Рӯзи 27-уми январ дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо сокинону фаъолони ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид. Дар кори вохӯрӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Насриддинзода Эмомалӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Ализода Зариф, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаркати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам ва Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ - Раҳимзода Сафармаҳмад иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар вохӯрии мазкур раиси дастгоҳ ва муовинони раиси ноҳия, ҷавонону занони фаъол, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои қудратӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳо, имомхатибон ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.
Кори вохӯриро Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ - Раҳимзода Сафармаҳмад оғоз бахшида, меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфт. Раиси ноҳия зикр намуд, ки дар Паёме, ки Пешвои миллат дар санаи 23-юми декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми кишвар ироа намуданд, тамоми самту соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва маддании мамлакат мавриди баррасӣ ва таҳлилу ташреҳ қарор гирифт. Аз ин ҷиҳат, Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати муҳим ва роҳнамое дар фаъолияти минбаъдаи ҳар як сокини кишвар маҳсуб меёбад.
Идомаи вохӯрӣ бо суханронии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Ализода Зариф идома ёфт. Ализода Зариф дар баромади худ ба масъалаҳои ҳуқуқие, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ зикр шуданд, таваҷҷуҳ намуда, қайд карданд, ки “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар навбати аввал, ҳуҷҷати муайянкунанда ва раҳнамокунанда ба ҳисоб рафта, маҳз дар асоси он лоиҳа ва нақша-чорабиниҳои рушди ояндаи кишвар барномарезӣ мегардад”. Гуфта шуд, ки рушди низоми ҳуқуқӣ, таъмини тартиботу қонуният, назорат дар татбиқи қонунҳои амалкунанда, баланд бардоштани сифатнокии қонунҳо, инчунин масъалаҳои амнияти миллӣ, боло бурдани иқтидори мудофиавии кишвар, беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мавзӯъҳои марбут ба соҳаи ҳуқуқ дар меҳвари Паёми Пешвои миллат қарор гирифта, дар ин самт пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.
Доир ба соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, илм, фарҳанг, инчунин мақоми зан дар ҷомеа, тарбияи насли наврас, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ, ки дар Паёми Пешвои миллат аз онҳо зикр рафтааст, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Насриддинзода Эмомалӣ суханронӣ кард. Насриддинзода Эмомалӣ бештар ба масъалаи нақши мактаб дар тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа таваҷҷуҳ намуда, зикр карданд, ки мактаб ва омӯзгор барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, аз ҷаҳолат раҳонидани мардум ва умуман рушди нерӯи инсонӣ нақши муассир доранд. Аз ин ҷиҳат аст, ки маблағгузории соҳаи маориф сол то сол зиёд гардида, дастгириҳои иҷтимоӣ нисбати омӯзгорони ҷавон татбиқ мегарданд, ки ин аз ғамхориҳои Пешвои миллат шаҳодат медиҳад. Ӯ ҳамзамон қайд кард, ки дар баробари мактаб ва омӯзгор аҳли ҷомеа ва дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ низ дар масъалаи тарбия ва ба роҳи рост ҳидоят намудани насли наврас ва ҷавон масъул мебошанд ва бояд ин вазифа ва рисолати хешро дар ҳамбастагиву ҳамкории тарафайн иҷро намоянд.
Кори вохӯрӣ бо суханронии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаркати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам идома ёфт. Рудобаи Мукаррам дар баромади хеш зикр намуд, ки “Паёми имсола низ, чун солҳои қаблӣ, бо як мақому мартабаи сухансанҷию суханварӣ ва эҳсоси баланди миллӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба Маљлиси Олӣ ва халқи кишвар ироа гардид”. Гуфта шуд, ки Паёми имсола фарогири барномањои дақиқу амиқ, муҳтавои ҷолиб ва хулосаҳои мустанад буда, аз низоми густурдаи давлатдорӣ, зеҳнияти мукаммали дунёдаркӣ ва сиёсати оянданигари Пешвои муаззами миллат гувоҳӣ медиҳад. Дар идома, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаркати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мавзӯъҳои ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои моддӣ, муқаддасоти маънавӣ ва гиромидошти суннату фарҳанги миллиро, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеоянд, мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода, ҳозиринро ба бедорӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва шинохти асолату ҳувияти миллӣ ва садоқату самимият ба халқу кишвари хеш даъват карданд. Қайд гардид, ки ҳадафи аслии Пешвои миллат ин ба мустақилияти маънавӣ ва истиқлоли фикрӣ оварда расонидани миллат аст. Аз ин ҷиҳат, мо масъул ва вазифадорем, ки дар тақвияти ин сиёсат дар ҳамрадифиву ҳамсафии Пешвои хирадпарвари миллат қарор гирем ва ин мавқеъу ин сиёсатро ҳамеша ташвиқ намоем.
Дар қисмати музокираи кори вохӯрӣ собиқадорон, занони фаъол, ҷавонон ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сухан баромада, ҳамовозии худро ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд ва ваъда доданд, ки тарғибу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро миёни аҳли ҷомеа фаъолона амалӣ менамоянд.