Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:24 – Мулоқот бо прокуророни генералии давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ 
  • 16:21 – Масъуди Сипанд, адиби эронитабори Амрико: «Эмомалӣ Раҳмон абармарди таърихи Тоҷикистон аст» 
  • 10:36 – ПЕШРАФТИ МУРҒОБ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАНСУБ АСТ 
  • 16:51 – ҲАР КӢ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ… 

ОМӮЗАҲОИ ОМӮЗАНДАИ «ҶАНГ» ВА СУЛҲИ ТОҶИКОН

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
(Рӯдакӣ)
Тоҷикистон дар 21 соли даврони мубораки истиқлоли давлатӣ дастовардҳо, бидуни шак, зиёд дорад, аммо муҳимтарин ва бузургтаринаш ҳамоно дарёфти сулҳу оштӣ буд. Гузашта аз ин, бисёре аз комёбиҳои он маҳз аз баракати ҳамин сулҳу оштӣ аст. Иқтисодшиноси номии тоҷик академик Талбак Назаров, ки худ дар истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ нақши бузурге дорад, дар таҳқиқоташ ба натиҷае омадааст, ки оғози болоравии иқтисоди ҷумҳурӣ маҳз баъд аз ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» дар 27 июни соли 1997 ба мушоҳида мерасад.
Дар бораи он ки таҷрибаи дар зоти худ нодири сулҳи тоҷикон на танҳо аҳаммияти дохилимиллӣ, балки арзиши муҳимми байналмилалӣ низ дошт, таваҷҷӯҳи фавқулодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфуз ба он гувоҳӣ медод. Дабири кулли вақти СММ Кофе Анан дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои амнияти СММ таъкид намуда буд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон сазовори он аст, ки ҳаматарафа омӯхта шавад.
Сулҳи Тоҷикистон яке аз амалиёти бобарори сулҳофаринии СММ ба шумор меравад. Муқовимат дар кишвари мо дар кӯтоҳтарин муддат дар севуним сол ё 1171 рӯз ба сулҳу оштӣ расид. Ҳол он ки низоъҳои дигар, аз қабили низоъҳои арабҳову исроилиён, арабҳову фаластиниҳо, инглисиҳову ирландиҳо, арманҳову озариҳо, покистониҳову ҳиндиҳо ва ғайра солҳои сол идома доранд ва аз ҳаллашон дараке нест.
Сабаби аслии барори фаъолияти сулҳофаринии СММ дар Тоҷикистон, ба назари ман, дар он буд, ки талошҳои сулҳхоҳонаи саривақтии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ба манфиатҳои миллии худи тоҷикон ва кишварҳои манфиатдори қазияи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, Русия ва Эрон, созгор омад. Идомаи муқовимати мусаллаҳона на танҳо ба манфиати тарафҳои даргири тоҷик набуд, балки ба манфиатҳои геополитикии Русия, Эрон ва кишварҳои минтақа низ рост намеомад.
Муқовимати сиёсию низомие, ки 5 майи соли 1992 дар байни нерӯҳои сиёсӣ ва маҳаллии онвақтаи ҷумҳурӣ оғоз гардид, пасон, ба таъбири бисёр дақиқ ва дурусти Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, ба «ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ» табдил ёфт. Бо сипарӣ шудани се соли муборизаи шадиди мусаллаҳона, расонидани хисороти ҳангуфти ҷонию молӣ, бе хонаю бе ҷою макон гардидани садҳо ҳазор шаҳрвандони мамалакат тарафҳои даргири тоҷик ва роҳбаронашон ба натиҷае омаданд, ки на танҳо ҳеч яке аз онҳо на дар танҳоӣ ва на дар ҳамдастӣ бо кишварҳои ҳавохоҳашон ба ғаразҳояшон намерасанд, балки бо идомаи он хавфи аз миён рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва халалдор шудани тамомияти арзии он бештар мегардад. Сардори Давлат ва Ҳукумати ҶТ 26 июни соли 2004 дар арафаи ҷашни Рӯзи ваҳдат аз мавҷуд будани нақшаи ба се бахш тақсим кардани хоки Тоҷикистон – Ҷумҳурии Бадахшон, ба ном минтақаи озоди Хуҷанд ва қисмати ҷануби Тоҷикистон дар он солҳо дарак дода буд. Дар чунин вазъияти ҳассос маҳз дарки зарурати ҳифзи якпорчагӣ, тамомияти арзӣ ва давлатдориву давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон аз тарафи ҷонибҳои сулҳи тоҷикон ва аксарияти кулли мардум кишвари моро аз порашавӣ, миллатро аз беватанию бедавлатӣ, аз беномунишонию бандагӣ раҳонид. Хиради азалии миллии роҳбарони мӯҳтарами ҳар ду тарафи сулҳи тоҷикон – Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамчун сиёсатмадорони варзида боз дар он зоҳир гашт, ки онҳо тавонистанд аз фурсати ба ҳам муносиб омадани манфиатҳои кишварҳои зидахл моҳирона истифода намоянд. Худо нахоста, агар онҳо ин фурсати муносибро аз даст медоданд, ба даст овардани сулҳу салоҳ дар кишвар ё сахт душвор мегардид ва ё ба вақти номуайян ба таъхир меафтод.
Зарурати дарки манфиатҳои миллӣ он вақт бар ҳамаи хоставу ғаразҳои гурӯҳию мазҳабӣ, маҳаллию қавмӣ, мансабталошию молу сарватҷӯиҳо бартарӣ ёфта буд, онҳоро фурӯ нишонда, пахш карда буд. Натиҷаи ҳамин боло гирифтани дарки ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар ҷомеаи тоҷик ва мавридшиносии фавқулода буд, ки мо ба шарофати онҳо ба дарёфти оштии миллӣ ва сулҳу салоҳ, ризоият, оромиву осудагӣ мушарраф гардида, ба озодии баён ва эътиқод, чандандешӣ, низоми бисёрҳизбӣ, таъсиси ниҳодҳои демократӣ ва шаҳрвандӣ рӯ овардем.
Сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ вақте устувор ва бебозгашт мешаванд, ки агар онҳо ба фарҳанги сулҳи ҷомеа табдил ёбанд. Ин марҳала, ки дар низоъшиносӣ бо номи сулҳсозӣ ё эҷоди сулҳ ёд мешавад, аз лиҳози аҳаммият камтар аз марҳалаи сулҳофаринӣ нест, балки бештар мебошад.
Мисли он ки дар марҳалаи аввал дӯстони хориҷӣ дар симои кишварҳои аъзои СММ ва дигар созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ба мо дасти мадад дароз карда буданд, дар марҳалаи дувум низ маҳз онҳо ташаббус нишон доданд ва чанд лоиҳаи вижаеро ба омӯхтани таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва амалӣ гардонидани дастовардҳои он дар ҷомеаи тоҷик ихтисос доданд. Ин тарҳҳо, бидуни шак, заминаи мусоиди назарӣ ва амалиро барои то ба ҳар фарди ҷомеаи тоҷик расондани сабақҳо ва дастовардҳои асосии сулҳи тоҷикон фароҳам сохтанд ва аз ин ҷиҳат аҳаммияти фавқулода бузурги илмӣ ва амалӣ доранд.
Аммо бо таассуф бояд эътироф кард, ки бо ин ҳама ҳанӯз ҳам ҷомеаи тоҷик бо сипарӣ шудани чаҳордаҳ сол аз натиҷаҳои раванди сулҳ ва сабақҳои он ба андозаи лозима маълумоти саҳеҳ ва дуруст надорад. Ба замми ин дар ин фосилаи замонӣ насле ба воя расид, ки аз асли воқеаҳои солҳои навадуми асри гузашта ва раванди сулҳу оштии миллӣ бехабар аст. Ба ҳамин иллат аст, ки ҳанӯз ҳам дар ҷомеа бо тасаввуроти барғалате рӯбарӯ мешавем, ки гӯиё он солҳо ду гурӯҳи мансабхоҳ: яке – «барқароркунандагони сохти конститутсионӣ» ва дигаре – «муллоҳои демократмаоб», аввал, бо ҳам ҷангиданд ва сониян, оштӣ карданду мансабҳоро байни ҳам тақсим намуданд.
Онҳое, ки дар бораи воқеъаҳои басо мураккаби он солҳои барои кишвар наҳс ва раванди пуршебу фарози сулҳи тоҷикон чунин тасаввури содалавҳона ва дур аз воқеъият доранд, бехабар аз онанд, ки дар асл ин муноқишаву низоъ миёни минтақаҳо ва нерӯҳои сиёсӣ ва мардумии Тоҷикистон, агар дуруст ва мунсифона мулоҳиза шавад, тарҳрезшуда ва таҳмилӣ аз хориҷ буд. Имрӯз намояндагони он кишварҳое, ки дар «воқеъаҳои Тоҷикистон» мустақиман даст доштанд, мисли Владимир Квачков, раҳбари собиқи бригадаи 15 ГРУ (Сарраёсати иктишофии Русия), Александр Мусиенко, афсари бригадаи мазкур, Сергей Колосов ва Александр Сухолесский, афсарони хадамоти махсуси бригадаи 16 ГРУ ва дигарон ниқобҳои сиёҳро аз рӯй гирифта, дар китоби хотирот ва мусоҳибаҳои интернетии худ мегӯянду менависанд, ки «тобистони соли 1992 вақте дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд, бо фармони вазири мудофиаи Ӯзбекистон Рустам Аҳмадов мо барои «барқарор намудани сохти конститутсионӣ» ба Тоҷикистон рафтем».
Ҳамватанони мо бехабар аз онанд, ки кишварҳои манфиатхоҳи минтақа ва дуру наздик он солҳо бо сӯистифода аз ноаҳлӣ ва ноиттифоқии мо дар ҳалли масъалаҳоямон ба корҳои дохилии кишварамон ба таври ошкоро ва бе ҳеч истиҳола дахолат менамуданд ва бо дасти худиҳоямон теша ба решаи ваҳдати миллат ва давлату давлатдории миллиамон мезаданд. Ин «дӯстони нонии» мо ҳанӯз ҳам аз ниятҳои шуми худ даст накашидаанд ва дар паси дару деворҳои мо гӯш ба қимор истодаанд ва тайёранд, ки бо истифода аз хурдтарин ҳамдигарнофаҳмиҳои мо ба майлу муроди худ истифода намоянд ва чанд сарватҳои боқимондаамонро низ аз худ намоянд.
Шароити феълӣ аз ҳар як шаҳрванди ватандӯсту миллатпарасти Тоҷикистон бо исрор тақозо мекунад, ки ба қадри сулҳу салоҳ, оромию осудагӣ ва ваҳдате, ки дорем, бирасем, онҳоро беш аз ҳар вақти дигар азизу муқаддас бидонем, ҳифз намоем ва ба камол бирасонем. Аз сабақҳо ва дастовардҳои нодири сулҳу ваҳдатамон тамоми қишрҳои ҷомеаро бохабар созем ва онро ба унсури устувори фарҳанги ҷомеамон табдил диҳем. Агар мо имрӯз тавонем, ки ин рисолати миллиамон иҷро намоем, бузургтарин сабақе хоҳад буд, ки аз раванди сулҳу ваҳдатамон бардоштаем.
Абдунабӣ Сатторзода, Арзишҳои Ваҳдати миллӣ, Душанбе, 2016

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин