Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:25 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:58 – МАЪРИФАТИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ОҒОЗ МЕГАРДАД 
  • 14:57 – ТОҶИКИСТОНИЁНРО ДАР СОЛИ 2018 ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? 
  • 14:18 – Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

АДИБИ РОҒУНСАРО

Муаррифинома
Раҷабалӣ Аҳмад фаъолияти меҳнатии худро аз омўзгорӣ шуруъ кардааст. Солҳои 1961-1963 дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмат карда, баъди хатми аскарӣ муддате ҳамчун мусаҳҳеҳ дар нашриёти «Ирфон» ва баъдан дар рўзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба сифати ходими адабӣ ва рўзномаи ноҳиявии «Меҳнати коммунистӣ» (ҳоло «Набзи Файзобод») дар вазифаи сармуҳаррирӣ фаъолият намудааст.
Ў баъди хатми мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд дар вазифаҳои мудири шуъбаи ташкилӣ, котиби кумитаи ҳизбӣ, раиси кумитаи назорати халқии ноҳия
, директори совхоз, раиси кумитаи ҳифзи табиат, намояндаи кумитаи назди Девони Вазирони ҷумҳурӣ оид ба корҳои дин дар шаҳри РоҒун, сармутахассис-мушовири Комиссияи маркази интихобот ва райъипурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хидмат кардааст.
Раҷабалӣ Аҳмад муаллифи китобҳои «Саманди зебо» (1971), «Ҳикояҳо барои бачаҳо» (1988), «Аланга» (1993), «Бўи шир» (1979), «Манзили меҳри шумо» (1999), «Қиссаҳои Ҷамшед» (2002), «РоҒун-бахти рўзафзун» (2003), «Садоқат» (2005), «Қаламкаш» (ҷилдҳои 1 ва 2, 2007-2008), «Рўҳи матин», «Манзили меҳр» (2004), «Нидо аз РоҒун» (2016) мебошад.
Раҷабалӣ Аҳмад дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2003, барои қиссаи «Обҳои равону дилҳои пуртуҒён»), унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, буда бо ду медал, Ифтихорномаи Шўрои Олии РСС Тоҷикистон, Нишони «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, «Аълочии матбуот» ва «Фарҳанг» сарфароз гардонида шудааст. Ў аз соли 1970 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагон Тоҷикистон мебошад.
Мавсуф ҳоло вазифаи ҷамъиятии раҳбари Маркази матбуоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сохтмони иншооти аср-НБО-и РоҒунро бар уҳда дорад.
АДИБИ РОҒУНСАРО
***
Раҷабалӣ Аҳмад аз журналистон ва адибони варзидаи муосири тоҷик аст, ки дар эҷоди асрҳои баландмазмун ва замонавӣ дар насри муосир хидмати шоиста дорад. Мавсуф то имрўз асарҳои зиёд эҷод намуда ва ба нашр расондааст, аммо чакидаҳои тамоми осораш дар асари дуҷилдаи ў «Қаламкаш» (2007-2008) ҷамъоварӣ ва тақдими хонандагон гардонида шудааст. Дар китоби аввал, ки аз се бахш иборат аст, дар асоси далелу бурҳон ва санаду ҳуҷҷатҳо рўзгори пур аз ҳаводис ва пуртазоди мардони арсаи кору сиёсату фарҳангро ба қалам дода, аз онҳо хулосаҳои муҳими ҳаётӣ мебарорад.
Асарҳои Раҷабалӣ Аҳмад Ғояи баланди ватанпарастона, инсондўстона, маърифатгароёна, маорифпарварона ва таълимиву тарбиявӣ доранд. Дар онҳо инсонҳои муқтадир, инсонҳое тасвир ва тавсиф мешаванд, ки аз қудрати созандагӣ, ҷуръат, бархурдоранд ва тамоми ҳастии худро барои миллат ва кишвар бахшиданд ва дар ин роҳ аз ҳеҷ гуна меҳнату фидокорӣ дареҒ намеварзанд. Раҷабалӣ Аҳмад, ки имрўз аз адибону рўзноманигорони фаъоли кишвар аст, аз мактаби адабии рўзноманигории адибону рўзноманигорони маъруфи кишвар, аз ҷумла Ғоиб Сафарзода, Мутеъулло Наҷмиддинов, Ибод Файзуллоев, Шодон Ҳаниф, Наримон Бақоев, Одина Мираков, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Муҳаммадалишоҳ Ҳайдаршоҳ, Равшани Ёрмуҳаммад ва дигарон сабақи рўзноманигорӣ ва дарси эҷод омўхтааст. Ў ҳеҷ гоҳ роҳи осонро интихоб накардааст, балки ба масъалаҳои муҳим ва калидии ҷомеа, ки ҳалли онҳо ногузир аст ва мушкилоте, ки пешорўи кишвари соҳибистиқлоли мо қарор дорад, даст мезанад ва дар ҳалли онҳо саҳми фаъол мегирад.
Нависанда фаъолияти сардори кишварро аз замони хондану маълумот гирифтан то ба вазифаи Президентӣ расиданаш иҷмолан ба қалам дода, мақсади муаллифонро, ки нишон додани хидматҳои бузурги ин фарзонамарди миллат, ки дар шароити ҳассоси таърихӣ барои миллат ва кишвар мебошад, ба хонандагон мефаҳмонад, то онҳо ба қадри неъмати озодӣ ва истиқлол ва сулҳу ваҳдат, ки ба мушкилӣ ба даст омадааст, бирасанд. Шукри амният, шукри ҳаёти осоишта намоянд, ба дасисаю фитнаи душманони дохилию хориҷии кишвар дода нашаванд, балки бо дастони худ, бо меҳнати ҳалоли хеш кишварро обод бисозанд ва барои арзишҳои миллӣ, эҳёи анъанаву суннатҳои ниёкон аз дилу ҷон бикўшанд. Дар ин ҷода аз роҳи тайкардаи Президенти кишвар, ки саршор ва моломол аз корнамоиҳост, ибрат бигиранд, зеро, ба қавли ростини ў, «вай намунаи олии фарзанди содиқи миллати тоҷик мебошад. Ватан, якпорчагии кишвар, саодати халқ барои ў муқаддастарин ва олитарин арзиш дорад. Барҳақ, ў меъмори ваҳдат, сулҳу осоиш ва зиндагии осудаҳолона мебошад. Месазад, ки бо роҳи ў биравем, аз ў омўзем».
Нақд низ барои рўзноманигор Раҷабалӣ Аҳмад бегона нест. Ў гоҳ-гоҳ осори ҳамкасбони худро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Воқеан, мо дар адабиётамон адибони муннақид ва мунаққидони адибро бисёр дорем, ки дар ҳар ду ришта ҳам муваффақанд. Масалан, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Гулназар, Низом Қосим, Равшани Ёрмуҳаммад, Рустами Ваҳҳобзода ва Ғайра. Раҷабалӣ Аҳмад низ ин суннати адибонро пайравӣ намуда, чанде аз асарҳои ҳамкасбонашро нақду баррасӣ намудааст.
Ҳикояҳои адиб низ чун қиссаву очерку мақолоҳояш дар мавзуъҳои муҳими рўз навишта шудаанд. Дар он рўзгори мардум аз паҳлуҳои мухталиф нишон дода мешаванд. Адиб рафтору кирдори хуби ҳамзамононро ситоиш ва бади оноро накўҳиш менамояд. Дар ҳар ду маврид ҳам ҳадафи шоир панд додан ва ибрат гирифтан ва ислоҳи ахлоқи ҷомеа аст. Воқеан, инсон на танҳо аз рухдоду ҳаводиси нек, балки бад ҳам панд мегирад, яъне аз онҳо иҷтиноб меварзад, дурӣ мегузинад ва парҳез менамояд.
Бояд гуфт, ки Раҷабалӣ Аҳмад дар баробари рўзноманигору адиб будан, омўзгор ҳам ҳаст. Баъди хатми донишгоҳи омўзгорӣ муддате ба толибилмон сабақ ҳам додааст. Ҳамин касби омўзгорӣ, машҒулиятҳои иҷтимоию давлатӣ баён ва нигоҳи ўро тобиши ахлоқию таълимӣ шиз додааст. Агар ба навиштаҳои ў бодиққат назар андозем, бармало мебинем, ки қариб тамоми эҷодиёти ў ҷанбаи таълимӣ доранд. Ба ҳарфи дигар, ў рўзноманигори пандгў мебошад, яъне ҳар чизе, ки мегўяд, поёнаш, хулосааш андарзу таълим додан ба ҳамзамонон аст.
Як миқдор ҳикояҳои ў, ки махсус ба наврасон бахшида шудаанд. Ҳикояҳое аз қабили «Ҷулик ва майна», «Ҷайра ва сангпушт», «Кабки зирак», «БоҒи падар», «Хайрхоҳ», «Кайҳоннавард», «Занбўри асал» ва Ғайра ҷанбаи амиқи таълимӣ доранд. Онҳо ба наврасон на танҳо завқ мебахшанд, балки таълим ҳам медиҳанд.
Мутолиаи ин ҳикояҳо нишон медиҳанд, ки Раҷабалӣ Аҳмад на фақат барои калонсолон, балки барои хурдону наврасон низ ҳикоя менависад ва дар тарбияи ахлоқ ва завқи ҷамолшиносии (эстетикии) онҳо саҳм мегирад. Аз ин хотир, тавре ки гуфтем, ў на танҳо омўзгор, балки равоншинос ҳам ҳаст ва хусусиятҳои синну соли хонандагонро ҳангоми эҷод ба ҳисоб мегирад, зеро кўдакию наврасӣ вижагиҳои худро дорад. Нависанда бояд ин вижагиҳоро ба ҳисоб гирад ва мувофиқи завқу шавқи онҳо асар эҷод намояд.
Хулоса, Раҷабалӣ Аҳмад, ки аз ҷумлаи рўзноманигорон, адибони шинохтаи тоҷик аст, солҳост, ки қалами худро дар хидмати миллат ва кишвар гузошта, осоре дархўри аҳамият эҷод кардааст, ки аз ҳар сатру ҷумлаи он бўи муҳаббат ба Ватан ва мардумони заҳматкаши он ба машом мерасад. Агарчи мавзуи навиштаҳои Раҷабалӣ Аҳмад мутаннавеъ ва фарох аст ва дар осораш қариб тамоми мавзуъҳои ҷовидонаи адабиёт, аз қабили некиву накўкорӣ, одаму одамгарӣ, сулҳу дўстӣ, инсондўстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, дўст доштани миллат, Ватан, садоқат ва имон ба худ, зан, модар, масъулияти инсонӣ, донистану дўст доштани касби худ, ҳалолкорӣ, вафодорӣ, саъю кўшиш, талоши зиндагӣ, номи нек гузоштан, талаб ва Ғайра инъикос шудаанд, аммо ду мавзуъ мушаххасоти тамоми навиштаҳои ўро ташкил медиҳад: яке мавзуи НБО-и РоҒон, дигаре корнамоию ҷонфидоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки на танҳо истиқлолияти миллии моро ҳифз намуд, балки дар як давраи ҳассоси таърихӣ, ки неруҳои дохиливу хориҷӣ барои барҳам задани давлати миллӣ ва ташкили давлати исломӣ бархоста буданду мавҷудияти давлати миллӣ дар хатар буд, по ба арсаи муборизаву пайкор гузошт.
Зимнан бояд гуфт, ки хонанда тамоми маълумотро доир ба неругоҳи РоҒун (нависанда худ зодаи диёри РоҒун аст ва ҳар сангу дарахт, ҳар бўта ва ҳар кўҳу камари онро хуб мешиносад) ва зиндагию корнамоии Президенти кишвар ( Ғамхорӣ ва бо дастури ў сохта шудани ин сохтмон, иштироки бевоситааш дар он, ҳатто бастани пеши роҳи он ва дигар корнамоиҳояш) аз осори рўзноманигор ва адиб Раҷабалӣ Аҳмад, ба вижа осори дуҷилдааш-«Қаламкаш» ва китоби охиронаш «Нидо аз РоҒун», пайдо менамояд. Бинобар ин, мо агар хоҳем доир ба сохтмони НОБ-и РоҒон, таърихи сохта шудани он, ҳаёту рўзгори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва муборизаву корнамоӣ ва хидматҳои бузурги ў барои халқи тоҷик мавод ва маълумот пайдо намоем, бояд ин китобҳоро бихонем.
Асарҳои Раҷабалӣ Аҳмад танҳо асарҳои бадеӣ, рўзноманигорӣ, ёддошту хотираву гуфтор аз зиндагии мардуми кишвар, ба вижа НБО-и РоҒун ва нишон додани фаъолияту кору бори Президенти кишвар нест, балки сарчашмаи ахбору маълумоти муфид, хусусан роҒунномаҳои ў як донишномаанд, яъне донишномаи РоҒун, зеро хонанда аз онҳо тамоми маълумотро дар бораи ин сохтмон (аз оҒози сохта шудани он то имрўз) пайдо менамояд.
Ў дар қатори адибони дигар, аз ҷумла Бахтиёри Муртазо, Шералӣ Мусо. Равшани Ёрмуҳаммад ва дигарон, дар бораи ин сохтмон асару мақолаҳо, очерку ёддошту хотираҳои зиёд навиштааст. Бинобар ин, ў дар олами матбуот ва адаби мо ба сифати рўзноманигор ва адиби роҒуншиносу роҒунситой машҳур аст. Ниҳоят, агар асарҳое, ки ў доир ба неругоҳи НБО-и РоҒун навиштааст, аз як сў, ҳамчун як донишнома ва худаш як чеҳраи роҒуншинос пеши чашм ҷилвагар шаванд, аз сўи дигар, қиссаву очерку мақолаву хотираву ёддоштҳое, ки ў дар бораи Президенти кишвар навиштааст, осори ўро ба масобаи донишномаи ҳаёту фаъолияти Президент ва худи ўро рўзноманигор ва адиби президентшинос ва президентситой пеши чашми хонанда намоён месозанд.
Ба қавли шоири дилогоҳи муосир Парда Ҳабиб, «Қаламкаш»- Раҷабалӣ Аҳмад дар насри муосир падидаи воқеан нав аст, зеро он сарнавишти мавзеъеро тасвир намудааст, ки то кунун аз доираи насри бадеӣ берун монда буд, ҳол он ки дар ин гўша тўли асри ХХ бисёр воқеаҳо ва дигаргуниҳои ҷиддӣ рух додаанд ва он ҳама интизори тариқи бадеӣ инъикос ёфтан буданд. Фикр мекунам, ки хонандаи борикбин аз ин асар сабақи ҷиддӣ хоҳад гирифт.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин