ки бар мост»…
Аммо тибқи иттилои дигар, тохтутоз сари шаҳрвандони Тоҷикистон амали дасти ҳамватанони худи мо будаанд, ки ба сари коргарони ин оромгоҳи бузургтарини пойтахти Русия мехостанд «андоз», ба истилоҳи дигар «ҳақпулӣ» ва ё «доля» бубанданд. Ҳангоме ки инҳо ноком шуданд, гурӯҳҳои ҷиноятпешаи қафқозитабор (чечену доғистониҳо)-ро ба ҷониби тоҷикони коргар таҳрик доданд, ки оқибат ба фоҷеа анҷомид. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар оромгоҳ кор мекарданд, мусаллаҳ бо белу оҳанпора (арматура) ба ҳамлагарон, ки тибқи иттилоъ бо зиёда аз 15 мошини сабукрав омада буданд ва бо худ силоҳи оташфишон доштанд, истодагарӣ кардаанд. Бояд гуфт, ки оромгоҳи мазкур аз макони сердаромад маҳсуб ёфта, дар сайти коргоҳи дафнии «Ритуал» дар Аврупо бузургтарин ба ҳисоб меравад. Майдони он аз 197 га зиёд буда, миқдори қабрҳояш аз 1 миллион ҳам гузаштааст. Кормандони оромгоҳи Хованское ба рӯзноманигорон гуфтаанд, ки муноқиша якчанд моҳ идома дорад ва гурӯҳҳои ҷиноятпешаи қафқозитабор кӯшиши таҳти назорат гирифтани онро барвақт доштаанд. Пеш аз ин ҳодиса низ дар Хованское қазияҳо рух медоданд. Директори собиқи оромгоҳ Михаил Чивилев барои фурӯхтани ҷойҳои дафн моҳи апрел ба муҳлати 1,5 сол зиндонӣ шуда, корманди дигари он барои пинҳон кардани маводи мухаддира дастгир шуда буд.

Бино ба қавли шоҳидони муноқиша, иштирокчиёни он аз боқимондаҳои ҳайкалҳои сари қабрҳо насбгардида ҳангоми задухӯрд истифода бурдаанд…

Паси ин задухӯрд кӣ меистад?
Тибқи иттилои расмӣ, мақомоти қудратии Русия Лечий Яҳёев, марди 42-солаи зодаи Ҷумҳурии Чеченистонро аз саркардагони аслии муноқишаи маргбори қабристони Хованское дониста, мавриди ҷустуҷӯ қарор додааст. Аммо барои мо аламовараш ин аст, ки тибқи иттилоот ҳамроҳи намояндагони гурӯҳҳои ҷиноии қафқозӣ (ва аз таҳрикдиҳандагони асосии муноқиша) ҳаммиллатони мо будаанд, ки тавъам бо бегонагон сари ҳамватанони хеш тохтаанд. Ҳадс ҳам зада шуд, ки бархе аз ҳамлаварон аз толори варзишии воқеъ дар шаҳри Москваи паҳлавони шинохтаи тоҷик Расул Боқиев будаанд. Аммо ин варзишгари маъруф 15 май дар мусоҳибаи хеш ба сомонаи «Радиои Озодӣ» ин иттиҳомотро рад карда, гуфтааст, ки ӯ чунин шеваи «пулкоркунӣ»-ро инкор мекунад ва «луқмаи ҳаром»-ро ҳеҷ гоҳ написандида, сари «тоҷики худ тоҷики дигареро таҳрик нахоҳад дод». Расул Боқиев шиносоии хешро бо иштирокчиёни муноқишаи рӯзи 14 май рухдода инкор карда, гуфтааст, ки онҳоро намешиносад ва дар толори гӯштии ӯ низ тамрин накардаанд.

Аҷибаш ин аст, ки муҳоҷирони бо бел мусаллаҳи тоҷик, ки аз худ ҳимоя кардаанд, бештар аз чеченҳои автоматбадаст зимомдорони русро ба ҳарос овардаанд ва акнун дар шабакаҳои русӣ симои тоҷикон боз шакли манфиро касб кардааст (воқеаи боздошти ду лётчики русро ба ёд оваред, ки марзҳои моро халалдор сохтанд ва мардуми мо чи гуна дар расонаҳои русӣ зери таънаву маломат кашида шуданд).

Суол ба миён меояд: чунин ашхосеро, ки сари ҳамватанони хеш аҷнабиҳоро таҳрик медиҳанд ва онҳоро мавриди таҷовуз қарор додаву аз онҳо «ҳақпулӣ» талаб мекунанд, чӣ гуна бояд номид? Магар инҳо инсонанд?! Ҳангоме ки муҳоҷирони меҳнатии мо бо азобу машаққат дар ғарибӣ баҳри пеш бурдани рӯзгори оилаи хеш заҳмат мекашанд ва мудом таҳти фишори мақомоти қудратии Русия ва нажодпарастон (скинхед)-ҳои сартарошидаи бадмасти рус ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша қарор мегиранд, магар ҳамин бас нест, ки ҳамватанони хеш сари онҳо зӯроварӣ кунанд? Ин «муштзӯрҳо», ба истилоҳ «рэкетҳо»-и ҳаммиллат, ки мутаассифона аз ҷониби бархе аз ҷавонони кишвар мавриди ситоишу мадҳ қарор ҳам гирифтаанд ва зӯри мушташон танҳо сари ҳамватанони бечораи хеш мерасад, магар ҷавонмарданд?! Инҳое, ки ёрои зӯроварӣ кардан ба миллатҳои ғайр надоранду сари ҳамқавмони хеш фишороварӣ мекунанд, магар хоинони миллат нестанд?! Ҳодисаҳои «фурӯхтан»-и ҳамватанони дар кишвари бегона аз ҷониби худи шаҳрвандони мо ба мақомоти қудративу гурӯҳҳои ҷиноӣ, инро чӣ гуна метавон солимона шарҳ дод? Афсӯс, ки чунин ҳодисаҳо кам нестанд…

Чаро бо ин фарҳанги волои гузаштагон, таърихи дурахшону нобиғаҳову абармардони бузургамон, ки ҷаҳониён сари таъзим назди хиради онҳо фуруд овардаанд, имрӯз ҷавонони кишвар шимҳои танг ва «мокасин»-ҳои сурхранг ба бар мекунанду дар маросимҳои арӯсиву домодии мо ба ҷойи рақси мардонаи тоҷикӣ «лезгинка»-и қафқозиро иҷро мекунанд?

Магар вақти он нарасидааст, ки ниҳоди масъул як барномаи мукаммалро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамватанони бурунмарзии хеш таҳия созанд, то оянда чунин ҳолатҳои фоҷиабор рух надиҳанд, ё лоақал кам шаванд?! Русҳо як мақол доранд-«кто посеет ветер, тот пожнёт бурю». Яъне:

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

Баъдан, мо бояд дигар ба афсонаҳое чун «муъмин бародари муъмин аст» бовар накунем. Албатта, чунин консепсияи бародарӣ такя ба ақоиди воҳид хуб аст, аммо таърих исбот карда, ки он як шиори зебое беш набуда, дар масири он ҳеҷ гоҳ ба пуррагӣ пиёда нашудааст. Ҳатто ҷасади Паямбари Ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) сард нашуда, миёни қабоили араб кашмакашиҳову ҷидол сари ҷоҳу ҷалол ва раҳбарияти чун туҳфаи осмонӣ сарашон рехта авҷ гирифта буд. Ҳамин буд, ки аъроб дар муддати кутоҳи таърихӣ сарвариятро дар дунёи Ислом аз даст дода буд. «Муъмин бародари муъмин» ҳамон гуна устураест чун масалан, Испанияи воҳид (ки онро «орзуи шоҳон» меноманд) бо ҳамон Каталонияву Баскония ва Андалусу Кастилияҳои мухолифназараш. Бояд ҳамин нуктаро дарк кард, ки ҷаҳонро на ғояҳои бародарии афсонавӣ, балки манофеи милливу сиёсӣ ва иқтисодӣ идора мекунад ва ин хоси олами муосир набуда, сараввал чунин аст. Барои чечен тоҷик ҳеҷ гоҳ чечени дигар нахоҳад шуд ва аҳсанташ бод-барои ӯ ҳуввияти миллиаш болотар аз устураҳои «бародарист». Ҳамин «бародарони мусалмон»-и доғистониву чечен дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро бо тамасхур «азиат»-осиёӣ меноманд (Кавказ дар Аврупо ҷойгир аст). Хуб, миёни ҳар мардум афроди арзандаву нолоиқ аст-миёни русҳо ва ҳатто ҳамон доғистониву чечен низ, дӯстии миёни миллатҳо чизи муҳим ва зарурист, аммо сараввал мо бояд Тоҷик бошем, ҳуввият ва манофеи миллии хешро ҳифз намоем, сипас сари мизи дӯстиву рафоқат бо ақвоми ғайр бинишинем. Барои ин мо бояд миллати воҳид бошем ва вабои ирсии хеш-маҳалгароиро аз байн бубарем, вагарна ҳар хасу хор, касу нокас сари мо дар оянда низ мушт гиреҳ хоҳанд кард.

Диаспораву намояндагиҳои дипломатии мо дар Русия ба чӣ корҳо машғуланд?
Дигар масъала фаъолияти ҳамон «диаспораҳо»-и мост, ки дар манотиқи гуногуни кишвари паҳновари Русия фаъолият мекунанд ва гуфтаҳои боло оид ба «лезгинка» сараввал ба онҳо дахл доранд. Барои чӣ ин ҷамъиятҳои миллии мо дар хориҷ дар тарвиҷи фарҳанги мо ба ҷавонони маскуни Русия оҷиз мондаанд? Мо одат кардаем, ки доимо ҳангоми ҷашнҳои милливу давлатӣ, аз қабили Рӯзи Истиқлолияту Наврӯзи оламафрӯз гурӯҳҳои телевизионии мо ба Федератсияи Русия сафар намуда, наворҳоеро маърази тамошобинон мекунанд, ки ҳамагӣ аз ситоиши ҷамъиятҳои тоҷикону сарварони онҳо иборатанд (оре, чун аз дастурхони пурнеъмати онҳо нӯши ҷон мекунанду пайсае ба ҷайби онҳо медарояд). «Дар ҷашни мо губернатор ширкат варзид», «муовини губернатор моро бо иди миллиамон табрик кард»-чунин суханҳои тафохуромез аз забони онҳо ба парвоз меоянду чеҳраҳои пурравғани ин нафарон рӯйи ҷаҳоннамоҳои моро «пур» мекунанд,-аммо ин ҷо суоле ба миён меояд: Тӯли инак зиёда аз 20 соли фаъолияти диаспораи тоҷикон чӣ кори дар ҳақиқат арзандаеро ба субут расонидаанд, ки машаққати ғарибии ҳамватанонро каме ҳам бошад, осон кунанд? Чаро сари тарбияи онҳо, нест кардан, лоақал ба пастӣ бурдани сатҳи трайбализм (қавмпарастӣ, маҳалгароӣ), ки мутаассифона хоси ҷамъияти мост, миёни ҳаммиллатони мо дар хориҷ миёнҷигарӣ накардаанд? Шояд иллат дар ин бошад, ки худи диаспораҳо аз рӯйи принсипи трайбализм созмон дода шудаву идора карда мешаванд?

Қазияи дигар фаъолияти сафорату консулгариҳои мо дар Русия аст. Чаро ин намояндагиҳои дипломатии мо аксар ҳолат мавқеи пассивро ишғол мекунанд? Магар ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони мо дар хориҷ рисолат ва вазифаи ҷонии онҳо нест? То ба кай шумораи қурбониҳои мо дар ғарибӣ ба ҳадди аъло мерасад, ки мо ҳушёр шавему аз хоби гарон бихезем? Ҳангоме, ки пасттарин бадмасти рус ва ё ҷинояткори қафқозӣ ба занони мо дасти зӯровариву таҷовуз дароз кунанд? То ба кай ин «камонмардон»-и худкуши бегонапараст, хонашери майдонғариби мо сари ҳаммиллатон мушт гиреҳ мекунанду аз ҷазо эмин мемонанд? Чаро мо шахсияти ин нафаронро мавриди таҳқиқ қарор намедиҳем ва чеҳраи манфуру номҳои инҳоро ошкор намекунем, то ҷомеаи мо бидонанд, ки ин «шерон»-и сари тоҷикон ва рӯбаҳони назди қафқозиҳову дигар миллатҳои ғайр кистанд?

Сӯзи дили мо сари ин масъала аз ҳолатҳои навин нест, ки имрӯз моро андӯҳгин кардааст. То он даме, ки мо пайваста сари минбарҳо суханҳои баланд мегӯему бешармона аз тариқи ҷаҳоннамо оиди дастовардҳо дар самти муаррифии миллат (диаспораҳо) дар хориҷ жожхойӣ мекунем, гумон аст, ки чунин ҳаводиси нанговар шумораашон коста шавад…
Азамат Дӯстов
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин