Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:41 – Ҷаласаи 32-юми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид 
  • 09:46 – ДОНИСТАНИ ХУБ АЗ БАД АЗ ИМОНДОРИСТ 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ ВА НАМОИШИ ГУЛУ ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг аз намоиш — фурӯши доимии гулу гиёҳҳои шифобахш ва маводи доруворие, ки аз онҳо омода мешаванд, дидан намуданд.
Сокинон ин гулу гиёҳҳои шифобахши аз лиҳози экологӣ тозаро аз кӯҳ ва талу теппаҳои ҳудуди ноҳия ҷамъоварӣ ва дар шароити хона бандубаст менамоянд.
Дар ноҳия номгӯйи зиёди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки дар натиҷаи коркард барои муолиҷаи бемориҳои зиёд истифода бурда мешаванд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши мазкур бо назардошти сайёҳӣ будани минтақа ба сокинон ҷиҳати истифодаи оқилонаи неъматҳои табиӣ ва ба ин роҳ боз ҳам беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати зиндагии хеш дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар ҳаминҷо суҳбати самимии ғайричашмдошти сарироҳии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони касбу кори гуногун доир гардид, ки ҷолиби диққат буд.
Сарвари давлат зимни ин суҳбат аз ҳолу аҳволи сокинони ҷамоати деҳоти Ҷомбахт пурсон шуда, онҳоро ба меҳнатдӯстӣ даъват намуданд ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон ҳидоят карданд.


ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОРОМГОҲИ ҲАЗРАТИ СУЛТОН УВАЙСИ ҚАРАНИРО ЗИЁРАТ НАМУДАНД
3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат намуда, барои суботу оромии Ватани азиз ва саодатмандию сарбаландии мардуми шарифи Ватан дуою фотиҳаи нек карданд.
Оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар як мавзеи дилфиребу дорои табиати нотакрори ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, ҳамарӯза аз он ба ҳисоби миёна аз 400 то 500 нафар сайёҳи дохилию хориҷӣ зиёрат мекунанд.
Тавре таъкид гардид, ҳудуди Мамнуъгоҳ бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ободу зебо гардонида шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити мавҷуда дар ин макони таърихӣ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллӣ ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон аз ин ҷо дастуру ҳидоятҳо доданд.
Феълан дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг барои қабули сайёҳон 6 меҳмонхонаи замонавӣ, 10 хостел, 4 мавзеи сайёҳӣ, 2 тарабхона, 2 осорхона, 2 ширкати сайёҳӣ, 60 ёдгории таърихӣ, 2 мағозаи фуруши армуғон, 3 зиёратгоҳ, 1 боғи фарҳангӣ — фароғатӣ мавҷуд буда, 9 хатсайри сайёҳӣ дар мавзеъҳои муайян ва меҳмонхонаҳо овезон карда шудаанд.
Дар меҳмонхона ва хостелҳои ноҳияи Ховалинг имкони қабули то 500 нафар меҳмон мавҷуд аст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадршиносӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик ва корнамоиҳои шахсиятҳои шинохтаи таърихӣ соли 2006 мақбараи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ бунёд карда шуд.
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 48 ВА ШИНОСОӢ БО ЛОИҲАИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ИЛОВАГӢ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалаи навбунёди Тутаки ноҳияи Ховалинг Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 — 2021, ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст.
Бинои таълимӣ аз 11 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон иборат буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Масоҳати умумии бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 дар деҳоти Тутаки ноҳияи Ховалинг беш аз 2 гектарро дар бар мегирад. Худи бинои таълимии ду ошёна иборат аз синфхонаҳои биология, математика, физика, химия ва дигар иншооти ёрирасон, дар масоҳати 1 гектару 27 садяк замин бунёд гардидааст.
Дар муассисаи тозабунёд 28 омӯзгори ботаҷрибаи соҳавӣ ба хонандагон дарс мегӯяд.
Раванди таълим дар мактаб бо 3 забон, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар назди муассисаи нави таълимӣ 2 майдончаи бозии футбол, волейбол сохта шуда, дигар шароити ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни варзиш муҳайё мебошад.
Дар ҳаминҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи боз як бинои нави иловагии дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 шинос гардиданд.
Бинои нави иншооти соҳаи маориф дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар масоҳати 1 гектару 27 садяк замин сохта мешавад.
Бинои бунёдшаванда 2 — ошёна буда, барои 1 ҳазору 500 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Тибқи лоиҳа оянда дар он 12 синфхона, маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, толорҳои варзишӣ, китобхона ва ошхона барои 60 нафар сохта мешавад.
Ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави муассисаи мазкур Пешвои муаззами миллат ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифати корҳои бунёдӣ ва фароҳам овардани беҳтарин шароити донишомӯзӣ ба насли ояндасози миллат дастуру маслиҳатҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, ки насли наврас бояд аз имкониятҳои фароҳамоварда самаранок истифода баранд, донишҳои муосирро аз худ намоянд ва барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ КОРКАРД ВА БАНДУБАСТИ АСАЛ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти Коргоҳи коркард ва бандубасти асал оғози расмӣ бахшиданд.
Самти асосии фаъолияти коргоҳи нав ба истеҳсол, ҷамъоварии асали табиии кӯҳӣ аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, коркарду бандубасти асали аз лиҳози экологӣ тоза ва содироти он ба хориҷи кишвар нигаронида шудааст.
Коргоҳ дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби Ховалинг” Файзалии Рустам бунёд гардидааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин коргоҳ 20 нафар сокини маҳаллӣ, ки аксарашон духтарону занони хонашин мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Асали табиӣ барои коркард ва бандубаст ба коргоҳ аз занбӯрҳои ҷамъият ва занбӯрпарварони минтақа дастрас карда мешавад.
Коргоҳи муосир имкон дорад, ки дар як шабонарӯз 6 ва дар як моҳ 180 тонна асали табииро коркард ва босифати баланд бандубаст намояд.
Хати истеҳсолии коргоҳ аз гарм кардани асал аз 30 то 35 дараҷа оғоз гардида, аз тоза кардани он аз мум ва дигар олудагиҳо то бандубасти маҳсулоти тоза дар зарфҳои алоҳида тавассути дастгоҳҳои муосир дар 8 марҳила мавриди коркард қарор мегирад. Ҳамзамон тавассути дастгоҳҳои коргоҳ раванди хушбуйкунии асал ва пастеризатсияи он амалӣ гардида, шахшавии асал аз байн бурда мешавад, ки он босифати баланд бандубаст мешавад.
Асали коргоҳ табиии кӯҳӣ буда, аз 5 намуд, аз ҷумла моҳи майӣ, тобистона, асал бо мум, бо бодому чормағзи Ховалинг ва асали махсуси табобатӣ иборат мебошад.
Маҳсулоти коркардшудаи коргоҳ дар зарфҳои шишагӣ ва чубин аз дарахти шоҳбулут аз 250 грамма то 55 килограмма бандубаст ва ба бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар пешниҳод карда мешавад.
Борҷомаҳо барои бандубасти маҳсулот аз корхонаҳои ватанӣ харидорӣ мегардад.
Асали бо мум истеҳсолшудаи коргоҳ дар бозори истеъмолии дохил ва хориҷи кишвар талабгорони зиёд дошта, хусусияти шифобахшии он барои муҳлати тӯлонӣ кафолат дода мешавад.
Маҳсулоти корхона баробари содирот барои тарабхонаҳо, қаҳвахона ва марказҳои табобатии мамлакат пешниҳод мегардад.
Масъулони коргоҳ дар сурати зиёд гардидани ҳаҷми содирот, нақша доранд, ки истеҳсоли зарфҳои чӯбин аз шоҳбулути гуногунро ҳам ба роҳ монанд ва ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо раванди коркард ва бандубасти асал дар ин коргоҳ бо дарназардошти имкониятҳои фаррохи ноҳияи Ховалинг дар самти афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва бо ин роҳ таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Баъди ифтитоҳи коргоҳи нав ва шиносоӣ бо раванди коркард ва бандубасти асал дар шакли муосир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоиши маҳсулоти истеҳсолии он, дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, Хоҷагии ҷангал ва саноатчиёни ноҳияи Ховалинг боздид карданд.
Дар намоиш намудҳои гуногуни асали истеҳсолии коргоҳи навтаъсис дар 14 навъ зарфҳои шишагӣ ва чӯбин аз дарахти шоҳбулут, маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, полезиҳо, навъҳои гуногуни картошка, ғалладонагиҳо ва маҳсулоти коргоҳу корхонаҳои саноатии ноҳия ба маъраз гузошта шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дастовардҳои хоҷагидорону кишоварзон ва саноатчиён ба масъулон бо назардошти авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳон ҷиҳати истифодаи боз ҳам мақсаднок аз имконоти фаррохи ноҳияи Ховалинг дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва боло бардоштани иқтидори содиротии мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ БИНОИ НАВИ МАЪМУРИИ ДЕҲОТИ БА НОМИ ҒАФФОР МИРЗОРО МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД
3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои нави маъмурии деҳоти ба номи Ғаффор Мирзоро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нав дар доираи нақша — чорабиниҳо ба хотири истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2018 оғоз гардида, бо ҷалби мутахассисони Кооперативи истеҳсолии “Нигини Сулаймон” дар асоси талаботи муосир бо сифати баланд ба анҷом расонда шудааст.
Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои хуштарҳи маъмурӣ 12 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
Бинои маъмурии ҷамоати деҳот аз ду ошёна иборат буда, дар масоҳати 1600 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва замини зери иншоот 300 метри мураббаъро дар бар мегирад.
Иншоот дорои 11 ҳуҷраи корӣ буда, дар он барои кормандони ҷамоат тамоми шароити кору фаъолият ва хизматрасонӣ ба 9750 нафар аҳолии ин деҳот муҳайё гардидааст.
Тамоми ҳуҷраҳои бинои маъмурӣ бо мизу курсӣ, компютер ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти корӣ муҷаҳҳаз карда шуда, барои дохил шудани ашхоси дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ба бино роҳрави алоҳида мавҷуд мебошад.
Маҷлисгоҳи бинои нави маъмурӣ бо 80 ҷойи нишаст дар ошёнаи дуюм ҷойгир буда, дар он барои баргузории чорабиниҳои гуногун шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.
Бинои маъмурии деҳоти Ғаффор Мирзо дар асоси дастуру роҳнамоиҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини шароити муосири кору фаъолият барои кормандони мақомоти маҳал ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба сокинони деҳоти дурдаст бунёд гардидааст.
Атрофи бино дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ сафолакпуш гардида, гулҳои рангоранг ва ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудааст.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЧОЙХОНАИ “ЧИЛЧАНОР”-РО ДАР ХОВАЛИНГ БА ИСТИФОДА ДОДАНД
3 октябр дар маркази ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои замонавии Чойхонаи “Чилчанор”-ро ба истифода доданд.
Иншоот дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони солҳои 2019-2021, ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Исмоил Садиров бо риояи унсурҳои хоси санъати меъмории миллӣ бо тарҳи муосир сохта шудааст.
Чойхонаи “Чилчанор” аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад ва корҳои сохтмониро дар он 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ дар муҳлати кӯтоҳ босифати баланд ба анҷом расонидаанд.
Дар чойхона шароити хуби хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ва муаррифии таомҳои миллии тоҷикона муҳайё мебошад.
Дар бинои муосири хизматрасонӣ ба мизоҷон асосан хӯрокҳои миллӣ дар сатҳи баланд омода ва пешниҳод гардида, дар як вақт имкони хизматрасонӣ ба 280 нафар мавҷуд аст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани чойхонаи муосир дар ноҳияи Ховалинг 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Намои дохилӣ ва берунии чойхона бо шаклу унсурҳои хоси миллӣ ва муосир оро ёфта, ба маркази ноҳия зебоии хоса зам менамояд ва таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ба худ бештар ҷалб месозад.
Ғайр аз бинои асосӣ дар атрофи он низ барои қабули мизоҷон, махсусан меҳмонону сайёҳони хориҷӣ беҳтарин шароит фароҳам карда шуда, 4 айвончаи кандакоришуда бо санъати хоси миллӣ гузошта шудааст.
Барои табъи болидаи мизоҷон саҳни бинои чойхона ва атрофи он бо гулҳои рангоранг ва ниҳолҳо оро ёфтааст.
Дар чойхонаи замонавӣ ҳамчунин барои гузаронидани тўй ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ дар асоси талаботи қонунҳои миллӣ шароити мусоид муҳайё мебошад.
Масоҳати умумии замини Чойхонаи “Чилчанор” 0,50 гектарро дар бар гирифта, худи бинои хизматрасонӣ дар майдони 1200 метри мураббаъ сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити хизматрасонӣ ба мизоҷон дар Чойхонаи “Чилчанор” дар ҳамин ҷо бо 30 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо, аз ҷумла сару либос ва шириниҳо тақдим намуданд.

БОЗДИД АЗ БОҒИ МЕВАДИҲАНДАИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ПАРВИЗ Т» ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи мевадиҳандаи Хоҷагии деҳқонии «Парвиз Т» боздид намуда, бо фаъолияти боғпарварон, сабзишу нашъунамои боғи мазкур, ҷамъоварии себ ва намунаи маҳсули дастранҷи кишоварзон шинос гардиданд.
Боғи мевадиҳандаи хоҷагии деҳқонии «Парвиз Т» дар доираи татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ — Тоҷиддин Тешаев бо ҳамроҳии оилааш Салимамо Саидова бунёд карда шудааст ва ҳосили он асосан барои содирот пешбинӣ гардидааст.
Боғи мазкур даҳ сол қабл бунёд гардида, дар он ниҳолҳои ба шароиту иқлими ин минтақаи кӯҳдоман тобовар, аз қабили себи сурхи америкоӣ, голден ва сабзранги самаренко, се намуд нок ва нашпотӣ, олуча, инчунин хуч шинонида шудааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва боғпарварон маслиҳат доданд, ки бо мақсади боло бурдани иқтидори содиротӣ майдони боғи мазкурро боз ҳам васеъ намоянд.
Бо дарназардошти хусусияти хуби биологию истеҳсолӣ ва саривақт анҷом додани корҳои агротехникӣ дар ин мавзеъ барои таъмини рушди соҳа ташкили ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ дар майдони 1,4 гектар боғи мевадиҳанда бунёд карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки боғи мевадиҳанда дар асоси тавсияи олимону мутахассисони соҳа ташкил гардида, дар баробари себ то имрӯз 200 килограмм олуча ва 100 килограмм хуч ҷамъоварӣ карда шудааст.
Ба андешаи хоҷагидорон имсол ҳосилнокии себ хуб буда, дар назар аст, ки аз ҳар як ниҳоли себ 80 то 100 килограмм мева ба даст оварда шавад.
Анҷом додани корҳои саривақтии агротехникӣ ба сабзишу ҳосилбандии ниҳолҳо мусоидат намуда, солҳои наздик ҳосилнокӣ аз ҳар як ниҳоли себ ба 100-120 килограммӣ расонида мешавад.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРИИ ҶДММ «ОБИ ХОВАЛИНГ»-РО МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДАНД

3 октябр дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи парандапарварии Ҷаъмияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ховалинг»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи нав дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи сазовор аз 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвариши мурғи марҷон пешбинӣ гардида, дар он 5 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад.
Дар оянда корхонаи мазкур имконият дорад, ки вобаста ба истеҳсоли тухми навъи мурғи марҷон саршумори парандаро зиёд намуда, ҳамчун гӯшти серғизо ба фурӯш барорад.
Тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа чунин навъи паранда, ки барои парваришу нигоҳубин интихоб гардидааст, сермаҳсул буда, барои дастрасии аҳолӣ ба гӯшти серғизою парҳезӣ мусоидат хоҳад кард.
Корхонаи парандапарварӣ дар ноҳияи Ховалинг нахустин буда, оянда бо истифода аз имконоти мавҷуда дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар фермаҳои нави парандапарварӣ бунёд карда мешавад.
Дар корхона технологияи муосири чинӣ насб гардида, таъмини хӯроки паранда, обу дон ва ҷамъоварии тухм низ ба таври автоматӣ сурат мегирад.
Барои таъмини ҳарорати муътадили дохили фермаҳо дар асоси меъёрҳои зарурӣ дастгоҳҳои муосир насб гардидааст, ки ин барои беталаф нигоҳ доштани чунин навъи мурғ мусоидат хоҳад кард.
Хӯроки паранда низ аз корхонаҳои ватанӣ дастрас мешавад, ки ин омил ба паст кардани арзиши аслии маҳсулот боис мегардад.
Корхонаи парандапарварии мурғи марҷон аз ҷониби соҳибкори маҳалӣ Раҳимзода Фарҳод Рамазон бунёд ва он дар асоси технологияи муосир фаъолият хоҳад кард.
Корхонаи мазкур дар масоҳати 4 гектар замин ҷойгир шуда, аз панҷ фермаи парвариши паранда иборат аст, ки қитъаи зери сохтмон 6 ҳазору 314 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Инчунин барои чарогоҳи чунин навъи паранда ва ҷамъоварӣ намудани хошок ба монанди юнучқа, ҷуворимака ва дигар намуди ғалладонагиҳо 100 гектар замин дар ихтиёри корхонаи мазкур вогузор карда шудааст.
Дар фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ховалинг» инчунин парвариши чӯҷаҳои зоти маҳаллӣ, ки танҳо барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мебошад, ба роҳ монда шудааст.
Айни замон дар корхонаи нав 120 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, маҳсулоти ниҳоии он дар навбати аввал ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба харидорон пешниҳод карда мешавад.
Дар фабрикаи мазкур биноҳои ёрирасон, аз қабили ошхона, хобгоҳ, ҳуҷраҳои иловагӣ ва дигар шароити зарурӣ барои кормандон муҳайё гардидааст.
Ҷиҳати ободу зебо ва хуррам гардонидани саҳни корхонаи парандапарварӣ гулу буттаҳои ороишии мавсимӣ парвариш ёфта, ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда низ шинонида шудааст, ки барои тозагии муҳити атроф аз манфиат холӣ нест.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои рушди фаъолияти корхона дастуру маслиҳатҳои муфид дода, иқдоми бунёдкоронаи соҳибкори маҳаллиро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ арзёбӣ карданд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АМФИТЕАТРРО ДАР ДЕҲОТИ ЛОҲУТИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ БА ИСТИФОДА ДОДАНД
3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг Амфитеатрро, ки барои ду ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Раҳимзода Фарҳод дар масоҳати 2440 метри мураббаъ бунёд карда шудааст.
Амфитеатр бо тарҳ ва намои зебову муосир қомат афрохта, барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ дар деҳоти Лоҳутӣ, ки аз маркази ноҳия дар масофаи 10 километр ҷойгир аст, имкони мусоидро фароҳам меорад.
Иншоот дорои ҳуҷраҳои зарурӣ барои ҳунармандон, майдони марказӣ, саҳнаи намоиш, ҷойи нишасти тамошобинон ва макони болопӯшида мебошад.
Дар рафти корҳои сохтмонии Амфитеатр, ки моҳи апрели соли 2021 оғоз гардида буд, 12 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гашта, пас аз ифтитоҳ барои 3 нафари дигар низ ҷойи кори доимӣ фароҳам шуд.
Атрофи Амфитетари навбунёд бо гулу буттаҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ободу зебо гардонида шудааст.
Зимни ифтитоҳи иншоот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи Амфитеатрро дар доираи ҷашни миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ба сокинони деҳоти Лоҳутӣ арзёбӣ карданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин