Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 09:38 – Баргузории ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 17:44 – ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ НАҚШИ НАЗАРРАС ДОРАНД 
  • 17:42 – Филми коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии Голливуд соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардид 

Порае аз ҳаёти як модар

Порае аз ҳаёти як модар
Ба хотири инъикоси истиқболи ҷашнвораҳои 700-солагии мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 70-солагии Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил эълон гаштани шаҳри Кӯлоб, бо супориши идораи ҳафтанома ба шаҳри бостонии Кӯлоб сафар намудам. Дар ин рӯзҳо шаҳри Кӯлоб воқеан ҳам як шаҳри фарҳангиро мемонд. Ба иборае, ид болои ид буд. Хиёбонҳои шаҳр пур аз одам, гӯиё ҳама ба тамошои шаҳр баромада буданд.

Аз рӯи одат ва анъанаи неки тоҷикӣ маро ба хонадони яке аз оилаҳои намунавии шаҳри Кӯлоб ба меҳмонӣ даъват намуданд. Чароғи ин хонадон Аслбӣ Шарифова, ки бисёр ҳам як зани ҳалиму меҳрубон будааст, "хуш омадед" намуда, як чойник гиёҳчойро оварда рӯи мизи хӯрокхӯрӣ гузошт ва аз он ба ман як пиёла дароз намуда, гуфт; "Бачаҷон, Шумо аз роҳи дур омадаед аз ин чой гиред, хастагиро рафъ мекунад. Худатонро заррае нороҳат ҳис накунед, тасаввур кунед, ки дар хонаи худатон ҳастед".

Аз суҳбат бо Аслбӣ Шарифова ҳис намудам, ки ӯ як зани ватандӯсту меҳнатқарин аст ва бо истифода аз фурсати муносиб дастгоҳи сабти овозро ба кор дароварда, суҳбатро бо ӯ идома додам.

Муаллима зимни шиносоӣ шӯхиомез гуфт: "Ман аслан зодаи кӯҳистон ҳастам". Ӯ соли 1940 дар деҳаи Боғгаии Поёни ноҳияи Мӯминобод, дар оилаи Шарифхӯҷа Раҳимов - котиби комиҷроияи ноҳияи Дарвоз таваллуд шуда аст. Дар он шабу рӯз падараш бо супориши ҳизб барои кор ба водии Кӯлоб меояд. Муаллима маълумоти миёнаро дар ноҳияи Мӯминобод ва дар шаҳри Кӯлоб аз бар мекунад. Ба хотири он ки ӯ яке аз толибилмони пешқадами мактаби ибтидоӣ будааст, як сол қабл аз хатми мактаби миёна (соли 1954) соҳиби номаи камол мегардаду ҳамзамон ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб супорида донишҷӯ мешавад. Тавре А.Шарифова нақл мекунад, "он солҳо на ҳама барои идомаи таҳсил ба духтарҳо иҷозат медоданд. Ман ҳамеша хоҳиши таҳсил карданро доштам ва раҳматии падарам маро дастгирӣ мекарданд, ки таҳсилро идома дода, илм омӯзам". Муаллима омӯзишгоҳро бо дипломи сурх хатм намуда, бо тавсияи наздикон, вале бо дили нохоҳам ҳуҷҷатҳои худро ба факултети физика ва математикаи Институти педагогии шаҳри Кӯлоб ҳозира Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ месупорад. Тавре худи ӯ қисса мекунад; "Росташро гӯям, гарчанде ки шахсони наздиктаринам тавсия дода буданд, ки таҳсилро дар факултети физика ва математика идома диҳам, аммо ҳуҷҷатҳоямро бо дили нохоҳам ба он ҷо супоридам, зеро бисёр мехостам, ки дар риштаи забон ва адабиёт таҳсил кунам. Вале ба бахти ман худи ҳамон сол институтро бастанд ва баъд аз як сол дубора ба фаъолият оғоз карду ман ин навбат бо хоҳиши худ ба факултети забон ва адабиёт дохил шудам".

Акнун давраи донишҷӯӣ барои Аслбӣ Шарифова воқеан ҳам як давраи тиллоиро мемонд. Зеро вақте ӯ маротибаи аввал ба факултети физика ва математикаи Институти педагогии шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷат месупорад. Шариф Раҳмонов, декани ҳамонвақтаи факултети мазкур бо як нигоҳ ба вай дил медиҳад, ки на як бору дубор, балки ҳафт маротиба ба хонаи онҳо хостгор мефиристад. Чунончи муаллима нақл мекунад; "Муаллими Шариф солҳои дар омӯзишгоҳ таҳсил намуданам, ба иборае маро таги чашм кардааст, инро баъд аз хонадоршавиямон қоил шуд. Ӯ ҳафт маротиба волидайни худро ба хонаи мо фиристод ва бо хости Худо оила барпо намудем".

Порае аз ҳаёти як модарДар омади гап пурсидам, ки маросими хонадоршавиятон чӣ тавр сурат гирифт? Муаллима лабханд зада, гуфт; "Тӯйи мо хеле ҷолибу хотирмон гузашта буд, ки ҳеҷ аз хотирам намебарояд. Тобистони соли 1959, пас аз хатми омӯзишгоҳ тӯй шуда будам. Он солҳо мисли ҳозира мошинҳои зебову гаронарзиш набуд. Маро ба мошини калон (бортавой) буданд. Шодравон Одина Ҳошим даъватӣ буд, ки ҳамон солҳо дар байни мардум маҳбубият пайдо карда буд". Чун муаллима рӯзҳои рафтаро пеши назар оварда нақл мекард, бо завқ ханда карда гуфт; "Як ҳодисаи аҷиби дигар низ ҳеҷ аз ёдам намеравад. Вақтҳои пеш хешу табор ҳамчун ҳадяи тӯй буз ё гӯсфанд меоварданд. Хешу табори домод тахминан 7-8 буз меоранд, бародари шавҳарам, ки бисёр як марди шухтабиат буд, ҳамаи бузҳоро ба моли қишлоқ якҷоя мекунад. Бегоҳӣ ягон буз ба хона барнамегардад ва ба ману шавҳарам шӯхиомез гуфтанд, ки "таёқу чароғро гирифта ба бузковӣ бароед".

Муаллима мегӯяд, ҳамаи бурду бохташро аз раҳматии шавҳараш мебинад ва дар зиндагӣ ӯро роҳкушову роҳнамои худ медонад. Ӯ ба шавҳраш "Муаллим" гуфта муроҷиат мекардааст. "Бовар надоштам, ки пас аз ба шавҳар баромадан таҳсилро идома медиҳам, зеро гумон мекардам иҷозат намедиҳад. Хушбахтона, инхел нашуд. Агар муаллим одами нофаҳму каҷрав мебуд, барои сабзидани ман имконият намедод. Ӯ дар тамоми бурду бохти ман саҳм дорад, зеро бар замми серкор буданаш дар корҳои хона ва таълиму тарбияи фарзандон ба ман кӯмак мекард. Мо бештар дар таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ медодем ва падарашон дар ин масъала бениҳоят сахтгир буданд". Маҳз ҳамин таваҷҷуҳу сахтгириҳои волидайн буд, ки шаш фарзанди ин хонадон-Фирӯза, Бахтиёр, Сурайё, Наргис, Суханоро ва Содиқҷон соҳиби маълумоти олӣ гашта, имрӯзҳо ба халқу ватани худ содиқонаву софдилона хизмат карда истодаанд.

Аз гуфтаҳои муаллима воқиф шудам, ки замони Шӯравӣ дар водии Кӯлоб қариб тамоми боғчаҳои бачагонаро занҳои рус идора мекардаанд. Аслбӣ Шарифова, ки дар ин шабу рӯз, аллакай ба як зани пешқадами ҷомеа табдил ёфта буд, бо тавсияи Мирзо Бегматов ва Оиша Сарварова роҳбарони вақти кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳри Кӯлоб мудири боғча таъйин шуд. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ бо кордонии худ исбот кард, ки занҳои тоҷик низ аз уҳдаи ин гуна корҳо мебароянд. Ва ӯ аз соли 1967 то 1975 дар ин вазифа кор кардааст. Баъдан то соли 1980 дар китобхонаҳои вилоятӣ ва чанд мактаби дигари водии Кӯлоб фаъолият карда, дар ҳама чорабиниҳои хурду бузурги шаҳриву вилоятӣ фаъолона иштирок мекард. Ҳамин тариқ, соли 1980 Аслбӣ Шарифова муовини раиси комиҷроияи шаҳри Кӯлоб таъин мешавад. Вай тайи солҳои дар ин вазифа кор карданаш як идда корҳои бузургеро ба сомон расонидааст ва яке аз корҳои муҳими анҷомдодааш ин аст, ки худи ӯ чунин қисса мекунад. "Солҳои ҳаштодуми асри гузашта хурӯҷи хурофот ва таассуби диндорон ба авҷи аъло расида буд. Мардум дар маросимҳои динии худ исрофро ба ҳадди ифрот расонида буданд. Дар ҷанозаҳо маросими "Сари тахтагӣ" ва "Иртиш" зиёд дида мешуд ва маълум буд, ки мо бо қувваи худ пеши роҳи ин харҷҳои зиёдатиро гирифта наметавонистем. Рӯзе мулло Ҳайдар Шарифзодаро бо устодаш - мулло Қосим, ки ҳарду аз шахсиятҳои маъруфи давр буданд, ба утоқи корӣ даъват кардам ва барои баргузории як конфронс сари ин мавзӯъ суҳбат кардем. Дар он шабу рӯз баргузории чунин як конфронс чандон кори осон набуд. Аммо ман кӯшиш карда бо ҳама забон як кардам. Хулоса конфронсро баргузор намуда, муллоҳоро даъват кардам ва ин масоилро мавзӯи баҳс қарор додем. Пас аз баргузории конфронси мазкур то ҷое муваффақ ҳам шудем, зеро то дараҷае роҳи таассуб ва хурофот гирифта шуд. Аммо бо ин кори мо анҷом наёфт. Он замон андак -андак бӯи тарғиби идеологияи бегона бо дасти муллоҳо ба машом мерасид. Ҳатто, дар миёни хонандагони макотиб афроди майлпайдокарда ба ин ҷараёнҳои иртиҷоӣ ба чашм мерасид ва дар дасти онҳо васиятномаву насиҳатномаи аз он дунё гӯё фиристодаро медидем ва ба ҳамин тартиб пеши роҳи ин зуҳуроти номатлуб низ гирифта шуд".

Ин зани кордон дар давоми фаъолияти пурсамари худ дар хориҷ аз кишвар дар чандин маҷлисҳои партиявӣ бо либоси миллии тоҷикӣ Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст. "Ман дар бузургтарин маҷлисҳои ҳизбӣ дар шаҳрҳои Москва, Минск, Киев ва Ригаву Вилнюс бо либоси миллии тоҷикӣ ширкат карда, аз тоҷику тоҷикистонӣ будани худ ифтихор мекардам".

Ҳамин тариқ, Аслбӣ Шарифова фаъолияти худро ҳамчун директори мактаби рақами 9-и шаҳри Кӯлоб ба анҷом расонидааст. Ӯ дар тӯли фаъолияти омӯзгории худ шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст, ки имрӯзҳо дар вазифаҳои баланди давлатӣ фаъолият доранд.

Маҳз самараи чунин хизматҳои намоёнаш буд, ки ӯ соли 2014, тибқи квотаи президентӣ ба зиёрати хонаи Худо мушарраф шуд. "Ман ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хусус ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён мекунам, ки хизматҳои ночизи маро ба инобат гирифта, бе ягон тамаъу харҷи зиёдатӣ ба зиёрати хонаи Худо фиристоданд. Ман дар он макони муқаддас даст ба дуо бардошта, дар ҳаққи давлату миллати худ дуо кардам, ки ҳамеша тинҷу ором бошад".

Муаллима дар интиҳои суҳбатамон суханашро идома дода, гуфт: "Ман ҳамчун собиқадори ҳизбу меҳнат бо дар назардошти хизматҳои шоёни фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди Модар-Ватан, пешниҳод месозам, ки он кас ба унвони "Пешвои миллат" сарфароз гардонида шавад".

Имрӯзҳо Аслбӣ Шарифова яке аз чеҳраҳои намоёни вилояти Хатлон маҳсуб меёбад, ки бо хизматҳои шоистаи худ дар байни мардум обрӯю нуфузи хоса дорад.

Инак, муаллима чанд солест, ки дар нафақаи давлатист. Ӯ ҳоло 75 сола аст ва дар сояи давлати фарзандонаш бо шукргузорӣ аз тинҷиву оромии кишвари азизамон давлати пирӣ меронад. Вале сарфи назар аз ин дар байни мардуми минтақаи Кӯлоб таблиғгару тарвиҷгари сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз таҷрибаи бою ғании сиёсӣ ва оиладории худ барои амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" истифодаи ҳамаҷониба мебарад.
Ибодуллоҳи ТОҲИР, Душанбе, Кӯлоб, Бознашр аз ҳафтаномаи “Минбари халқ”, №38, (1017) 16.09.2015
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин