Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – РУҶЎЪИ ЯТИМИ КУЛЛ 
  • 11:08 – ТАҶАЛЛИИ ЯКДИЛӢ ДАР ОИНАИ ДӮСТӢ 
  • 16:26 – МАҚСАД БО ҶОИ КОР ФАРО ГИРИФТАН АСТ 
  • 11:26 – АЗ ИСТИҚЛОЛИЯТУ ОБОДИИ ВАТАН ТО РУШДИ САЙЁҲИЮ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ 

Инсоне, ки 256 сол умр дидааст…

Инсоне, ки 256 сол умр дидааст…
Дар таърихи зиндагиномаи инсонӣ одамоне, ки умри дароз дидаанд, ниҳоят каманд, Мо танҳо дар мифҳо, афсонаҳо борҳо хондаем, ки зумраи аз одамон зиёда аз 500 сол умр дидаанд, аммо ин афсона аст.

Ли Чинг Ван соли 1677 дар вилояти Сичуани Чин ба дунё омада соли 1933 олами фониро падруд гуфта, 256 сол умр дидааст.

Дар баъзе аз махазҳои таърихӣ синну соли ӯро 190 сол нишон медиҳанд. Аммо асос ва далелҳои таърихе ҳастанд, ки таваллуд ва фавти ӯро амиқ нишон медиҳанд, яъне Ли Чинг Ван соли 1677 ба дунё омадаву 6-уми майи соли 1933 ин оламро падруд гуфтааст.

Ин марди дарозумр аз синни 10 солагӣ сар карда ба ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш машғул будааст ва тамоми умри бобаракати худро ба фурӯши гиёҳҳои табобатӣ бахшидааст. Дар чил соли умраш парҳезгарӣ аз гиёҳҳо намудааст ва танҳо аз гиёҳҳои линҷӣ, модарон ва ғурраҳои гиёҳи лоҷӣ, ки танҳо дар Хитой мерӯянд истифода бурдааст.
Соли 1749 дар синни 71 солагияш ӯ шомили артиши Чин шуда, ба афсарон санъати ҳарбу зарби ҷангиро нишон медод.

Ин марди дарозумрро тамоми мардуми Хитой дӯст дошта эҳтиром мекарданд ва меболиданд, ки инсони афсонавие дар ватани онҳо зиндагӣ мекунад.

Ли Чинг-Ван дар давоми умри худ 23 маротиба хонадор шуда, соҳиби 200 фарзанд шудааст.

Мувофиқи нишондоди махазҳои таърихӣ Ли аз хурди китоб хондан, навиштан ва сафар карданро дӯст медоштааст. Ҳанӯз аз айёми наврасӣ ба шаҳрҳои Гансу, Шансӣ, Тибет, Аннам, Сиама ва Манҷурия сафар карда, аз мардумони ин сарзаминҳо мазмунҳои зиёдеро барои худ гирифтааст.

Ба гуфти яке аз шогирдонаш Ли Чинг-Ван боре ба марде во мехурад, ки панҷсад сол умр доштааст ва ба Ли усули табобатии чинии тарзи дуруст нафас кашидан (сигун) ва парҳезкориро нишон додааст.

Боре аз Ли сирри дарозумрияшро пурсиданд ва ӯ чунин посух додааст:

«Инсон бояд қалбашро ҳамеша ором нигоҳ дораду чун сангпушт хомуширо авло донад ва ҳамчун кабутар парвоз карда, мисли вафодор хоб равад. Ин аст сирри дарозумрии ман».

Вақте, ки ӯро марг пайгирӣ кард Ли Чинг-Ван чунин мисраҳоро ба забон оварда охирон бор гуфт: «Ман дар ин дунё вазифаи инсониямро анҷом додам, акнун ба манзили абадиям меравам».
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин