Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:14 – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд 
  • 17:35 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд 
  • 10:56 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон 
  • 10:53 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок намуданд 

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи Артиши миллии Фаронса

1Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи Артиши миллии Фаронса3 октябр маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти расмии пазироии меҳмонони олимақом дар саҳни фахрии Маҷмааи Артиши миллии Фаронса доир гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни ҳавлии Маҷмааи Артиши миллӣ ташриф оварданд.

Барои баргузории ин чорабинӣ макони он идона ороста шуда, парчамҳои ҳарду давлат овезон карда шуда, Горди фахрӣ барои истиқболи меҳмони олиқадр саф кашид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса Жан-Батист Лемуан ва генерал-лейтенанти мақомоти низомии шаҳри Париж Лоран Пронса истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назди сафи горди фахрӣ гузашта, дар макони ифтихорӣ қарор гирифтанд.

Сипас сурудҳои милии ҳарду давлат садо дод. Баъди садо додани суруди миллӣ горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадамзании мутантан гузашт.

Баъди анҷоми гузашти горди фахрӣ муаррифии ҳайатҳои расмии ду ҷониб сурат гирифт.

Бо ҳамин маросими истиқболи расмӣ дар саҳни фахрии Маҷмааи Артиши миллии Фаронса ба анҷом расид.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин