Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ 
  • 09:40 – Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 
  • 15:01 – Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 
  • 10:30 – ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 

АНДАРЗИ ПАДАР

Вақте ки Анвар таҳсили мактаби миёнаро хатм намуда, бо номаи камол ба назди падар омад, чунин суханони табрикотии қиблагоҳро шунид:
- Муборак бошад, писарам, ки камол ёфтӣ, акнун насиҳати ман ба ту ҳамин аст, ки касби духтуриро ёд бигир, мисли Фатҳуддин ва Амиршо табибони донишманд шуда, ба халқ хизмат бикун.
Падари Анвар - ронандаи деҳа Нуралӣ Лолаев фарзандони худро дар рўҳияи меҳнатдўстӣ ва ахлоқу одоби нек тарбия намуда, мушоҳида мекард, ки хешовандонаш Фатҳуддин Шарифов ва Амиршо Раҳимов табибони ҳозиқ ва ниҳоят хушмуомила ҳастанд. Ин духтурон бисёр беморонро аз дами марг наҷот бахшида, ба обрўю эътибори баланд сазовор гардидаанд. Сокинони ноҳияи Восеъ онҳоро басе эҳтиром менамоянд. Бинобар ин падар орзу дошт, ки писараш мисли онҳо хизматгори халқу ҷамъият бошад.
Анвар ҳамин ҳидояту панди падарро раҳтўшаи худ намуда, соли 1989 аз зодгоҳаш - деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ба шаҳри Душанбе омад ва баҳри таҳсил ҳуҷҷатҳояшро дар Донишгоҳи тиббии ба номи Абўалӣ ибни Сино супурд. Ў, ки мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм намуда буд, дар имтиҳоноти қабул муваффақ шуд ва ба унвони донишҷў мушарраф гардид.
Солҳое, ки Анвар дар донишгоҳ таҳсил менамуд, давраи нобасомониҳо дар пойтахти кишвар ва дигар минтақаҳо буд. Вале ў андарзи қиблагоҳро ҳамеша ба ёд гирифта, рўзону шабон дил ба омўзиши ҳарфу ҳикмати устодон дода буд ва илму дониши худро бо корҳои амалӣ пайваста такмил мебахшид. Ҳамин тавр шаш соли таҳсил зуд сипарӣ гардид.
Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ табиби ҷавон Анвар Нуралиевич Лолаевро ба ноҳияи Восеъ фиристод. Мудири шўъбаи тандурустии ноҳия Қурбонхўҷа Усмонов ўро бо хушнудӣ истиқбол намуд ва гуфт:
- Додарам, хуб шуд, ки сари вақт ба кори шарофатманди табибӣ омадӣ. Ҳамин рўз сардухтури дармонгоҳи деҳоти Қайнар ба рухсатии думоҳа иҷозат гирифт, вале аз ваҷоҳаташ маълум буд, ки бозпас намеояд. Бо боварии бузург туро ба ҷои вай сардухтури дармонгоҳи деҳот таъин менамоям ва ба корат муваффақият хоҳонам.
Ба ин дармонгоҳи деҳот, ки Анвари ҷавон масъул шуд, сокинони қишлоқҳои Қайнари Боло, Қайнари Поён ва Гулистон вобаста буданд. Дар моҳҳои таътили солҳои таҳсилоташ ў дар ин муассиса боре таҷрибаомўзӣ карда буд, акнун сардухтури ҳамин шифохона таъин шудааст ва пешрафту тавфиқи кор ба маҳорати роҳбарию табибии ў иртибот дорад.
- Ҳамон вақт бисёр сокинони деҳот ба бемории гулўзиндонак гирифтор буданд,- оғози фаъолияти табибии худро ба ёд меорад Анвар Нуралиевич,- ҳатто чанд нафар бар асари ин касалӣ фавтидаанд. Дар шифохона 12 нафар кормандон фаъолият доштанд, ки инҳо хоҳарон ва бародарони шафқат, момодояҳо ва фелдшер буданд. Ман сабақҳои устодонро ба ёд оварда, ҳам бо муолиҷа, ҳам бо ҷилавгирии ин бемории хавфнок машғул гардидам.
Он солҳо аз тарафи ҳукумат ёрии башардўстона дода мешуд. Доруҳои бо ин роҳ воридшударо моҳирона истифода бурда, беморон муолиҷа меёфтанд. Ба тўли ду соли муборизаи хастагинопазир бемории гулўзиндонак дар ин минтақа барҳам хўрд. Лекин бо супориши сардухтури дармонгоҳ эмкунӣ давом дода шуда, барои ҳифзи саломатии мардум мубориза давом ёфт. Барҳам хўрдани бемории гулўзиндонак ғалабаи аввалини табибии Анвар Нуралиевич ҳисоб меёфт.
Баъд аз ду соли хизмат дар ин дармонгоҳ Анвар Нуралиевичро ба маркази саломатии рақами 7-и шаҳри Душанбе ба кор даъват намуданд. Дар ин ҷо ў ба сифати табиби минтақавӣ ифои вазифа намуд. Аз хизмати ў қариб 10 ҳазор нафар сокинони кўчаҳои ба номи Р.Набиев, Яккачинор истифода мебурданд. Сонитар дар ин маркази саломатӣ ў ҳамчун табиби навбатдор фаъолият кард.
Соли 1999 Анвар Нуралиевич бо пешниҳоди профессор Шералӣ Фозилович Раҷабалиев дар кафедраи неврологӣ 4 моҳ такмили ихтисос намуда, тахассуси табиби асабшиносиро омўхт.
- Дар омўзиши ин маслаки духтурӣ,- мегўяд Анвар Нуралиевич,- ман аз маслиҳатҳои профессор Ш.Ф.Раҷабалиев ва устоди пуртаҷриба Хайрулло Назруллоевич Иззатов хеле зиёд истифода намудаам.
Ба ҳамин минвол Анвар Нуралиевич дар маркази саломатии мазкур ба сифати табиби асабшинос ба кор шурўъ намуда, таҷрибаи бисёр андўхт. Ва алҳол ў дар вазифаи мудири шўъбаи асабшиносӣ хизмат карда истодааст.
- Сабабҳои пайдоиши бемориҳои асаб зиёданд,- мегўяд Анвар Нуралиевич,- аслан касалиҳои асаб аз лиҳози паҳншавӣ баъди бемориҳои дил ҷои дуюмро ишғол менамоянд.
Манбаъҳои пайдоиши ин беморӣ бисёранд: вобаста ба синну соли одам рагҳои хунгарди мағзи сар иллат меёбанд, истифодаи зиёди нўшокиҳои спиртӣ, тамоку, муаммоҳои оилавӣ ва кор низ ба ривоҷи бемориҳои асаб меоваранд. Мутаассифона, дар ягон мамлакати дунё, ҳатто дар кишварҳои абарқудрат ҳам бемориҳои фишорбаландӣ, диабети қанд табобатшаванда нестанд. Инҳо одамро ба фалаҷи мағзи сар гирифтор карда метавонанд.
Анвар Нуралиевич ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷрибаи бемориҳои асабшиносӣ маслиҳат медиҳад, ки беморон бояд сари вақт ба табибон муроҷиат намоянд. Ва фармудаҳои ононро саҳеҳ иҷро бикунанд.
- Аслан ҳар як шахс бояд ба вазъи саломатии худ дақиқона муносибат дошта бошад,- таъкид менамояд Анвар Нуралиевич,- дар ин ҳолат ў табиби худ шуда метавонад.
Бузургони тибби қадимаи мо, тоҷикон Абўалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ парҳездор будан ва мувофиқи миҷози худ таом истеъмол карданро насиҳат намудаанд. Агар ҳар як кас барои пешгирии бемории худ кўшиш намояд, саломатии ў то дер хуб мешавад ва минбаъд муолиҷаи чунин бемор ҳам осон мегардад. Ба шўъбаи бемориҳои асаби маркази саломатии рақами 7-и пойтахт бисёр иштирокдорони ҷанги Афғонистон низ муроҷиат мекунанд. Онҳо аз бемориҳои асаб шикоят менамоянд.
- Ин маълум аст,- мегўяд Анвар Нуралиевич,- ҳар ҷанговаре, ки дар амалиёти ҳарбии ин кишвар ширкат варзидааст, албатта, гирифтори ягон бемории асаб мебошад. Табибони шўъбаи мо ҳамеша омода ҳастанд, ки ба собиқадорони ҷанги Афғонистон сари вақт кўмакҳои маслакӣ расонанд. Онҳо дар вақташ бо супориши Ватан ба ин мулк раҳсипор шудаанд ва мо онҳоро ҷанговарони башардўст мегўем ва дар муолиҷаи бемориҳои онон доимо тайёрем! Табиби ҳозиқ шуда, хизмати халқро анҷом додан барои Анвар Нуралиевич панду насиҳати якумраи падар буд...



Бахтиёри МУРТАЗО
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин