Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ 
  • 15:42 – Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шудандМаркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Уммон бо дастгирии Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиёни Ҷорҷтаун (ИМА) имрӯз, 19 октябр, рӯйхати навбатии 12-умини худ- 500 мусулмони бонуфузтарини оламро (The Muslim 500) нашр намуд.

Ба ин рӯйхат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар шомил шуданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шудандИнчунин ба рӯйхат Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ал-Танӣ, Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибн Абдул-Азиз, Роҳбари олии Эрон Оятулло Сайид Алӣ Хумайнӣ, президентони Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон, Озарбойҷон-Илҳом Алиев, Туркманистон-Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов, Чеченистон-Рамзан Қодиров, сарвазири Покистон Имрон Хон, муфтии Узбекистон Усмон Алимов, ҳамлагари дастаи миллии Миср ва клуби Англия «Ливерпул» Муҳаммад Саллоҳ шомил шуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯйхати The Muslim 500 шурӯъ аз соли 2009 ҳамасола нашр мешавад. Ҳамасола ба рӯйхати мазкур чеҳраҳое шомил мешаванд, ки ба ҳама мусулмонҳои ҷаҳон таъсири сиёсӣ, идеологӣ, фарҳангӣ ва ё иҷтимоӣ доранд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин