Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:25 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:58 – МАЪРИФАТИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ОҒОЗ МЕГАРДАД 
  • 14:57 – ТОҶИКИСТОНИЁНРО ДАР СОЛИ 2018 ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? 
  • 14:18 – Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

ҲАМҚАДАМИ ВАҲДАТ

Муаррифиномаи Ғазалшо САФАРЗОДА

27 июни соли 1977 ба дунё омадааст. Соли 2000-ум факултаи филологияи тоҷики ДДК ба номи А Рӯдакиро бо дипломи аъло хатм намудааст. Соли 2015 факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ-ро бомуваффақият хатм намуд. Фаъолияти меҳнатии худро соли 2000-ум ба сифати омӯзгори мактаби миёна оѓоз намудааст. Солҳои 2003-2009 котиби масъули рӯзномаи «Гулистон» буд. Солҳои 2009-2011 мудири шуъбаи иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аз соли 2011 то инҷониб мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор мебошад.
Ғолиби озмуни «Муаллими сол-2005», Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти ҶТ мебошад. Дар мавзуи «Рушди маорифи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб» рисолаи номзадӣ ҳимоя менамояд.
Баъди пош хўрдани давлати абарқудратӣ дунё-Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистони азизи мо низ чун дигар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ соҳибистиқлол гардид. Ғазалшоҳи наврас он рӯзҳои фараҳбахшро нағз дар хотир дорад. Дар мактаби миёна мехонд. Омӯзгорон ба шогирдон оиди соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ нақлҳои љолиб мекарданд. Насли наврас ва кулли мардум аз соҳибихтиёр ва соҳибистиқлол гардидани кишвар ифтихор доштанд.
Аммо баъди гузаштани начандон муддати зиёд фазои софу беғубори Тоҷикистони азизро абрҳои тираю тор фаро гирифт. Аз ҳар сӯ бӯи борут меомад. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар шуд. Ѓазалшо њар саҳар тариқи радио ва телевизион аз авзои ҷамъиятию сиёсии кишвар бохабар мешуданд. Вазъи ҷумҳурӣ рӯз то рӯз муташанниҷ мегардид. Дар кӯча ҳама бо табъи хира ва дилҳои ѓуборолуд бо ҳам суҳбат мекарданд. Ҳамаро маъсият ва ноумедӣ фаро гирифта буд. Қариб ҳар рӯз дар ягон деҳа ҷаноза буд. Ноҳияҳои Вахш, Бохтар, Сарбанду Қумсангир аз ҳама нуқтаҳои даргири ҷанги шаҳрвандӣ буданд.
Устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ дар шеъри «Ҷабри таърих» навиштааст:
Ҷабри таърих ягон қавм надидааст, ки мо,
Заҳри таърих нажоде начашидааст, ки мо.
Миллате зери фалак бо ҳама фарҳанги сутург,
Ин қадар зиллату хорӣ накашидааст, ки мо.
…Оҳу афсӯс, ки дар ҳошияи таърихем,
Ин ҳама фоҷиаро даҳр надидааст, ки мо.
Ғазалшоҳи наврас ҳар саҳарӣ баъди хӯроки субҳона бо ҳамроҳии модараш ба пахтазор мерафт. Ӯ дар коркарди пахта (чобуқ, чеканка) ба модараш ёрӣ медод.
Рӯзе Ғазалшоҳ ба модараш гуфт:
- Модарҷон агар ҷанг тамом нашавад, ман зодрӯзамро чӣ хел ҷашн мегирам?
-Иншоаллоҳ оянда ҳамааш хуб мешавад. Ҷанг зуд ба охир мерасад- гуфт модари мушфиқу меҳрубонаш Бибифирӯза (руҳашон шод бод) бо чунин мисраҳои шеърии Ҳофизи Шерозӣ ӯро таскин медод:
Чархи гардун як ду рӯзе бар муроди мо нашуд,
Доиман яксон намонад ҳоли даврон ѓам махӯр.
Бо хоҳишу кӯмаки модар Ғазалшоҳ 27 июн зодрӯзашро бо ҳамсинфон бо зиёфати оддию хоксорона гузаронид.
Як муддате бо сабаби шиддат ёфтани низоъҳои мусаллаҳона ва муқовимати қувваҳои даргир собиқ вилояти Кӯлоб дар муҳосираи иқтисодӣ монд. Нон ва дигар маводҳои озуқа намерасид. Мардум аз гуруснагӣ сахт азоб мекашид.
Бо пешниҳоди роҳбарони собиқ хоҷагии ба номи Ленин якчанд нафар мардони деҳа бо фарзандонашон барои ѓундоштани ҳосили ѓалла ва дигар зироатҳои донагӣ ба мавзеи Олимтой рафтанд. Ғазалшоҳ низ ҳамроҳи падараш усто Ғулом аз ҳамдеҳагони худ қафо намонданд.
Онҳо 5 шабонарӯз дар Олимтой монданд. Нисфи ҳосили ҷамъовардаашонро ба хоҷагӣ супориданду нисфи дигарашро ба хона оварданд. Ғазалшоҳи наврас лаззати гуруснагию ташнагиро чашид ва азоби бедорхобию шабзиндадориро аз сар гузаронид. Акаи Ғулом писарашро, ки аллакай мард шудааст, дар паҳлӯяш дида, дилаш боқувват мешуду аммо азобҳои ӯро дида, ѓам мехӯрд, гиря гулўгираш мекард.
Ғазалшоҳ барои хона як халта гандум ва 15 кило наску нахуд ҷамъ намуда, ҳамроҳи падараш ба деҳа баргаштанд. Акаи Ғулом, ки худ устои барқ буд, аз рӯи таҷрибааш осиёб сохт. Мардуми деҳаи Шафтолубоѓ ба гирду атрофи он ба осиёби усто Ғулом омада гандум орд мекарданд. Падар, ки бештари вақт ба корҳои худ банд буд, ба Ғазалшоҳ мегуфт:
-Писарам аз одамоне, ки гандуму ҷави кам меоранд, музди осиёбро нагир. Ин ба онҳо кӯмак мешавад. Аллбата, ин рӯзҳои сахту ноумедӣ мегузарад. Ба ояндаи нек мерасем.
Дар натиҷаи шиддат ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ, аз ҷониби гуруҳҳои ѓайриқонунии силоҳбадаст ва сиёҳкор як қисми мардуми водии Вахш манзилҳои доимии худро тарк намуда, гуреза шуданд. Қисми зиёди онҳо ба кишвари Афѓонистон фирор намуданду як қисмашон аз ноҳияи Вахшу Панҷ ва Қумсангир ба ноҳияи Фархор гуреза шуда омаданд. Қисми зиёдашонро дар бинои мактаби деҳаи Шафтолубоѓ ҷой доданд.
Ғазалшоҳ ҳар рӯз ҳамроҳи хоҳараш аз рӯи хоҳиши модари бузургаш, ки кампири ниҳоят дилсӯзу меҳрубон буд, дар як зарфи калон хӯрок ва чою нон гирифта, ба назди гурезаҳо мебурд.
Аз сабаби нарасидани қувваи корӣ, комбайну дигар техникаҳои кишоварзӣ ҷамъоварии ҳосили ѓалладонаҳо кашол ёфт. Барои ҳамин дар байни ѓаллазор бисёр алафу гиёҳҳои заҳрнок пухта расиданд. Баъди истеъмоли ѓаллаи ҷамъоваришуда, дар байни мардум бемории гепатити заҳрнок (варами ҷигар ва шикам) авҷ гирифт. Беморхонаҳо аз касалиҳо пур шуданд. Ҳатто боѓчаи бачагонаи деҳаро ба беморхона табдил доданд. Мутаасифона бо вуҷуди хизматрасонии тиббӣ садҳо нафар гирифторони ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд. Аз ҷумла, директори муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 4 Давлатшо Саидов бо якчанд аъзои оилааш аз ин беморӣ фавтиданд.
Қувваи хирад ѓалаба карду бо мақсади ташкили ҳукумати нави конститутсионӣ ва аз байн бурдани хавфи якпорчагии кишвар дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор оѓоз намуд.
Дар давоми 17 рӯз таваҷҷуҳи ҳамаи мардуми кишвар ба кори Иҷлосия нигаронида шуда буд, ки тақдири ояндаи ҷумҳурӣ чӣ мешуда бошад?
Роҳбари тозаинтихоби кишвар ҷавонмарди ҷасуру матинирода муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Иҷлосия баромад карда, чунин иброз намуд:
«Ман ба хонадони Шумо сулҳ меорам». Ин суханон дар дили мардум шуълаи умед ба ояндаи нек пайдо кард. Вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Фархор Ҷурахон Неъматов ва Нуриддин Олимов баъди бозгашт аз Хуҷанд бо мардум вохӯрда, нуқтаҳои муҳими Иҷлосияро фаҳмониданд. Мардум акнун ба дили пур ва боварӣ баҳри ободкорию созандагӣ ва шукуфоии кишвари азиз камари ҳимат бастанд.
Ҳадяи дигари тақдир барои мардуми Тоҷикистон ин ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад. Ин воқеаи бузургу фаромўшнашаванда мардуми шарифи кишварро барои ояндаи неку дурахшон боз ҳам руҳбаланд гардонид. Ғазалшоҳ Сафарзода донишҷӯ буду ҷашни 20 солагии зодрӯзаш ба рӯзи 27-июни соли 1997 рӯзи Ваҳдати миллӣ рост омад. Имсол бошад дар рӯзи ҷашни 20 -солагии Ваҳдати миллӣ ҷашни зодрӯз дорад. Ба синни мубораки 40-солагӣ қадам мемонад.Ӯ мегӯяд, ки ин сана бароям муқадассу фаромӯшнашаванда ва бахосият аст.
Имрӯз мо бояд аз худ бипурсем, ки Ваҳдат ба мо чӣ дод? Ва боз бигўем, ки мо барои пояндагии Ваҳдати миллӣ чӣ кор кардем?
Бо ташаббусу дастгирии ӯ ҳамчун мудири шўъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоати деҳоти Фархор бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ барои сад нафар кӯдакон бинои нави муассисаи таълимии томактабӣ ба номи «Ваҳдати миллӣ» ба истифода дода мешавад.
Ғазалшоҳ Сафарзода ба Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон ташаккур мегӯяд, ки дар давраи роҳбариашон ҳамчун Сарвари давлат 5 маротиба ба ноҳичяи Фархор ташриф оварданд. Дар ҳар сафари кориашон бо мардум вохӯрда, онҳоро дилбардорӣ карда мегӯяд. Осуда бошед, нигаронӣ накунед. Иншоаллоҳ агар мо ҳамаамон ҳамфикру ҳаммаром бошем, муттаҳид шавем, Тоҷикистони азизамонро ободу зебо гардонида ба як кишвари биҳиштосо ва афсонавӣ табдил медиҳем.
Ғазалшоҳ Сафарзода худро хушбахттарин инсон меҳисобад, зеро сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Худро ҳамболи Ваҳдат медонаду чунин андешаҳо дорад:
-Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кишвари ободу зебо ва афсонавӣ мубаддал мегардад. Бояд Ваҳдати миллиро чун гавњараки чашм ҳифз намоем.-Панди таърихро касе медонад, фиреб намехӯрад. Бигзор пояндагии Ваҳдати миллӣ зарбае ба душманони мо бошад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин