Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:42 – Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:21 – АРСАИ НОМУСУ НАНГ 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 

Зарурат ба шахсият ва се омили муайянкунандаи он

Зарурат ба шахсият ва се омили муайянкунандаи он
(Дар ҳошияи мақолаи С. Ятимов «Равоншиносии ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ»)

Дар мақолаи С. Ятимов «Равоншиносии ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» дар баробари масоили дигари иҷтимоӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ бо назардошти рушди психологияи миллӣ зарурати Пешвои миллӣ дар давраи тақдирсоз аз назари фалсафию иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст.


Муаллиф эҳтиёҷ ба Пешвои миллиро чун зарурияти мубрами таҳкими давлати миллӣ ва якпорчагию субот таъкид карда қайд мекунад: «Қаҳрамонӣ ва ҷонфидоиҳои фарзандони сарсупурдаи миллат ба хотири ҳифзи марзу бум, якпорчагии сарзамини аҷдодӣ ва эҳёи давлати миллӣ, ҳамчун намунаи олии рафтори ватанхоҳона дар ин раванд аз муҳимтарин омилҳост. Аммо, эътирофи он нукта зарур acт, ки мушкилтарин масъала барои халқу миллатҳо доштани сарвар, шахсияти воқеан таърихӣ бо тавоноии таъмини якпорчагии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу субот ва ягонагии миллат дар давраи фоҷеабори таърихӣ мебошад. Дар ҳама давру замон, махсусан дар лаҳзаҳои ниҳоят мураккаб ва тақдирсоз, миллатҳо барои доштани Пешво, Сарвари бо тавонмандии комил эътирофгардида ва Роҳнамо ниёз доштанд».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бемуболиға, яке аз шахсиятҳои бузурги таърихи халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Ӯ аз марзи шахсияти миллӣ берун баромада, аллакай чун шахсияти сатҳи байналмилалӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуд. Дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳон давлати ҷавони тоҷик ба чунин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ниёз дорад. Дар таҳкими пояҳо ва устуворсозии бунёди давлати миллӣ маҳз Пешвои миллӣ чӣ дар арсаи дохилӣ ва чӣ дар арсаи байналмиллалӣ рисолати таърихиро иҷро мекунад.

Таҳлили амиқи фаъолияти бисёрсоҳаи сиёсатмадори барҷаста Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналхалқӣ ва дохилӣ баррасии васеъро талаб меку¬над. Ба арсаи сиёсат омадани эшон дар таърихи навини халқи тоҷик падидаи нодире буд, ки ватанпарасте дар шароити душвор ба майдон омад, дар гирудори ҳаводиси мураккаб обутоб ёфта ва бошандагони Тоҷикистон соҳиби Пешвои миллат гардиданд. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси симои барҷастаи сиёсӣ аз ҷониби сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Академик Евгений Примаков дар бораи сарвари кишвари мо навишта буд: «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои зиёдест, ки роҳбарии ҷумҳуриашро ба зимма дорад ва мамлакатро бо роҳи дуруст бурд. Ҳамчунин, вай дар муътадилсозии авзои дохилӣ мусоидат намуд».

Президенти Федератсияи Русия Владимир Пу¬тин хизматҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун намуна барои роҳбарони халқҳову мамолики дигар таъкид намуда гуфт: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд.».

Лозим ба ёдоварист, ки баргузор гардидани иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанди бостонӣ ва ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон рӯйдоди тақдирсозе буд, ки миллати тоҷикро аз вартаи буҳронӣ рахо сохта, тамомияти арзии кишвар, ваҳдати миллӣ ва бунёди давлатдории тоҷиконро дар охири қарни XX таъмин намуд.

Вакте сухан аз истиқрори Сулҳу субот ва Ваҳдат меравад, қабл аз ҳама мо бояд омилҳоеро муайян намо¬ем, ки дар истиқрори Сулҳу Ваҳдати миллӣ ва раванди созандагию бунёдкорӣ нақши ҳалкунанда бозидаанд. Маъмулан, дар ин замина се омили муҳимтаринро метавон зикр кард.

Якум, омили шахсият, ки мақоми шахсияти Асосгузо¬ри сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозии сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ ба ду оми¬ли дар зер номбаршуда баро¬бар аст ва дар баъзе мавридҳо нақши ҳалкунандаро низ бозида буд.

Дуюм, омили айнӣ, ки ба иродаи халқи тоҷик ва табиати сулҳофарини ӯ иртиботи мустақим дошта, сиёсати оштии миллиро пайгирона ҷонибдорӣ намуд;

Сеюм, омили байналмилалӣ, ки ба сиё¬сати сулҳҷӯёнаи кишварҳое вобастагӣ дошт, ки дар барқарор намудани сулҳ дар сарзамини тоҷикон манфиатдор буданд ва ҳар кадоме аз ин кишварҳо дар истиқрори сулҳи бебозгашт саҳми арзандае гузоштаанд.

Тавре маълум аст, Тоҷикистон бо киш¬вари ҳамсояи ҷангзада Афғонистон дар тӯли зиёда аз ҳазор километр сарҳад дорад. Ҳифзи сарҳад заиф шуда буд ва табиист, ки дар даврони буҳронӣ ва пурфоҷиа, ки тақдири халқ дар вартаи парешонӣ ва ноумедӣ афтода буд, ба чунин шахсияте зарурат пайдо шуд, ки халқро бо амал ва кору фаъолияи пурсамари худ ба ояндаи нек умедвор созад.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро он вақт лозим буд, ки борҳо ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба нукоти доғи ҷумҳурӣ сафар намояд, ғояҳои сулҳофаринии худро ба мардум расонад. Таваҷҷуҳ ва дили мардуми озурдахотирро нисбати сиёсати давлати марказӣ гарм намуда, тафаккури оштӣ ва созишро дар ҷомеъа бедор созад ва таҳким бахшад. Ҷомеаи дар он давра парешон ва ба манотиқи муқовимат табдилёфтаи ҷанубу шарқи Тоҷикистон таҳти таъсир ва нуфузи ғояҳои мухталифи сиёсӣ қарор дошт. Бо давлати марказӣ робитаи камтар до¬штанд, роҳҳо ва пулҳо хароб гардида буданд. Як қисми мардум аз фаъолияти Ҳукумати марказӣ иттилооти каме дар ихтиёр доштанд. Боварии як қисми қишри чомеа низ бар асари бесарусомониҳо нисбат ба ҳукумат коста шуда буд. Дар ҳамин гуна шароити буҳронӣ танҳо шахсияте метавонист, ғояи асосии худро ғояи сулҳ эълон намояд, мардумро сарҷамъ кунад ва дар ақлу зеҳни ҳар як сокини кишвар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ва ифтихори ватандориро бедор намояд. Аз иҷрои ин вазифаи бузург ва пурмасъулият Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ баромад. Аз ин рӯ, халқ дар шахсияти ӯ роҳбар ва сарвари олиҳиммати худро пайдо намуд.

Комёбиҳои назарраси ин ё он кишварро ба ин ё он шахсият нисбат дода, дар натиҷа шахсияти роҳбар ба дараҷае бардошта мешавад, ки ҳатто аз заминаи воқеӣ дур шуда, ба дараҷаи ғайритабиӣ расонда мешавад ва дар ҷомеа тафаккури шахспарастӣ зуҳур мекунад. Вале нақши шахсияти Эмомалӣ Раҳмон бо кору фаъолияти амалии худ чун лидери эътирофшудаи умумимиллӣ чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар арсаи ҷаҳонӣ маъруфият пайдо на¬муд. Вазъи фалокатбори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҷанбаи маҳалгароӣ низ дошт, зарурати зуҳури лидери умумимиллиро ба вуҷуд овард.
Назрӣ Офаридаев, доктори илмҳои филология, профессор, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин