Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:43 – Дар Дави миллӣ 53 ҳазору 700 ва дар марафони велосипедронӣ 1560 нафар иштирок намуд 
  • 16:14 – Зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Arabian Travel Market-2023 дар Дубай муаррифӣ шуд 
  • 16:07 – Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар Форуми Шӯрои иқтисодию иҷтимоӣ оид ба илм, технология ва фановарӣ иштирок доранд 
  • 16:06 – Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар Форуми Шӯрои иқтисодию иҷтимоӣ оид ба илм, технология ва фановарӣ иштирок доранд 

ҲИФЗИ ВАТАН - РИСОЛАТИ ВИҶДОНИИ МОСТ

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 02615 дар мавзӯи “Ҳифзи Ватан – рисолати виҷдонии мо” бо афсарону сарбозони қисму воҳидҳои вазорати мудофиа вохӯрӣ баргузор шуд.
Дар вохӯрии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - генерал-майор Ғуломзода Абдулҳошим, Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Авзалов Ғайбулло ва узви Шӯрои куҳансолон - Салимзода Шерхон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вохӯрӣ бо суханронии муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - генерал-майор Ғуломзода Абдулҳошим оғоз гардид. Муовини вазири мудофиа дар баромади худ қайд намуд, ки ҳоло дар саросари кишвар омодагиҳо барои таҷлил аз ҷашни 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ҷараён дорад ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ барои сазовор пешвоз гирифтани ин санаи таърихӣ ҳамаҷониба омодагӣ дида истодаанд.
Сипас, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам ба сухан баромада, афсарону сарбозонро ба ҷашни 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон табрик кард. Ӯ қайд намуд, ки хизмат ба Ватан ва муҳофизати сарзамини аҷдодӣ яке аз вазифаҳои муқаддас, қарзи шаҳрвандӣ ва рисолати виҷдонии ҳар як сокини кишвар ба ҳисоб меравад. Рудобаи Мукаррам дар хусуси нақш ва мақоми Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таъмини фазои сулҳу осоиштаи мамлакат, таҳкими ваҳдати саросарӣ ва тақвияти иттиҳоду якпорчагии кишвар андешаҳои хешро иброз намуда, аз ҷумла зикр кард, ки “Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамчун сипари боэътимоди давлат ва рамзу намод аз гузаштагони пурифтихорамон рисолату вазифаи хешро дар муддати 30 соли мавҷудияташ шарофатмандона иҷро намудааст ва тавонистааст дар тӯли ин солҳо ба як қувваи бузург ва неруи иқтидорманду тавоно табдил ёбад”.
Доир ба нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, заминаҳои ташкил, мушкилоту монеаҳо, марҳилаҳои рушд ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба таърихи 30-солаи Қувваҳои Мусаллаҳ Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Авзалов Ғайбулло суханронӣ кард. Ӯ қайд намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти хеле ҳассоси таърихӣ, замоне, ки истиқлоли сиёсии кишвар зери хатар буд, таъсис дода шуд. Дар оғози таъсис, аз сабаби набудани заминаи моддиву техникӣ, норасоии кадрҳо ва дигар мушкилоти ҷиддӣ Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар иқтидори заруриро барои таъмини амнияту осоиштагии мамлакат надошт. Дар солҳои минбаъда, маҳз бо кушишу талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беҳтар гардид ва ин ҳолат заминаро барои ба неруи тавоно табдил ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳ гузошт.
Вохӯрӣ бо суханронии узви Шӯрои куҳансолони Ҳаракаи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Салимзода Шерхон идома ёфт. Салимзода Шерхон дар суханронии хеш масъалаҳои дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ, риояи талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ, тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар, навсозию муҷаҳҳазгардонӣ ва дар умум баланд бардоштани омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро, ки аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дод. Ҳамзамон, ӯ аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷиддӣ бошанд ва бо ҳисси волои садоқат ба давлат, халқ ва Пешвои миллат дар роҳи боз ҳам иқтидормандтар намудани Қувваҳои Мусаллаҳ нақши хешро гузоранд.
Дар хотимаи чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба 30 нафар афсарону хизматчиёни ҳарбии сохторҳои Вазорати мудофиа Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Инчунин, дар асоси фармоиши Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам бо медали ҷашнии “30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин