Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:25 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:58 – МАЪРИФАТИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ОҒОЗ МЕГАРДАД 
  • 14:57 – ТОҶИКИСТОНИЁНРО ДАР СОЛИ 2018 ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? 
  • 14:18 – Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Ба озмуни бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ба озмуни бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

ГИРДБОД

Моҳи феврали соли 1993 ду гурӯҳи кории таъсисдодаи Комисияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди баргардонидани гурезаҳо аз Давлати исломии Афғонистон аз ду самт: Панҷи поён-Имом Соҳиб ва Термизи ҷумҳурии Узбекистон-Хайратон ба фаъолият шуруъ намуданд.
Ин тадбир нахустин ќадамҳо дар роҳи ваҳдат буд, ки Сарвари тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешво ба амалӣ намудани он оғоз карданд.
Дар ин ҳайат рӯзноманигори Телевизони Тоҷикистон Шералӣ Мустафоќулов низ шомил буд ва лаҳзае аз вохӯрии нахустинашро бо устоди донишгоҳи шаҳри Ќурғонтеппа Ќуќандшоҳ Гулов (Ҳоло Наврӯз Гулзода) ва бозгашти ӯ ба Ватан ёдовар мешавад.

Омадани намояндагони Ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистон барќосо аз даҳон ба даҳон дар байни гурезаҳо паҳн мешуд. «Шунидан кай бувад монанди дидан»-гуфтагӣ барин барои боварӣ ҳосил кардан ба ҳаќиќат будани ин овоза, баъзе гурезаҳо аз гӯшаҳои гуногуни Афғонистон-Ќундуз, Имом Соҳиб, Хайратон, Тошќурғон, Шибурғону минтаќаҳои дигар пиёдаву савора ба шаҳри Мазори Шариф ба дидани фиристодагони Ҳукумати Тоҷикистон меомаданд. Ҳамон ваќт кӯчаю растаҳои ин шаҳр аз ҳисоби гурезаҳои тоҷик, ки сари ҳар ќадам вомехӯрдем, инчунин фирориёни атрофи шаҳри Кобул хеле серодам ба назар мерасид.
Ваќти вохӯрӣ бо онҳо эҳсос мекардем, ки бисёрии онҳо дар дил тарсу ҳарос доранд ва аз суҳбат бо намояндагон худорӣ мекунанд. Сарфи назар аз ин ҳолат гурӯҳи корӣ фурсати мувофиќро ёфта, маќсаду мароми омаданашонро мефаҳмониданд.
- Моро Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба назди шумо фиристодаанд, то ки шуморо ба Ватан баргардонида Тоҷикистонро якҷоя обод кунем,-ба такрор мегуфт, сардори гурӯҳи корӣ Фарҳод Маҳкамов (ёдаш ба хайр).
Марди дигаре ба суҳбат ҳамроҳ шуда, аз сӯзонда шудани хонаву дар ва бедарак гаштани ҷигарбандонаш гила намуда, ашки чашмонашро бо остин тоза мекард.
- Омадани шумо, рости гап дар дили мо як шуълаи умедро барафрухт. Ҳеҷ бовариам намеомад, ки моро дуюмбора суроғ карда меомада бошанд. Ман овозаи омадани шуморо дар Ќундуз шунида ба диданатон ба ин ҷо омадам.
- Шуморо намедонам, лекин ман ба Ватан бармегардам. Дар ҳавои кушод таги дарахте зиндагӣ мекунаму дигар ҳеҷ гоҳ хоки Ватани азизамро ба ягон чиз иваз наменамоям, ба суҳбат ҳамроҳ шуда, худро Ќурбон- паҳлавон аз ноҳияи Панҷ, –гуфта, хушҳолӣ мекард.
- Аз ин парешонӣ ягон муроде ҳосил намешавад, ҳама ҷумҳуриҳои собиќи Иттиҳоди Шӯравӣ ба мо-тоҷикон нигоҳ доранд, ки оянда давлатдорӣ карда метавониста бошанд. Агар шумо ба ҷойҳои зист баргардеду ҳама сокинони ҷумҳурӣ муттаҳид шавем, боварӣ дорам, Тоҷикистонро аз ин варта халос мекунем.
Аз чеҳраю нигоҳи пурмеҳру илтиҷоомези ҳозирин ҳис мекардем, ки ба ҳар кадоми онҳо дурӣ аз Ватан, ранҷи ғарибию сарсонӣ сахт таъсир намудааст. Дар чунин лаҳзаҳо натанҳо ҳамватанони ғарибгаштаи мо, ҳатто раҳгузарони афғон низ омада, суханони моро бо диќќат гӯш мекарданд, ки мо чӣ мегуфта бошем.
Дар як дам издиҳоми калоне ба амал меомад. Дар байни онхо буданд нафароне, ки синну солашон ба 70-75 расидаву бобою падаронашон дар солҳои гуногуни баъди инќилоби октябрии болшевикон ба ин ҷо омадаанд.
- Ҳе-е, ҳамшаҳриё, шумо мардуми хушбахт будаед, ки дар муддати начандон зиёд ҳукумат ташкил кардед. Бубинед, намояндагони он барои баргардонидани шумо ба ин ҷо омаданд. Мо ҳам аслан тоҷикем. Бобову модаркалонҳоямон аз Бухорову Самарќанд мисли шумо иҷборан ба Афғонистон омада, муҳри муҳоҷир дар пешона бо ёди Ватан бо зиндагӣ падруд гуфтанд. Касе онҳоро суроғ накард. Ин ҷо ҷои шумо нест. Сиёсатмадорони Афғонистон бист- бисту ду сол боз кӯшиши ҳукумат ташкил карданро доранд, аммо ҳеҷ не ки ба маќсад бирасанд. Ҷангу низоъҳо мулкро хароб ва мардумро ба ҳамаи гӯшаҳои дунё парешон кард. Ман ҳар рӯз аз радёву телевизион воќеаю хабарҳои Тоҷикистонро гӯш мекунаму мебинам, ки Раиси ҷумҳури шумо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаќиќат як марди дилсӯзу ватандӯст аст, ғами халќу давлаташро мехурад. Баргардед ватанатонро обод кунед. Шумо дар ин ҷо ба ҷуз аз сарсонӣ дигар ба ягон маќсаде намерасед.
Ман чанд сол ќабл дар Тоҷикистон будам. Варзобро тамошо кардам. Бовар кунед, табиату обҳои ширини диёри шуморо ягон кишвари дунё надорад. Ман ҳамчун ҳаммиллату бародари шумо мегуям, ки рафта давлататонро обод кунед,- ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда, дилсӯзи мекард афғони тоҷиктаборе, ки 35-36 сол дошт.
Аз он мулоќот 24 сол сипарӣ мешавад, яъне 45-46 сол боз яъне, то кунун дар ҳамсоякишвари мо-Афғонистон ҷанг идома дораду аз анҷоми он дараке нест. Кашмакашиҳои дохилӣ боиси тарки мамлакат кардани миллионҳо ва ҳар рӯз ба ҳалокат расидани даҳҳо нафар сокинони осоишта мегардад.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ ҳамчун рӯзноманигор он ҷавони афғонро, ки Наҷибулло ном дошт, ба сӯҳбат даъват кардам. Он навор дар бойгонии Телевизиони Тоҷикистон маҳфуз буда, баъди гузашти солҳо ҳамун далели он рӯзҳои мудҳиш ба саҳифаи таърихи талхи давлатдории тоҷикон зам хоҳад шуд.
Аз рӯзи авввали ба Афғонистон гуреза шудани як ќисм аҳолии мамлакат, мардуми афғон ба хусус собиќ муҳоҷирини тоҷик то ќадри имкон, чи ќадар метавонистан, ба ҳамтаќдирони худ ёрию дастгирии худро дареғ намедоштанд.
Баъди се рӯзи сафар ба шаҳри Мазори Шариф ба меҳмонхона як марди 40-41 солаи ришдоре дар тан шинели аскарӣ омад.
- Шунидем, ки намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон омадааст, барои ҳамин барои маќсади шуморо дурусттар фаҳмидан омадам. Ман Ќуќаншоҳ Гулов ҳастам то гуреза шудан устоди донишгоҳи шаҳри Ќурғонтеппа будам. Ҳоло дар Тошќурғон ҳамроҳи аҳли хонавода дар як хонаи афғон зиндагӣ дорем.
Ќуќадшоҳ Гулов хеле маъюсу рӯҳафтода буд. Баъди аҳволпурсӣ аз ӯ хоҳиш кардам, ки агар зид набошед, суҳбатамонро дар назди камераи наворбардорӣ идома медиҳем.
Ӯ як табассуми аҷоибе карду омода будани худро ба сӯҳбат изҳор намуд ва илова кард: «Аќалан хешу табор мебинанд, ки мо дар куҷоем. Наворбардор устод Анвар Ғайбуллоев (руҳаш шод бод) камераро барои наворбардорӣ омода намуд ва сӯҳбати мо чунин сурат гирифт:
- Шумо нахустин шахсе ҳастед, ки бе дудилагӣ барои мусоҳиба розӣ шудед. Дигарон бошанд, аз наворбардорию суҳбат бо мо худдорӣ мекунанд, чаро ин тавр бошад?
- Бародар Тошќурғон аст, ин ҷо,
Сухан гуфтан на осон аст, ин ҷо.
Дар байни гурезаҳое, ки имрӯз дар Афғонистон ҳастанд, ҳар хел одамон бо ҳар гуна аќидаю андешаҳо дар бораи Тоҷикистону Ҳукумати он ҳастанд.
Шоҳиди моҷарое барои нон будам. Дидам, ки тоҷик барои нон шуда, ба ҳаммиллати худ корд кашид. Яъне мо тифоќ нестем. Ғариб шуданамон кам буд, ки дар ин ҷо ҳам, якдигарро бадбинӣ кунем.
- Муддати чор моҳ мешавад, ки шумо дар Афғонистон шаҳди ғарибиро мечашед, дурӣ аз Ватан барои шумо чӣ маънӣ дорад?
- Ватан як чизи муќаддасест, ки онро ба ягон чиз иваз карда намешавад. Беҳтарин неъмат барои инсон Ватан доштану дар оғӯши он будан аз ҳама боигариҳои дунё болотар аст. Ман инро дар ҳаминҷо истода нағз дарк кардам.
Мо дар Тоҷикистон ба ќадри як халта орд, ки 12-13 сум меистод нарасидем ва зиндагии беҳтарро талаб карда, гиребони якдигарро гирифтем. Ман ба ягон гурӯҳ шомил набудам. Ҳеҷ тасаввур намекардам, ки дар ин мулки бегона, ки зиёда аз бист сол боз ҷанг идома дораду охираш маълум нест муҳтоҷи як бурда нони афғон мешавем. Ҳол, он ки афғони бечора худ ба он эҳтиёҷ дорад. Ман дар ин ҷо истода акнун дарк карда истодаам, ки Камоли Хуҷандӣ дар кадом ҳолат ғазали «Во ғарибӣ»-ро навишта будааст.
- Ба андешаи шумо кадом омилҳое ҳастанд, ки ба бозгашти ҳарчӣ зудтари гурезаҳо ба Ватан мусоидат намояд?
- Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба ин ҷо омадани намояндагон худ як иќдоми хеле дурандешона аст. Хуб мебуд, ки дар радиои Тоҷикистон барномае бо номи «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар» ташкил мешуд. Чунки дар ҳар суҳбату вохӯриҳо аз забони ҳамдиёрони ғарибгашта мисраҳои зеринро такрор ба такрор мешунавем:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар,
Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,
Эй кош гадо будӣ, ба Канъон хуштар.

Чунки бисёрии муҳоҷирон дар даст радио доранд ва онро ҳамеша ҳамроҳи худ гардонида хабару рӯйдодҳои Тоҷикистонро мешунаванд. Гурезаҳо дар кадом гӯшаи Афғонистон бошанд, радиоро гуш карда метавонанд.
- Таассуроти шумо аз вохӯрие, ки бо намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҷо доштед?
- Ман аз ин иќдоми хайрхоҳонаю дурандешонаи Сарвари навинтихобшудаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле сипосгузорам. Боварӣ дорам, мо аз нав сарҷамъ мешавем ва ҷумҳуриро бо меҳнати софдилона обод мекунем. Ман ба Ватан бармегардам, бармегардам, бармегардам. (Иќтибос айнан оварда шудааст).
Баъди 11 соли ин сӯҳбат Наврӯз Гулзодаро дар як маърака дар Ватан вохӯрдам. Ӯ бо чеҳраи болида дар тан сару либоси озодаю шинам ба наздам омада:
- Маро ба назарам нашинохтед? –гуфта ќадамзанон даст бо оғӯш кушод. Ҳарчанд дар зоҳири ӯ аз он солҳо нишонае дида намешуд, лекин ман Гулзодаро шинохтам. Ҳатто ӯ ҳайрон шуд, ки баъди ин ќадар солҳои тӯлонӣ номи ӯро фаромӯш накардаам.
Ӯ аз ин мулоќот хушҳолӣ намуда, «Дар хотир дорӣ дар Афғонистон дар кадом ҳолат вохӯрда будем?»- гуфтам ман.
- Он рӯзҳои мудҳиш, ки ба гирдбоде шабоҳат дошт ҳеҷ аз хотири ман ва умуман мардуми Тоҷикистон фаромӯш нахоҳад шуд.
- Рост, солҳои 1992-1995 Тоҷикистон дар ҳаќиќат дар гирдбоде ќарор дошт. Одамон аз хона баромада боварӣ надоштанд, ки бегоҳ бармегарданд ё не. Садҳо одамони бегуноҳ дар он давраҳои пурмоҷаро беному нишон шуданд. Худо дигар ҳеҷ ваќт он рӯзҳоро такрор накунад. Шукр мегӯям, ки имрӯз дар оғӯши Ватани азиз ҳастам. Аз дидори ёру дӯстон бори дигар баҳра мебарам.
- Ба муносибати ҳафтсолагии рӯзи Ваҳдат омодагӣ дида истодаем, метавонед дар телевизиони Тоҷикистон аз роҳи тайкардаи Тоҷикистон дар давраи соҳибистиќлолӣ як сӯҳбате дошта бошем. Гулзода бо майли тамом хоҳиши моро ќабул кард ва дар рӯзи таъйиншуда ба телевизион омад. Аз даромадгоҳ то ҷои сабт омадани ӯро наворбардорӣ мекарданд. Коргардон аз омода будани дастгоҳҳо барои сабт ба мо хабар дод. Мусоҳибаи мо чунин сурат гирифт:
- Сӯҳбатеро, ки бо шумо 11 сол ќабл дар шаҳри Мазори Шарифи Давлати исломи Афғонистон доштем, тамошо мекунем, ки халќи мо чӣ рӯзҳои душворро паси сар карданд?
Дидани он навор хаёли ҳар як бинандаро беихтиёр ба он рӯзҳои мудҳиш бурда, аз тинҷию амнияти фарорасидаи ҷумҳурӣ шукр мегуяд. Ӯ наворро дида давраи ғарибию бечорагӣ, сарсонию оворагардиҳои худро пеши назар меовард. Ашк гулугираш мекард. Наврӯз Гулзода оби дидагонашро бо рӯймолча поккунон оҳи сарде кашида гуфт: «Чӣ ќадар рӯзҳои сахте буд. Ҳеҷ бовариам намеомад, ман дубора ба Ватан бар-мегардаму боз ба ин рӯзҳои нек мерасам. Ман ин наворро бори аввал дидам.
Баъди ана ҳамин сӯҳбат ва вохӯрӣ бо намояндагони Ҳукумат моҳи апрели соли 1993 аз Тошќурғон бо аҳли хонавода барои баргаштан ба Ватан рахти сафар бастам. Ҳини бозгашт ба Тоҷикистон чанд рӯз аз сабаби банд будани роҳ дар шаҳри Кишми Афғонистон маътали кушодашавии роҳ будем. Ҳар рӯз аз бозори китоби шаҳр дидан мекардам ва ба хотири харидории дастнависи нодири «Маснавии маънавӣ» анќариб ҳар рӯз ба он ҷо мерафтам.
Рӯзе бароям харидани он китоб муяссар шуд ва азми аз бозор берун омаданро доштам, ки касе «соҳиб»- гӯён маро боздошт ва мо бо якдигар шинос шудем ва гуфт, ки ман ҳам тоҷик ва аз Тоҷикистон ҳастам. Баъд аз ман илтимос кард, ки ман бо бародарам бегоҳирӯзӣ назди шумо ба ќароргоҳ меоем ва шумо агар моро хурсанд кардан хоҳед, меҳмони мо шавед. Ман, ки аслан пазмони Ватан ва хешу табору ёру ҳамдиёрон будам, таклифи ӯро рад карда натавонистам. Начандон дур аз шаҳр се ќария паи ҳам дар соҳили дарёчаи Кишм тоҷикони иҷбории солҳои 30-юм зиндагӣ мекарданд. Пеш аз намози шом маро ба ќабристон бурданд ва ќабрҳоро як-як нишон дода «ин ќабри фалонӣ», «ана, инаш аз фалонӣ»- гӯён моро «шинос» мекарданд. Ќабристон ниҳоят калон буд. Аз он ҷо ба деҳа баргаштем. Моро дар яке аз хонаҳо ҷой доданд ва баъди намози шом таќрибан 10-12 нафар он ҷо ҷамъ омаданд. Онҳо аз дидори мо чунон шод буданд, ки гӯё хешони наздики худро пас аз ҷудоии дурру дароз пайдо карда бошанд, бо як самимияти хоси тоҷикона сӯҳбат мекарданд. Як нафарашон, ки синну сол нисбатан калон буд, саргузаштҳои аҷиберо наќл кард, ки то имрӯз овозаш дар гӯшам садо медиҳад. Як наќли ҷолиби ӯ чунин аст:
Се бародар бо як хоҳар аз тарси ҷон, ки гӯё «урус ҳамаро шикамчок мекунад» ба он сӯи дарёи Панҷ фирор мекунанд. Пас аз як мудати кӯтоҳ онҳо ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ноилоҷ хоҳарро ба ивази як элак тутмавиз ба шавҳар медиҳанд. Бародари аз ҳама хурдӣ, ки ба ќавли ровии ин ҳикоя бо нангу ору номус будааст: «бигузор урус маро шикам чок кунад»- гӯён ба Ватан бармегардад. Албатта, бо ӯ НКВД чӣ кард, ҳеҷ кас намедонад, вале маълум… Мо саге доштем, ки ҳамроҳамон ба ин тараф гузашт. Пас аз як ҳафта саг нопадид шуд. Танҳо баъди се моҳ он саг сар то по тар баргашт ва мо фаҳмидем, ки саг аз Тоҷикистон омадааст ва ин се моҳ он ҷо будааст. Саг сар то пои моро мелесид, ба зери поямон афтида нола мекард. Пас аз ин ҳамин тавр, ҳар сол як бор меомад ва мерафт, то ҳафт сол ва дигар барнагашт. Саг низ бе хоки Ватан будан наметавонад. Ман гуфтам:

Саг ҳалќаи меҳр карда дар гӯш
Як луќма намекунад фаромӯш.

- Он солҳо моро таънаву маломат мекарданд, ки «шумо оби даҳони урусро хурдаед» -Ӯ оҳ кашида, наќлашро давом медод ва ин ҳолати ӯ барои ман риќатовар буд. Моро инсон намешумориданд ва ин ҳол то ҳуҷуми артиши Шӯравӣ ба Афғонистон чунин буд. Ва то ин ҳодиса мо танҳо як ният-ба Ватан баргаштан доштем. Пас аз истилои саросарии Афғонистон аз ҷониби артиши Шӯравӣ, мо гӯё «забондароз» шудем ва акнун мо онҳоро таъна мезадем, ки: «ана, оби даҳани урусро ин тавр мехӯранд».
-Подшоҳи Афғонистон Амонуллохон буд, ки ҳукумати болшевикҳоро яке аз аввалинҳо шуда, ба расмият шинохт ва яке аз шартҳои ҳамсоягӣ ин буд, ки Ҳукумати Амонуллохон иҷбориёни Тоҷикистонро аз ќаламрави Афғонистон бояд меронд ва чунин ҳам карданд. Бисёре аз ҳамватанони мо, наќлашро давом дод ҳамсӯҳбатмон, -роҳи мамолики арабро пеш гирифтанд. Ва токунун онҳо дар он ҷо ба сар мебаранд.
Он шаб тамоман хоб накардем ва бо дамидани субҳ бо нияти гузоридани намози бомдод хайру хуш кардем. Пагоҳӣ онҳо моро бо оби дида гусел намуданд. Раҳораҳ ҳам маъюс ва ҳам хурсанд буданд, хурсандиам ин буд, ки: «ҳазорон бор шукр, ки ба Ватан бармегардам», вале ба ҳоли он бечорагоне, ки бесоҳибу бе пуштибон, абадӣ дар хоки бегона монданд, дарун-дарун месӯхтам. Мутаасифона, аз он лаҳзаи хайру хӯш то имрӯз ман бо онҳо дигар дар тамос нестам ва аз он рӯз то кунун дар хоки Афғонистони мотамзада боз ҳодисаҳои дигари нангин рӯй доданд ва аз ҳоли он бародарони дур аз Ватан чизеро донистан бароям муяссар нагардидааст.
Мо гаҳе пиёда гаҳе савора баъди 22 рӯз ба Ишкошими Афғонистон расидем ва ба кумитаи бехатарии ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон аз бозгашти худ дарак додем. Худи ҳамон рӯз кормандони амният моро баъди муоина ба гузаштан рухсат доданд. Мо аввалин иҷбориёне будем, ки ба Ватан баргаштем. Хурсандии ман ҳаду канор надошт.
Баъди бозгашт ба Ватан Наврӯз Гулзода дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ҳоло бошад, дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ҳамчун устод ба шогирдон дарс мегӯяд. Ӯ аз пешравиҳои Ватан рӯҳбаланд гардида, онҳоро ба худшиносиву ватандӯстӣ, расидан ба ќадри ин рӯзҳои нек, ки ба ивази ҷоннисориҳои зиёд ба даст омадааст, ҳидоят менамояд.
Наврӯз Гулзода яке аз донишмандони мумтоз ва донандаи хуби таъриху адабиёти тоҷик, ҳамчунин забоншиноси маъруф дар байни олимони на танҳо Тоҷикистон, ҳатто берун аз он шуҳрати калон дорад. Ӯ муддате дар Донишгоҳи забоншиносии Маскав фаъолият намуда, барои донишҷӯён «Луғати тоҷикӣ-русӣ ва русӣ-тоҷикӣ» таълиф менамояд. Наврӯз Гулзода дар Федератсияи Росия муддати панҷ сол кору зиндагӣ намуда, дар байни олимони дигар кишварҳои мустаќил ҳамчун таблиғгари хуби забони тоҷикӣ шинохта шудааст.
Наврӯз Гулзода давраи дар ин кишвар кору зиндагӣ карданашро ба шаш моҳи дар мулки Афғонистон будан, баробар медонад ва аз фаъолияти худ дар ин ҷо хотираҳои аҷоибе дорад. Ӯ мегуяд: «Соли 2016-ум дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав ҳамроҳи шогирдон, ки ҳама духтаракони рус буданд, дар Конгресси байналхалќии забоншиносон иштирок кардем. Дар ин чорабинӣ дар назди намояндагони дигари кишварҳои ИДМ мо «Суруди миллӣ»-и Тоҷикистонро хондем. Бовар кунед, толорро чунон хомӯшие фаро гирифта буд, ки кас дар ҳайрат мондем. Баъди анҷоми «Суруди миллӣ» аҳли толор аз ҷо хеста кафкӯбӣ мекарданд. Ман аз ин комиёбӣ ифтихор намуда, ашки шодӣ мерехтам. Аз он меболидам, ки чунин забону чунин Ватан-Тоҷикистони азиз дорам…»
Дар он давраи пуршуру пурғавғо сафари гурӯҳи кори Ҳукумати навтаъсис ба Афғонистон ва фаъолияти онҳо дар байни гурезаҳои иҷборӣ як такони ҷиддие на танҳо барои Наврӯз Гулзода, инчунин садҳо паноҳандагони дигар ба диёри азиз гардид. Ана ҳамин ҷаҳду талошҳои Сарвари давлат буд, ки баъди ҳафт моҳ-моҳи апрели соли 1993 аз хоки давлати Исломии Афғонистон, садҳо ҳамдиёрони мо аз самти Хайратон-Термизи Ҷумҳурии Узбекистон ба воситаи ќатораҳо ба ноҳияи Шаҳритус баргаштанд.
Ҳамон ваќт ҳаќиќатан ҳам Тоҷикистон дар гирдбоде ќарор дошт, ки аз ин варта раҳоии онро бисёр сокинони мамлакат ва ҳатто кишварҳои дигар боварӣ надоштанд. Он мисли Сурияву Ироќ, Либияву Афғонистон, Украинаву як ќатор давлатҳои ноороми имрӯза ба маркази таваҷҷуҳи хабарнигорони ҷаҳон табдил ёфта буд. Рӯзноманигорони хориҷӣ ба таври шабонарӯзи вазъияти баамаломадаро ба таври худ ба ҷаҳониён паҳн мекарданд, ки на ҳамаи онҳо ба манфиати давлатдории мо равона карда шуда буданд.
Пешвои муаззам сарҷамъии сокинон ва Ваҳдати миллиро шиори асосии давлатдории хеш дониста, на танҳо гурезаҳоро аз Афғонистону дигар кишварҳо ба ҷои доимии зисташон баргардонид. Ҳамзамон бо бунёди роҳу кандани наќбҳо монеъаҳои сунъии ба ҳам наздикшавии маҳалу минтаќаҳоро бартараф намуд, ки иҷрои ин корҳо заҳмати ниҳоят калонро талаб мекард. Ин тадбир яке аз омилҳои муҳим ҷиҳати таҳкими сулҳу ваҳдат дар саросари мамлакат буда, ҳамчунин ба болоравии сатҳи иќтисодиёти ноҳияву минтаќаҳои дурдасти мамлакат мусоидат намуд.
Машъалафрӯзи роҳи Ваҳдат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо садоќату ќавлу вафо ба халќу Ватан маҳбуби ҳар як хонадони тоҷик гардидааст. Барҳаќ шоир дар васфи чунин марди асил фармудааст:

Касе к-у боварии халќро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ ҳар хонаро зебанда мегардад.

Имрӯз дар саросари мамлакати биҳиштосои мо сулҳу ваҳдат тантана дорад. Наврӯз Гулзода, ки азобу ранҷи ғарибӣ ҷангу низоъҳоро аз сар гузаронидааст, аз ин дастовардҳои Ватани азиз таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ифтихор намуда, ҳамчун соҳибватан мегӯяд:

Дафтари рангини сулҳро субҳу масо бояд навишт,
Баҳри номуси Ватан мадҳу сано бояд навишт.

Ҷангу хунрезӣ ба мо ҷуз мотаму андӯҳ надод.
Ќиссаи зебои сулҳро ҳар куҷо бояд навишт.

Он, ки бо теғи ҷафояш рехт хуни хамватан,
Роҳу расми норавояш кай раво бояд навишт.

Ашки чашми зори тифлон пеши кас аён нашуд,
Оби чашми модаронро дар сиво бояд навишт.

Дур аз оғуши Майҳан зиндагонӣ суд нест,
Зиндагиро бе канораш мунтаҳо бояд навишт.

Ай худоё, тоҷиконро ҳиммати оштӣ бубахш,
Бар дару девори масҷид ин дуо бояд навишт.

Шералӣ Мустафоќулов, Корманди шоистаи Тоҷикистон, журналист
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин