Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

ШАРОИТҲОИ ТАБИИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба таври амудӣ дигаргуншавии ландшафтҳои табиии мамлакати мо ҷалб месозад

Соҳаи сайёҳӣ аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти ҷаҳон буда, дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои берунӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши арзанда бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, кишоварзӣ, фарҳанг ва санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум таъсири мусбат мерасонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Доир ба ин ва дигар мавзӯъҳо вобаста ба рушди туризм муаллими калони кафедраи туризм ва методикаи таълими факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Шоймардон СОДИҚОВ зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин изҳори андеша кард:
— Дар натиҷаи омӯзишу тадқиқоти бисёрсолаи олимон ва мутахассисон муайян карда шуд, ки қаламрави Тоҷикистон дорои имкониятҳои бузурги сайёҳӣ мебошад. Хусусияти шароити табиӣ–географӣ дар пайдоиш, инкишоф ва ташкили ҳудудии комплексҳои сайёҳӣ ва рекреатсионӣ (дамгирӣ) таъсири назаррас дорад ва дар раванди интихоби ноҳияҳои истироҳатию саёҳатӣ нақши бузург мебозад. Дар бештари мавридҳо сайёҳон хусусиятҳои ландшафт, иқлим, олами набототу ҳайвонот, имкониятҳои ба варзиш машғулшавӣ ва ғайраро ба назар мегиранд. Ташкили ин ё он намуди фаъолияти туристӣ-рекреатсионӣ омӯзиши хусусиятҳои табиию географии ноҳияро талаб мекунад.
Дар ташкили ҳудуди сайёҳӣ нақши асосиро мавқеи географии мамлакат ё ноҳия мебозад. Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, релефи онро қаторкӯҳҳои баланд ва ҳамвориҳои байникӯҳӣ муайян мекунанд. Барои сайёҳон ба таври амудӣ дигаргуншавии ландшафтҳои табиии кишвар ниҳоят тааҷҷубоваранд.
Релефи кӯҳии қисматҳои алоҳидаи Тоҷикистон, аз ҷумла, дараҳои Варзоб, Ромит, Камароб, мавзеи Балҷувон, кӯҳсори Фон ва кӯҳҳои барфпӯши Бадахшон барои ташкили истироҳату фароғат, табобат, варзиш ва кӯҳнавардӣ заминаҳои мусоид ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин дар водиҳои кӯҳӣ, ки ағбаҳои дастрас ва бехавф доранд, кушодани роҳҳои сайёҳии шавқовари кӯҳии пиёдагардӣ, ки дорои категорияҳои гуногун бошанд, имконпазир аст.

Дар ташкили ҳудудии фаъолияти сайёҳӣ ва рекреатсионӣ таъсири омилҳои иқлимӣ низ зиёд аст. Дар Тоҷикистон ба ғайр аз иқлими минтақаҳои экваторӣ ва тропикӣ дигар тамоми намудҳои иқлими хушки сайёра мавҷуданд. Аз маълумоти мавҷуда бармеояд, ки дар Тоҷикистон давомнокии нурафкании офтоб махсусан дар тобистон хеле зиёд мебошад. Боигарии гармии офтоб барои инкишофи соҳаи сайёҳӣ, истироҳату фароғат ва кишоварзӣ омили асосӣ ба ҳисоб меравад. Шароити иқлимие, ки дар махсусгардонии комплексҳои сайёҳӣ ва рекреатсионӣ таъсир мерасонад, имкон медиҳад, ки дар ҳудуди Тоҷикистон истироҳати зимистона ва якчанд намуди туризми варзишӣ ташкил карда шавад. Асосан барои инкишофи соҳаҳои номбурда минтақаҳои миёнакӯҳӣ, ки аз сатҳи баҳр аз 1000 то 2000 метр баландӣ доранд, мусоид мебошанд. Мисоли равшани он Сафеддара аст.
Агар аз нуқтаи назари сайёҳӣ ва рекреатсия баҳо диҳем, аксари дарёҳои Тоҷикистон барои истифода мусоиданд. Зеро дарёҳои мо аз кӯҳҳои осмонбӯс ва зери тармаҳо сар шуда, манзараи дилкашеро дороанд. Дарёҳои кӯҳие, ки қисми зиёди водии онҳо бо ҷангал пӯшида шудаанд ва роҳҳои пиёдагард доранд, барои ташкил намудани хатсайрҳои кӯҳии пиёдагардӣ заминаи асосӣ ба ҳисоб мераванд. Масалан, дар водиҳои дарёҳои Сурхоб (Камароб), Хингоб, Ванҷ, Бартанг, Шоҳдара, Зарафшон (Шинг, Фон, Киштут), Кофарниҳон, Варзоб ва ғайра ташкили хатсайрҳои гуногуни сайёҳӣ имконпазир аст. Ҳангоми муайян намудани дурнамои инкишофи туризм ва рекреатсия нақши асосиро захираҳои обҳои маъданӣ- лойи шифобахш мебозанд. Аз таҷрибаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки дар заминаи чашмаҳои маъданӣ осоишгоҳҳои бузург сохтан мумкин аст. Масалан, осоишгоҳҳои «Карлови Вари» дар Чехия, «Пояно Брашов» дар Руминия, «Схалтубо» ва «Баржоми»дар Гурҷистон бисёр машҳуранд.

Ҳамсуҳбати мо зикр намуд, ки муҳити табиии Тоҷикистон бисёр мураккаб аст ва дар натиҷаи ҳодисаҳои геологӣ дар тӯли миллионҳо сол дар ин мавзеъ навъҳои зиёди обҳои шифобахш пайдо шудаанд. Мувофиқи хусусиятҳои табиию орографӣ, чашмаҳои маъдании кишвар нобаробар ҷойгир шуда, аксарияти онҳо дар қисмҳои кӯҳдоман вомехӯранд. Ҳоло дар Тоҷикистон қариб 220 чашмаи маъданӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки обҳои ин чашмаҳо хусусияти табобатӣ доранд ва мардуми маҳаллӣ аз қадим инро дониста, онҳоро барои муолиҷа истифода мебаранд. Ҷашмаҳои машҳури Тоҷикистон «Хоҷа-Обигарм», «Оби-Гарм», «Шоҳамбарӣ», гармчашмаи «Калтуч», чашмаҳои маъдании «Анзоб», «Гармчашма». инчунин чашмаҳои обашон гарму хунуки «Чилучорчашма», «Яшилкӯл», «Қизилработ» ва «Ҷелондеҳ» ба ҳисоб мераванд. Дар заминаи ин чашмаҳо то ҳол якчанд осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо бунёд шудаанд, аммо талабот ба чунин обҳо боз ҳам зиёдтар аст. Зиёд будани шумораи чашмаҳои маъданӣ дар инкишофи комплекси сайёҳию рекреатсионӣ таъсири зиёд мерасонад. Аз ин рӯ, ҳангоми сохтан ва ҷойгир намудани иншооти сайёҳӣ ва рекреатсионӣ бояд ҳаминро ба назар гирифт, ки ин гуна иншоот дар наздикии мавзеи ҷойгиршавии чашмаҳо бояд сохта шаванд, зеро чӣ қадаре, ки об ба масофаи дуртар ҷорӣ шавад, ҳолат ва таркиби он тағйир ёфта, қобилияти табобатиашро гум мекунад.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, ҷангалзор низ дар ташкили ҳудуди сайёҳӣ ва рекреатсия нақши муҳим мебозанд. Ҷангалзори кӯҳӣ муҳити оромкунандаеро ба вуҷуд меоранд, ки ин барои сайёҳон хеле зарур мебошад. Аз ин рӯ, инкишофи осоишгоҳ ва минтақаҳои истироҳатӣ ҳамеша бо шинонидани дарахтони ороишию сояафкан ва бунёди боғҳо вобастагӣ дорад.
Шоймардон Содиқов мегӯяд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиию рекреатсионие мебошад, ки барои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Омилҳои зикршударо ба инобат гирифта, соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ эълон гаштааст. Асоси иқтидори соҳаи сайёҳии Тоҷикистонро шароити нодири табиӣ-географӣ, манзараҳо дар якҷоягӣ бо муҷассамаҳои сершумори таърихӣ, мероси фарҳангӣ ва этникии мардуми Тоҷикистон дар давраҳои мухталифи таърихӣ ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити таҳияи маводи туристии миллӣ дар заминаи ёдгориҳои нодири осори фарҳангию таърихӣ ва хусусиятҳои табиию рекреатсионии хизматрасонии туристӣ, воридоти бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

Бузургмеҳри ТОҶИДДИН,
АМИТ «Ховар»
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин