Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:42 – Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:21 – АРСАИ НОМУСУ НАНГ 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 

Б.Собир дар бораи Пешво, либоспӯшии ғайритоҷикӣ ва Мулло Абдуллою мухолифони исломӣ

Б.Собир дар бораи Пешво, либоспӯшии ғайритоҷикӣ ва Мулло Абдуллою мухолифони исломӣ
Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик дар бораи нақши Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон, исломиёни мухолифи ҳукумат, либоспӯшии сиёҳи ғайритоҷикии бархе аз занон ва худшиносии миллию тарроҳони нооромиҳо дар кишварҳои ҷаҳон изҳори назар кардааст. Бозор Собир дар суҳбат бо хабаргузории давлатии “Ховар” Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистонро ҳазорҳо бор арзандаи унвони Қаҳрамон ва Пешвои Миллат хонда, изҳор доштааст, ки агар афроде мисли Абдуллоҷонов ва Мулло Абдулло сари қудрат меомаданд, ҷумҳурӣ кайҳо аз даст рафта буд.

Мусоҳиба бо шоири маъруфи тоҷикро harakat.tj бидуни тағйир аз сомонаи “Озодагон” пешниҳоди хонандаҳо мекунад:

Суол: Истиқлол ин орзуву омоли мардуми мо, бахусус аҳли зиёи кишвар буд. Ва Тоҷикистони моро имрӯзҳо дар ҷаҳон ҳамчун як кишвари соҳибистиқлол эътироф кардаанд. Мафҳуми «истиқлол» аз нигоҳи Шумо

Бозор Собир: Воқеан ҳам истиқлол орзуву омоли садсолаи мардуми тоҷик буд, бахусус аҳли зиёи кишвар. Барои ба истиқлол расидан ва мақоми забони давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ насли замони мо бисёр талош ҳам кард. Вале дар солҳои аввали ба истиқлол расидан моро фиребу гумроҳ карданд, ба майдонҳо кашиданд, бародар бо бародар даст ба гиребон шуд. Ман борҳо гуфтам, боз ҳам мегӯям, ки моро фиреб доданд, мо ки саводи дурусти сиёсӣ надоштем, зуд ба доми фиреби гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтодем. Акнун ин мардум дигар таҷрибаву сабақ гирифтаанд, бояд ҳушёртар бошанду дубора ба доми ин гунаҳо, ки бо сенарияҳои нав ба нав зуҳур кардан мехоҳанд, наафтанд, бахусус ҷавонон. Тоҷикистон дар муқоиса бо давлатҳои ҳамҷинси хориҷиаш пешрафтатарин ҷумҳурист. Алалхусус дар соҳаи маорифу маданият, ободонӣ ва озодии занон. Озодии занони моро, ки асосан мероси Шӯравист, занони Шарқи исломӣ орзу ҳам карда наметавонанд. Ва ҳамин ки иншооти бузурги аср, ифтихори миллати тоҷик-НБО-и «Роғун» ба кор дарояд ва корхонаҳои саноатӣ боз ҳам бештар бунёд шаванд, истиқлоли мо комилтар мешавад.

Суол: Ба андешаи Шумо чӣ гуна метавон ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар вуҷуди инсонҳо, бахусус насли ҷавони мо бедор кард?

Бозор Собир: Миллате, ки худашро намешиносад, поруест, ки дар он миллатҳои дигар месабзанд. Худшиносӣ аввал дар оила ва мактаб, сониян дар муҳит тарбият мешавад. Вале аз бунёд масъулияти муқаддаси давлатист. Агар худи давлат намуна набошад, коре карда намешавад. БОМЖ-и амрикоӣ бо ранги зард, бо ишками варамида, бо дандонҳои шикаставу рехта дар ҷилу ҷанда печида, дар зери кӯпрук ё дар таги барфу борон дар паркҳо зиста, бо Амрико мефахрад. Чунки ӯ бо ҳамин ифтихор таваллуд шудааст. Падару модар ва мактаб сарчашмаи бедории миллӣ ва ватандӯстӣ барои насли ҷавонанд. Вақте худи падар ё модар дар тинат худшинос ё худогоҳ нест, магар аз насли ӯ бӯи умед аст? Ҳаргиз не! Агар аз наслу аҷдоду авлодаш огаҳ бошад, ба фарҳанги либоспӯшиву ахлоқи миллатҳои дигар пайравӣ мекунад? Аз либоспӯшии сиёҳи ғайритоҷикии бархе аз занон ва тозаву озода набудани сару рӯйи ҷавонписарони кишвар, ки гоҳ-гоҳе мебинам, бисёр афсус мехӯрам, ки чаро чунин бошад? Чаро занони кишварҳои ҳамсоя орзуи озодии занони тоҷикро мекунанду инҳо баръакси ҳол амал мекунанд? Ин аст магар худшиносӣ? Не, албатта.

Суол: Баъзе бадхоҳони миллат то ба имрӯз талош доранд, ки нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ поён баранд. Оё онҳо метавонанд дубора суботи кишвари моро халалдор созанд?

Бозор Собир: Мухолифини ҳукумати мавҷудаи Тоҷикистон асосан исломиҳоянд, яъне идомаи ҳамон мухолифони собиқ. Вале дониста бошанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ муваффақ нахоҳанд шуд. Қаблан тоҷикон маҳдуд буданд, дӯсту душманро намешинохтанд, вале акнун нағз мешиносанд ва хеле оламу одамдида низ шуданд. Албатта, онҳо талош доранд, ки бо сенарияҳои нав ба нав вориди кишвар шаванду мардумро гумроҳ созанд, вале тирашон хато мехӯрад, ин тоифа барои сарвату мансабу кисаҳои худашон кор мекунанд. Дигар онҳо на дар фикри давлатанду на дар фикри миллату мардум.

Суол: Шумо дар як шеъри тозаэҷодатон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро Қаҳрамони ваҳдати тоҷикон унвон кардаед. Аз нигоҳи Шумо нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу Ваҳдати тоҷикон аз чӣ иборат аст?

Бозор Собир: Мо ҷангандозҳоямонро мушаххасан баъд аз табаддулоти Ироқ, Либӣ, Миср ва майдонҳои Украина шинохтем. Сенарияи ин спектакли хунинро душманони дохиливу хориҷӣ навишта буданд. Марказҳояшон куҷост, медонем. Дар Сурия низ айни ҳамин фоҷеа идома дорад. «Давлати исломӣ» ҳамон лагери террористии Бин Лодан аст, ки дар вақташ бар зидди СССР барпо карда буданд. Агар дар Тоҷикистони мо низ ҳамон солҳо мисли Абдуллоҷонов ва Мулло Абдулло барин нафарон сари қудрат меомаданд, ҷумҳурӣ кайҳо аз даст рафта буд. Яке далкаки сионизм, яке далкаки пантуркизм ва дигаре далкаки панисломизм будааст. Вақт нишон дод. Хайрият ҷумҳурӣ ба дасти шахсе расид, ки ба ҳеҷ идеологияи иртиҷоӣ олуда нест. Яъне, нақши барҷастаи Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон беш аз ҳама дар он аст, ки ҷумҳуриро бехалал нигоҳ дошта тавонист. Як ҷавони 40-сола аз байни мардум баромад, мардумӣ буд воқеан, дӯсташ доштанд, аз ягон мактаби партиявӣ нагузашта буд, сарвар интихобаш карданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардум бисёр эҳтиром мекунанд, чунки бисёр як инсони хоксору оддӣ ва раиятпарвар аст. Ӯ ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ва Пешвои миллат ҳазор бор арзандаю сазовор аст. Дар фарҷоми суҳбатамон мехоҳам ҷашни бузурги 25-солагии Истиқлолияти давлатиро ба тамоми мардуми азизам муборак гӯям ва бигузор самои Ватани мо ҳамеша офтобӣ бошад.
ozodagon.com
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин