Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ 
  • 09:40 – Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 
  • 15:01 – Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 
  • 10:30 – ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 

ВАТАН

Ватан, ту ифтихори мо, сафои рўзгори мо,
Ту тахти мо, ту бахти мо, ту шаъну эътибори мо.
Ту марзи поки бегазанд, сарои халқи сарбаланд,
Зи туст ҳар барори мо, зи туст иқтидори мо.

Ту сарзамини Ориён, зи рафтагони мо нишон,
Туӣ ба арсаи ҷаҳон дари умеди тоҷикон.
Ту кишвари саодатӣ, ту қиблаи ибодатӣ,
Туӣ биҳишти ҷовидон, ҳумои бахтро макон.

Ту давлати ягонаӣ, ту лоиқи замонаӣ,
Ту устувору мустақил ба роҳи худ равонаӣ.
Азизиву муқаддасӣ, бузургу бекаронаӣ,
Ту меҳри гарми қалби мо, ту ишқи ҷовидонаӣ.

Фурўғи ту, ҷалоли ту зи файзи сулҳу ваҳдат аст,
Футўҳи ту, камоли ту зи файзи сулҳу ваҳдат аст.
Ба сангари вафои ту ситодаем бар ба бар,
Шукўҳи безаволи ту зи файзи сулҳу ваҳдат аст.
Мирзо ФАЙЗАЛӢ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин