Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:46 – НАҚДИ ТААССУБГАРОӢ ДАР АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ФОРС - ТОҶИК 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 13:31 – ДАСТОВАРДҲО МОРО БА КОР ДИЛГАРМ МЕКУНАД 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 

Шахсияте, ки асри моро дигаргун сохта…

Шахсияте, ки асри моро дигаргун сохта…

Чанд андеша дар ҳошияи китоби Зафар Сайидзода «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ»

Зафар Сайидзода яке аз олимони намоёни тоҷик ва сиёсатмадори варзидаю маъруф буда, солҳои тўлонист, ки ҳамчун ҳамсафи некхоҳу вафодор ҳамроҳи Сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вазифаҳои масъултарин мушовири калони Президенти Тоҷикистон роҷеъ ба сиёсати хориҷӣ ва масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ содиқона фаъолият менамояд.
Асари ҳаҷман калону диққатангези навбатии ин олими сермаҳсулу ташаббускор «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ» номида шудааст, ки ин барои олимону омўзгорон, сиёсатмадорон, хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисони сершумори соҳаҳои мухталиф туҳфаи арзандаест барои ҳамаҷониба тарғиб намудани фаъолияти пурсамару ибратангези Президенти мамлакатамон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки он ба ҷашни пуршарафи 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ бахшида шудааст.
Ба туфайли ин ҷашни фархунда дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо заводу фабрикаҳо, корхонаҳои калонтарин, НБО-ю нақбҳои сершумор, мактабҳои намунавию қасрҳои фарҳангии замонавӣ сохта шуданд, ки дар онҳо ҳазорон нафар ҷавонон садоқатмандона кор карда истодаанд. Инчунин некуаҳволии мардум низ хеле беҳтар гардид. Дар ин комёбиҳо нақши бузурги Пешвои миллат, инсони дорои ақли табиии истисноӣ ва наҷобат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар лаҳзаҳои басо душвору хатарнок дар раъси ҷумҳурӣ истода, онро ба суботи назму қонун овардааст, аз бисёр ҷиҳат натиҷаи ҷидду ҷаҳд ва фаъолияти шабонарўзӣ ва хастанопазирии ин шахси хирадманду фидокор мебошад.
- Хеле муҳим аст, – қайд мекунад муаллифи китоб Зафар Саидзода, – шахсиятҳое, ки зиндагии худро ба хотири ормонҳои баланд ва асили миллӣ бахшидаанд ва хидматҳои фидокорона барои қавму миллати хеш кардаанд, сарчашмаи илҳом ва неруи маънавӣ мебошанд. Агар ин китоб ба насли ҷавон дар дарки бештари ин ҳақиқати бебаҳс, ки тоҷикистониён ба шарофати хидматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон муваффақ ба эҳёи давлатдории миллии хеш шуданд ва бо идома додани роҳе, ки ў башоратгари он аст, ба дастовардҳои беш аз ҳоло муваффақ хоҳанд шуд, кумак расонад, мо худро беҳад сарфароз меҳисобем.
Ҷолиби қайд аст, ки китоби калонҳаҷми олими намоён З.Сайидзода чун эпиграф бо сухани сеҳрноки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолият – рамзи гўёи озодии миллат ва кишвар аст» оғоз ёфтааст.
Аз ин ҷост, ки озодиву истиқлол барои ҳал миллат дастоварди муқаддас ба шумор мераванд. Миллати тоҷик дар тўли садсолаҳо бо ормони давлати мустақили миллӣ зиндагӣ ба сар мебурд ва дар тўли ин ҳама даврони тўлонӣ ҷони садҳо фарзандони содиқу меҳанпарасташро аз даст додааст.
Даҳҳо миллатҳо бо вуҷуди доштани собиқаи таърихӣ, анъанаву русуми хоси миллӣ, забону адабиёти боровар ва фарзандони шуҳратманди худ аз неъмати соҳибдавлатӣ бебаҳраанд ва бо ҳасрат зиндагӣ ба сар мебаранд. Бинобар ин, мо ҳамеша бояд шукргузор бар саодати соҳибдавлатӣ бошем ва фарзандони худро низ дар руҳияи сарфарозӣ ва ифтихор аз давлати соҳибистиқлол доштан парвариш намоем.
Муҳаққиқи барҷаста З.Сайидзода хотирнишон менамояд: Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳамаи давру замон дар лаҳзаҳои ҳассостарин ва сарнавиштсоз маҳз шахсиятҳои истисноӣ ва неруманду шуҷоъ масъулияти наҷоти Ватану миллатро бар дўши худ мегиранд. Барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рў ба рў омад, ниёз ба чунин шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Ҳазорон шукр, ки аз миёни фарзандони миллати куҳанбунёди мо чунин шахс пайдо шуд. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлолияти давлатӣ як амри воқеӣ буд.
Насли калонсол ва миёнаи мамлакати мо ҳанўз ба равшанӣ дар хотир доранд, ки оғози истиқлолияти Тоҷикистон, алалхусус нимаи дуввуми соли 1992, дар таърихи навини халқи тоҷик бо чӣ ошуфтагӣ, беқонунӣ, ҳараҷу мараҷ ҳамроҳ буд.
Дар мамлакат беҳокимиятӣ ва бесарумонии сиёсӣ ҳукмрон буд. Минтақаҳои ҷанубӣ ва пойтахти мамлакат аслан дар дасти гурўҳҳои ғоратгари мусаллаҳ буданд. Мардум ба сабаби даргириҳои байни гурўҳҳои мусаллаҳ дар тарсу ҳарос ва изтироб ба сар мебурданд.
Дар ин лаҳзаҳои ғамангезу даҳшатовар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун наҷотдиҳандаи миллат ва давлат, ба майдони сиёсати ҷаҳонӣ ворид шуд. Мардуми тоҷик дар шахси намояндагони худ дар Парлумони кишвар ягона қадами дуруст ва бехато гузошт ва сарнавишти миллат ва давлати тоҷиконро ба дасти ҷавони ватандўст, ҷасур ва хирадпеша Эмомалӣ Раҳмон супорид. Маҳз дар ҳамон рўзҳои поёни тирамоҳи соли 1992 бо ба сари қудрат омадани фарзанди баномус ва сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи атфи наҷоти Тоҷикистон ба вуқўъ пайваст.
Хидмати бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллати шарифи Тоҷикистон ва таърихи миллат дар он аст, ки қайд мекунад муҳаққиқи асар З.Сайидзода, - ин шахси нодир ва сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва мураккаби муноқишаҳои ҳамватанӣ ва ҷанги таҳмилӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз намуд. Аз ин рў, бо итминони комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст.
Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ дарк мекард, ки дар он шароите, ки Тоҷикистон қарор гирифта буд, яъне дар вазъияте, ки давлат фақат дар рўи коғаз вуҷуд дошт ва дар асл бошад тамоми рукнҳои давлатдорӣ корношояму фалаҷ шуда буданд ва ё умуман вуҷуд надоштанд, таърих ва сарнавишт барояш рисолати бузург, вале ниҳоят душвори бунёд намудани давлати навинро гузоштааст. Гарчанде Эмомалӣ Раҳмон дар тўли як давраи кўтоҳе ба сари давлат омада бошад ҳам, фақат ҷуръати инсониаш ва тасмими қавиаш, ки бори гарони эъмори давлатро бар дўш гирифт, худаш ин қаҳрамонӣ буд.
Қабули Конститутсия дар раъйдиҳии умумихалқӣ ва зафари Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ, ки ин ду маъракаи муҳими сиёсӣ дар як вақт – рўзи 6 ноябри соли 1994 баргузор гардиданд, рўйдоди пешгўишаванда буд. Охири соли 1994 ва нимаи аввали соли 1995 барҳақ соли таҳкими бунёди қонунии давлати ҷавони Тоҷикистон гардид.
Муҳаққиқи пуртаҷриба ва олими маъруф Зафар Сайидзода хотирнишон менамояд, ки Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо такя ба меъёрҳои Сарқонун, дар роҳи танзими вазъи сиёсию иҷтимоӣ иқдомҳои густурда анҷом дод. Ў муваффақ шуд, ки дар баробари мустаҳкам кардани пояҳои давлатдорӣ – ташкили мубориза бо ҷинояткорӣ, ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқиро идома диҳад, гурезагони иҷбориро ба Ватан баргардонад, сулҳу ризоиятро дар ҷомеа пойдор намояд.
Тоҷикистон баъди гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ соли 1995 то ба имрўз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардид. Ин муваффақиятҳо худ далели он аст, ки маҳз иқдомҳои дар марҳалаи нахустини ислоҳоти конститутсионӣ намудаи Президент Эмомалӣ Раҳмон мусоидат карданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ самтҳои асосии пешбурди минбаъдаи кишварро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муайян созад ва марҳала ба марҳала Тоҷикистонро ба масири пешрафту тараққӣ раҳнамун созад.
Барои дарки беҳтар ва хубтар пай бурдан аз моҳияти хидматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар поягузории давлатдории навини тоҷикон ва ба кишвари сулҳу салоҳ табдил додани Тоҷикистон дархўри мақсад медонем, ки чанд ҷумла аз суханони Президенти Шўрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ Антон Караҷаро, ки дар маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Пешвои асри XXI» гуфтааст, биёварем:
«…Мо ҳамагон, дўстони башарият, пайи суроғи шахсиятҳои фарзонае ҳастем, ки қарни моро дигаргун сохта, бо амал, идрок ва неруи ҳастии худ суботи ҷаҳонро барои мову шумо таъмин менамоянд.
Мо ба он мақсад омадаем, то ба Пешвои асри XXI, ба марде, ки дар замони низову ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро барои кишвараш интихоб намуд, марде, ки дар замони таназзулу буҳрон пешрафту шукуфоии мамлакаташро таъмин кард, марде, ки дар ҳамдастӣ ва ҳамзистӣ бо мардуми худ дар кори эҷоди ояндаи неки кишвар, минтақа, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва инсоният талошҳои хастанопазир меварзад, изҳори қадрдонӣ намоем. Ин шахс Президент Эмомалӣ Раҳмон аст…»
Ин суханони шахсест, ки ў боре ҳам аз садои тир ва таркиши гулулаву норинҷик дар дили шаб аз хобаш бедор нашудааст; изтироби мардуми дар маҳалли ҷанг воқеъшударо дар вуҷуди худаш эҳсос накардааст.
Барҳақ, муҳимтарин дастоварде, ки Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст, ин сулҳу оштии миллӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки обрўю эътибори Президент Эмомалӣ Раҳмон чӣ дар пеши мардуми Тоҷикистон ва чӣ дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ дар пеши саршинохтатарин шахсиятҳои сиёсат ҳамчун хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ беҳад бузург аст.
Эмомалӣ Раҳмон, ки бо рисолати таърихии барқарор кардани сулҳу осоиш сарварии мамлакатро бар дўши худ гирифта буд, ҳанўз аз аввалин рўзҳои фаъолияташ роҳи расидан ба мақсудро дар муколама ва муносибати сулҳомез бо тамоми неруҳои сиёсии мамлакат муайян намуд. «Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ аст, - мегуфт ў. – Мо ягон масъалаи принсипиалии ҷомеаамонро бо роҳи зўрӣ ҳал карданӣ нестем. Муроду мақсадамон бунёдкорӣ асту бас».
Бо садоқат бар ин усул, Эмомалӣ Раҳмон тарафи мухолифи давлатро ба музокира даъват кард, то масъалаҳои мавриди талоши ҷониби муқобилро на дар сангарҳо ва на бо силоҳ, балки сари миз ва дар ҷараёни гуфтушуниди мусолиҳатомез ҳал намояд. Ниҳоят фарҷоми музокироти байни тоҷикон рўзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гузошта шуд, ки ҳамагон ин рўзи фаромўшнашуданиро интизор буданд.
* * *
Ҳоло насле по ба зиндагии фаъолонаи иҷтимоӣ гузоштааст, ки ҳам самара ва ҳам таҷаллии азимтарин рўйдоди таърихи муосири миллати тоҷик – соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Ин насл, ки бо истиқлол по ба ҳастӣ гузоштаву бо ин истиқлол парвариш ёфтаву болидааст, акнун по ба пои ин истиқлол меравад.
Муаллифи асар З.Сайидзода бо факту далелҳои муътамад хотирнишон менамояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста бар он мекўшад, ки насли наврас дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ба таҳсили босифат фаъолият кунанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба ин соҳа чунин гуфтааст: «Маориф омили асосии таҳкими давлат ва наҷоти миллат мебошад».
Муаллифи асари мазкур З.Сайидзода нақши муаллимро дар тарбияи фарзандон басо муҳиму бузургтарин шахс меҳисобад. Муаллим касест, ки бештарин таъсирро дар амри покиза кардани дунёи шогирдон ба ҷо мениҳад. Вай устоди инсонсоз мебошад: ҳам метавонад одам бисозад ва ҳам одамро вайрон кунад. Аз ин рў, агар муаллимон худашон ҳоким бар нафс ва дорои ахлоқи писандида бошанд, дар тарбияи кўдакону наврасон осори матлубе бар ҷой мениҳанд.
Имрўз бо ифтихор гуфта метавонем, ки мегўяд муҳаққиқ З.Сайидзода, ки дар муддати кўтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлати воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқуъ пайвастаанд, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, бо ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ, муайян шудаанд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, барномаҳои густурдаи рушду тавсеа амалӣ мегарданд.



Усулҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сиёсати хориҷӣ яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти сиёсии кишварҳо дар низоми байналмилалӣ ба шумор меравад ва бақою ҳаёти як кишвар ба он вобастагӣ дорад. Ба назари бисёре аз коршиносон ва сиёсатмадорони ҷаҳон, манфиатҳои миллӣ чароғи роҳнамои кишварҳо ва давлатҳо дар раванди ҳаракати онҳо дар масири пешрафту тараққӣ аст.
Ҳамкорони асосии тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равобити иқтисодии хориҷӣ, пеш аз ҳама, мамолики аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил мебошанд, ки 48 дарсади муомилоти тиҷорати хориҷии кишварро ташкил медиҳанд. Аз самтҳои муҳим дар ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ҳавзаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил ин ширкати фаъол дар чунин ниҳодҳои муҳим, ба монанди Минтақаи тиҷорати озоди кишварҳои муштаракулманофеъ ва Ҷомеаи иқтисодии АвроОсиё мебошад.

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия

Барои бисёре аз тоҷикон хотирнишон мекунад муаллиф, - аз Россия дида наздиктар ва матлубтар кишваре вуҷуд надорад, зеро садҳо ҳазор оилаи тоҷик ризқу рўзиашонро аз ҳамин мамлакат пайдо мекунанд. Аслан, сатҳ, мазмун ва муҳтавои равобити Тоҷикистону Россияро на танҳо манфиатҳои геосиёсӣ ва прагматизми иқтисодӣ, ҳамчунин заминаҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва пайвандҳои инсонӣ муайян месозанд.
Табиист, ки бо мадади Россия ва саҳмгузории бевоситаи ҳазорҳо мутахассисони рус биёбонҳои лабташнаи кишвари мо обёрӣ шуда, ба водиҳои зархез табдил ёфтанд.
- Маҳз мадади Россия ва халқи бузурги рус буд, ки менависад муаллифи асар, - тоҷикон андаке монда буд, дар тирагиву ҷаҳолати асримиёнагӣ нопадид гарданд, дигарбора рисолати фарҳангсолории хешро аз сар гирифтанд, дар кўтоҳтарин муддат саросар босавод шуданд, кишварамон шукуфон гардид, соҳиби донишкадаҳои олӣ, институтҳои таҳқиқотӣ ва Академияи илмҳо гардиданд. Давлати Шўравӣ тамоми қудрати илмиву техникиву фарҳангии халқи пешрафтаи русро ба ихтиёри ҳамаи шаҳрвандони шўравӣ гузошт.
Таърихшиносон ва олимони шарқшиноси рус Семёнов, Бартолд, Брагинский, Андреев, Шишов ва дигарон дар омўзиши таърих, адабиёт, фолклор ва этнографияи тоҷик ва ба ҷаҳониён шиносондани ғановати фарҳангии тоҷикон хизматҳои бузург кардаанд. Академик Евгений Павловскийро метавон сарчашмадори Академияи илмҳои Тоҷикистон номид.
Нақши Россия дар дастёбии Тоҷикистон ба сулҳу оромӣ низ хеле бузург аст. Федератсияи Россия дар музокироти тоҷикон аз аввалин то охирин давраҳои он ширкати фаъолона намуда, ҳамроҳ бо тарафҳои музокира роҳи пуршебу фарози гуфтушунидро тай намуд.
Ёдрас намудани гуфтаҳои ифтихормандонаи роҳбари собиқи Иттиҳоди Шўравӣ дар солҳои 1922-1953 И.В.Сталинро, ки яке аз огоҳтарин шахсиятҳои замони худ буд ва бар тавсифу таърифи миллате ё шахсе хеле кам сухан гуфтааст, лозим мешуморем: «Тоҷикон миллати хосе ҳастанд. Онон куҳантарин миллати Осиёи Миёна мебошанд. Маънои тоҷик тоҷдор аст. Ва тоҷикон арзанда будани худро ба ин ном собит кардаанд. Дар миёни миллатҳои ғайрируси мусулмони Иттиҳоди Шўравӣ тоҷикон танҳо миллати ғайритурк буда, эронинажод мебошанд. Тоҷикон миллате ҳастанд, ки андешаву фарҳангашон шоири бузурге чун Фирдавсиро зодаву парвардааст».
9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рўйдоди бузургу хуҷастае ба вуқуъ омад. Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли худро эълом кард ва ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид.
Хиради сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардид, ки ў бо Созмони Милали Муттаҳид ва бевосита бо роҳбари он – Сармуншии созмон робитаи кории мустақим пайдо намуд ва масъалаҳои умумисайёравиро ҳамчун пойгоҳи шиносонидани Тоҷикистон ташхис дода, тавассути он ҷаҳониёнро аз вазъияти воқеии Тоҷикистон, равандҳои умдаи сиёсиву иҷтимоӣ ва роҳи ҳалли мусолиҳатомез, ки роҳбарияти мамлакат бо иродаи халқи худ пеш гирифта буд, огоҳ менамуд. Бисёре аз роҳбарону сиёсатмадорони давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавқеъ ва сиёсати дурусти пешгирифтаи давлати моро ба таври воқеӣ арзёбӣ намуданд. Ҳамин буд, ки ба зудӣ Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон намояндагии худро боз намуд ва фиристодаи махсуси Сармуншии СММ ба Душанбе омад.
Бо кўмаки Раёсати Комиссариати олии СММ оид ба масъалаи гурезаҳо ва намояндагии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон раванди бозгардондани гурезагони иҷбории тоҷик аз Афғонистон ва мамлакатҳои ИДМ шуруъ гардида, он бомуваффақият анҷом пазируфт. Бо ҳамкорӣ ва мусоидати фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси исломӣ, давлатҳои бародари Россия, Эрон ва Афғонистон ва дигар кишварҳои дўст музокироти байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин барои пайдо кардани роҳи созгории миллӣ оғоз гардид.
Ба даст овардани сулҳу ризоият муҳимтарин дастоварди роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон буд. Чӣ тавре ки аз асари муҳаққиқи намоён З.Сайидзода бармеояд, сулҳи деринтизор наздик мешуд. Ниҳоят рўзи 27 июни соли 1997 дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун рўзи ғалабаи хирад, рўзи пирўзии ғояҳои ватандўстӣ ва иттиҳоди миллӣ боқӣ мемонад. Дар ин рўз дар шаҳри Маскав Созишномаи барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гардид, ки ба ихтилофи байни тоҷикон хотима гузошт. Барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон эътибору нуфузи мамлакати мо ва обрўи Сарвари давлати тоҷиконро боз ҳам зиёд намуд. Ин рўйдоди бузург буд.
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, - мегўяд муаллифи асар З. Сайидзода, - ҳамчун бунёдгузори сулҳу ваҳдат, аҳамияти фавқулодда бузургу таърихии имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро тавсиф намуда, онро дар як радиф бо Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштааст, ки «агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
- Бо талошу кўшиши пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон, - қайд мекунад муаллиф, - Тоҷикистон дар созмонҳои ҳамгироӣ – чӣ дар фазои пасошўравӣ ва чӣ дар минтақа ва ҷаҳон, - аз ҷумлаи СММ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё ва дигар созмону ниҳодҳои ҳамгироӣ, симои вижа ва ширкати фаъолона дорад.
Дар натиҷаи чунин сиёсати хориҷии мутавозин равобити созанда бо Россия ва давлатҳои дигари пасошўравӣ, кишварҳои форсизабони Эрону Афғонистон, Чин, ИМА, Ҳиндустон, Покистон, мамлакатҳои Аврупо, кишварҳои араб, Осиёи Шарқӣ ва Африқо роҳандозӣ гардид.

Нақши оила дар тарбияи ахлоқии фарзандон

Инсон, ки мавҷуди иҷтимоӣ мебошад, аз замони таваллуд то вопасин дами ҳаёт ниёзманди дигарон аст. Дар ҷомеа зиндагӣ мекунад, аз он таъсир мепазирад ва бар он таъсир мегузорад. Қонуни хонавода нахустин ниҳоди иҷтимоист, ки кўдак дар он парвариш меёбад ва меомўзад, ки чӣ гуна рафтори иҷтимоӣ дошта бошад.
Равоншиносон ақида доранд, ки як намуна ва сармашқи шоиста аз ҳазор насиҳат ва панду андарз некутару беҳтар аст ва ҳеҷ чиз барои кўдак бадомўзтар аз ин нест, ки гуфтору кирдори мураббии панддиҳандаро мушоҳида намояд, ки бо якдигар тазод доранд. Ин боиси сабук шуморидани намунаҳои оливу хуб ва пандҳои ахлоқӣ мегардад.
Муҳаббати падару модар мояи шодиву нишоти кўдак аст. Ҳеҷ неруе ба андозаи муҳаббати волидайн хотири тифлро мутмаин ва ором намекунад.
Агар падару модар ҳини хурдсолии кўдак бо фикру ин ки ў ҳанўз тавоноии мустақилона анҷом додани кореро надорад, ё аз сари меҳрубонии зиёд ба фарзанд нагузоранд, ки ў ба коре даст занад, бо чунин рафтор пеши шукуфоии қисме аз истеъдодҳои кўдакро мегиранд. Баъд аз ин фарзанд эътимод ба хештанро аз даст дода, сирфан мехоҳад дар ҳар коре бо дигарон машварат намояд ва ҳозир нашавад, ки мустақилона тасмим гирад.
Коршиносон ва донишмандони илмҳои таълиму тарбия – бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти аз ҷониби волидон риоя шудани ҳадди эътидол дар муносибатҳои волидайниву фарзандӣ ва дигар мавридҳои таъсиргузор ба шаклгирии шахсияти фарзандон – тавсияҳои зиёде додаанд, ки бархе аз онҳо аз ин ҷумлаанд:

Дунёи кўдак – дунёи Интернет

Имрўзҳо компютер ва Интернет, - менависад муаллифи асар, - яке аз бахшҳои зиндагии рўзмарраи мо шудаанд. Дар ҷомеаи имрўз муносибатҳо ва робитаҳои баъзе оилаҳо – чӣ дар зиндагии шахсӣ ва чӣ дар масъалаҳои корӣ – ба қадре бо ин воситаҳо гиреҳ хўрдаанд, ки ҳатто дигар тасаввури вуҷуд надоштани компютер ва Интернет дар зиндагии онҳо ғайримумкин аст. Наметавон тасаввур кард, ки фарзандони мо ба воя расанд, рушд кунанд, ба донишгоҳ дохил шаванд ва ё бо касбу коре машғул шаванд, аммо бо компютер ошно набошанд ва натавонанд аз Интернет истифода намоянд. Аммо дунёи Интернет, монанди дунёи воқеӣ, метавонад барои кўдакон хатарнок ҳам бошад. Ҳангоми омўзиши хонандагону ҷавонон аз мавзуъҳои компютерию интернетӣ бояд хабардор шаванд ва ба онҳо волидайнашон бояд ҳатман назорат кунанд то ки онҳо ба дигар мавзуъҳои бефоидаю зараровар машғул нашаванд.
Интернет метавонад барои кўдакон қонуни беҳтарини илму маърифат бошад, то биомўзанд, бозӣ кунанд, бо дўстони худ гап зананд ва барои баҳраманд шудан аз илму фарҳанг аз он истифода намоянд.
Падидаи ҷаҳонишавӣ – ҳамчун раванди якпорчасозии иқтисодиву фарҳангии мардумони дунё – метавонад ба густариши ақидаҳову назарияҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҷомеаҳо хидмат кунад. Ҷаҳонишавӣ – аз ин нуқтаи назар ва низ аз дигар дидгоҳҳо – ҳамчун раванди мусбат тавсиф шудааст.
Ба ақидаи олим, сиёсатмадор ва мутахассиси барҷаста Зафар Сайидзода, ҷаҳонишавӣ орӣ аз як ҷавҳари ахлоқӣ аст. Нобаробарии рўз ба рўз физояндаи шароити моддии зиндагии мардум яке аз оқибатҳои номатлуби ҷаҳонишавии иқтисод аст. Неруҳое, ки мошини ҷаҳонишавиро пеш мебаранд, ба таври ошкоро иқтисодҳои миллиро таҳти нуфузи худ қарор додаанд ва барои ба даст гирифтани манбаъҳои даромад бо ҳукуматҳо носозгорӣ доранд, менависад муаллифи китоб ва мушаххасан аз ин неруҳо ном мебарад.
Ҷолиби қайд аст, ки муаллифи ин асари калонҳаҷм ва бо забони адабию фаҳмо офаридаи олими маъруф ва сиёсатмадори пуртаҷрибаю бомаҳорат, ки солиёни дароз дар вазифаҳои масъултарин то кунун дар Дастгоҳи Президенти мамлакат содиқона кор карда меояд ва асари диққатангези худро ба ҷашни пуршарафи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидааст, хонанда метавонад аз он ба муваффақияту комёбиҳо ва пешравиҳои беназири ҳамаи соҳаҳои мухталифи мамлакати гул-гулшукуфо маълумоти муфассале бигирад.
Чӣ тавре ки Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боифтихор мегўяд: «Истиқлолият ин бародариву баробарии ҳамаи аъзои ҷомеа, сарфи назар аз халқият, миллат, урфу одат ва ақоиду афкор аст. Истиқлолият – ин хонаи обод, рўи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва рўзгори осудаҳолонаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан аст».

С. ЭШМУҲАММАДОВ,
муовини аввали раиси ҷамъияти «Дониш»-и
Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми таърих
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин