Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:20 – Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт 
  • 10:38 – Нашри ҷилди нави китоби «Нури Ваҳдат» дар остонаи ҷашни Ваҳдат 
  • 10:34 – Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт 
  • 17:17 – Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Лахш 

ТОҶИКИСТОНРО ДИГАР ҚИСМАТ МАКУН

Имрӯзҳо ба ҷаҳони ислом менигарему, шукрона мекунем, ки дар ватани азизи мо сулҳу салоҳ ҳукмфармо асту мардуми шарифи мо зиндагии орому осоишта дорад. Барои мардуми мо қимматтарин арзиш ин амнияти давлату миллат буду, ҳаст. Мардуми мо аслан табиатан ҷангҷӯю ҷангхоҳ нестанд, аммо дар ҳимояи Ватан лозим ояд бо сангу чуб душманро мағлуб месозанд. Мутаассифона разилони бадхоҳон, бадгӯён ва бадбахтоне пайдо гаштану зери шиори “Мо бояд давлати Исломи бошем” гӯён аз нодонӣ ва ноогоҳии мардум аз ислом истифода намуда, миллату давлатро ба хитобҳои “Вовчику Юрчик” ба ҳам ҷанг андохтанд. Шаҳрҳову деҳаҳоро ба харобазор табдил доданд. Ҳазорҳо нафарро бе хонумон карданд, аммо чашмашон хам нахӯрд.
То ҳанӯз дар давлатҳои Аврупо худро қурбони сиёсати давлату ҳукумати Тоҷикистон гирифта дар роҳаткурсиҳояшон нишаста ба давлату миллати мо бадгӯи мекунанд. То ҳанӯз ҲНИ ва аъзоёнаш аз хоҷагони аҷнабияшон грандҳо гирифта, мехоҳанд идеяҳои разилонаашонро дар ватани азизамон пойдор созанд. Аммо намедонанд, ки мардум талаби дидори ин гумонҳоро надоранд!
Кабириву ёронаш, мехостанд бори дигар сару миллату давлат низоъ андозанд. Мехостанд монанди солҳои пешин ҳазорҳо нафарро бехонаву дар созанд. Аммо ин бадбахтон ба ҳадафи худ нарасиданд. Ҳазорҳо нафарро ба ҳизби террористи шомил намуда, ба сари ҳар нафар аз хоҷагонашон маблағҳои ҳангуфт мегирифтанду барои оила ва фарзандони худ хонаҳои воҳима месохтанд. Ба қавли мардум “Сер парвои гурусна надорад”. Диданд ки ба ҳадаф нарасиданд, худро қурбонии сиёсӣ ном бароварданду ба оғӯши хоҷагонашон бар гаштанд. Ҳизби Шумо, ҳизби бадбахтон буд! Шумо наҳзатиҳо, дар ғами худу хоҷагонатон будеду дигаронро барои ҳадафҳои разилонаатон истифода намудед.
Шумо Тоҷикистонро мехостед қисм-қисм созед. Аблаҳии шумо буд, ки мардумро ба Зарафшонию Бадахшони Кулобию Ҳисори ҷудо намудед. Бас аст! Аз оғӯши хоҷагонатон берун наоед. Мардуми Тоҷикистон сиёсати Пешвои миллатро ҷонибдори мекунанд.
“Шумо чоҳканҳои зери чоҳ мондагонед”!

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин