Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 09:38 – Баргузории ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 17:44 – ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ НАҚШИ НАЗАРРАС ДОРАНД 
  • 17:42 – Филми коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии Голливуд соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардид 

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БИНОИ ШУЪБАИ «МУҲОФИЗА»-И ВКД ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРАРО БА ИСТИФОДА СУПОРИДАНД
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар маҳаллаи 15-уми деҳоти Корези ноҳияи Данғара бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои шуъбаи хадамоти “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.
Иншоот аз таҳхона ва панҷ ошëна иборат буда, дорои 40 ҳуҷраи корӣ барои кормандон, аз ҷумла ҳайати роҳбарикунанда, афсарон, шуъбаи назорати ташкилӣ, техникию муҳандисӣ, китобхона, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, анбори сару либос ва дигар лавозимоти низомӣ иборат мебошад.
Ҳамзамон дар ошëнаи чоруми иншоот 4 ҳуҷра барои меҳмонон ва ошхона ҷойгир карда шудааст.
Дар назди бинои навбунëд таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиëти хизматӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона, суҳбаткада ва дигар иншооти ëрирасон бунëд гардид.
Ба хотири фароҳамсозии имконияти мусоиди кору фаъолият ҳамзамон системаи гармидиҳӣ, ки тавассути ангишт фаъолият менамояд насб гардидааст.
Корҳои сохтмони бинои шуъбаи хадамоти “Муҳофиза” дар ноҳияи Данғара моҳи августи соли 2019 оғоз гашта, барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода додани иншоот 40 нафар мутахассиси ватанӣ ҷалб шуд.
Ҳамчунин атрофи бино ободу зебо ва иншоот чароғон карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати шахсии шуъбаи хадамоти “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара беш аз 90 нафарро ташкил медиҳад.
Бунëди иншооти замонавӣ, дастрас намудани технологияи муосир ва фароҳам сохтани дигар шароити зарурӣ дар самти ҷоннок намудани фаъолияти ҳайати шахсии шуъбаи хадамоти “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара замина хоҳад гузошт.
Зимни ифтитоҳи иншоот ва мулоқот бо ҳайати шахсии шуъбаи хадамоти “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат баҳри муҳайëсозии имкони фаъолият, зиндагӣ ва қадршиносии кормандони сохторҳои қудратӣ ëдовар шуда,ба онҳо барои бо ҳисси баланду худшиносӣ хизмат намудан ба нафъи давлату миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пойдории сулҳу субот дастуру ҳидоятҳо доданд.


ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАЙДОНИ ВАРЗИШИРО ДАР ДЕҲОТИ ИСМАТ ШАРИФИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара майдони варзиширо, ки барои 2500 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Майдони умумии варзишгоҳ ду гектарро ташкил намуда, иншоот дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайëҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Миралӣ Мирзоев мутобиқ ба меъëрҳои муосири сохтмонӣ бунëд карда шудааст.
Масоҳати майдон барои бозии футбол бо андозаи 102 метр бар 70 метр буда, пурра майсазор карда шудааст.
Ҳамчунин дар атрофи майдон имкони мусоид баҳри ба варзиши сабук машғул гаштани сокинон фароҳам мебошад.
Дар ошëнаи якуми иншоот ҳуҷра барои кормандон, варзишгарон, мураббиëн, назорати допингӣ, таҷҳизоти варзишӣ, техникӣ, либосивазкунӣ, ошхона ва ғайра ҷойгир аст.
Дар ошëнаи дуюм ҳуҷра барои меҳмонон, истироҳат, ҳуҷраҳои санитарӣ, толори сақобозӣ ва варзишӣ сохта шудааст.
Варзишгоҳ аз ду минбари нишастгоҳ ва макони махсус барои меҳмонони олиқадр иборат мебошад.
Атрофи бино ободу зебо гардонида шуда, ҳамзамон гулу буттаҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.
Соҳибкори ватанӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ дар шафати майдони варзишӣ қаҳвахона бунëд намудааст.
Дар заминаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ пас аз ифтитоҳи иншооти навбунëд беш аз 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 8-РО ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДАНД

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти соҳаи маориф аз 9 синфхонаи барҳаво иборат буда, барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ пешбини шудааст.
Дар бинои қаблии муассиса аз сабаби фарсуда будани он барои ба таълим фаро гирифтани наврасон шароити таҳсил ба талабот ҷавобгу набуд.
Бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкорон бо назардошти фароҳам овардани шароити замонавии таълим барои наврасон сохта шудааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз шароити фароҳамшуда омӯзгоронро барои дар руҳияи хештаншиносӣ ва омӯзиши донишҳои муосир тарбия намудани наврасон вазифадор карданд.
Дар маҷмуъ дар иншооти соҳаи маориф 288 нафар дар ду баст ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Бунёду ба истифода додани бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар доираи амалишавии яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини пешрафти соҳаи муориф ва дар ҳамин замина фароҳам овардани шароити муосир барои омӯзиш сохта шудааст.


САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ДИДАН НАМУДАНД
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН21 октябр дар деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.
Данғара яке аз калонтарин ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, сокинонаш бо роҳандозии таҷрибаи нави кишту парвариши зироат ва аз як қитъа гирифтани чанд ҳосил дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот муваффақиятҳоро афзун намуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки имсол кишоварзони ноҳия дар майдони 38 419 гектар кишти зироат гузарониданд.
Меҳнаткашони ноҳияи Данғара ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба ҳолати якуми октябри соли равон ба 1 миллиарду 99 миллион сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии истеҳсолшуда 22 фоиз ба соҳаи чорводорӣ ва 78 фоиз ба растанипарварӣ рост меояд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҳолати кунунии ҷаҳон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ кишоварзонро дар асоси таҷрибаи муосири кишту парвариши зироат барои аз як қитъа гирифтани 3-4 ҳосил ва ба ин васила боз ҳам баланд бардоштани самаранокии замин вазифадор намуданд.
Имсол меҳнаткашони ноҳияи Данғара дар майдони 4 680 гектар кишти пахта гузарониданд.
Ба ҳолати 20 октябри соли равон 10195 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки аз дурнамо 1127 тонна зиёд аст.
Истифодаи муфиди имкониятҳои табиии ноҳияи Данғара барои бунёди боғу токзор ба афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли мева мусоидат намудааст.
Дар ин давра аз ноҳияи Данғара ба дигар давлатҳо 3 миллиону 575 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 548 тонна зиёд мебошад.
Зимни пешниҳоди маҳсулоти нонӣ, намудҳои гуногуни таомҳои миллӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ бонувони ноҳияи Данғара маҳорати баланди ҳунармандии худро муаррифӣ намуданд.
Пухтани таомҳои миллӣ, ки маҳорати баландро тақозо мекунад, бонувон дар омода кардани он ҳунари воло нишон доданд.
Ҷашни Меҳргон, ки натиҷагирӣ аз ҷамъоварии ҳосил, захира кардани маводи ғизоӣ ва табодули таҷриба байни кишоварзон мебошад, хоҷагидорони ноҳияи Данғара талош доранд ҳосили дар саҳро бударо ба пурраги ҷамъоварӣ ва кишти тирамоҳиро бо риояи талабот ба анҷом расонанд.


ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАРКАЗИ ФАРҲАНГИРО ДАР ДЕҲАИ ХУРРАМЗАМИНИ ДЕҲОТИ БА НОМИ ИСМАТ ШАРИФИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА ИФТИТОҲ НАМУДАНД
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН21 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Исмат Шариф Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзаминро баъди навсозӣ ба истифода доданд.
Иншооти мазкур солҳои 50-уми асри гузашта бунёд ёфта, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.
Дар партави сиёсати созандаву бунёдкорона ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин аз ҷониби соҳибкор Суҳроб Таваралиев бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба замони муосир навсозӣ карда шуд.
Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин аз ду ошёна иборат буда, дорои 220 ҷои нишаст мебошад, ки дар он барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми фаъолонаи соҳибкори маҳаллиро дар вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва навсозии иншооти фарҳангӣ нишонаи баланди ватандӯстӣ ва ҷонибдорӣ аз сиëсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карданд.
Саҳн ва атрофи Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин чароғон ва сабзу хуррам карда шуда, ин ҷо ба як макони ободу зебо табдил ёфтааст.
Дар Маркази фарҳангӣ, ки дорои толори кушоду барҳавои замонавӣ аст, минбаъд барои баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ва ҷамъомадҳо имконияти васеъ фароҳам аст.
Ба кормандони Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созҳои мусиқӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти тақвияти овоз тақдим гардид.
Солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар раванди босуръату бесобиқаи корҳои ободонию созандагӣ бо бунёду навсозии иншооти наву замонавии таъиноти гуногун деҳоти ба номи Исмат Шариф ободу зебо гардида, барои сокинон шароити арзандаи кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.



ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БИНОИ МАЪМУРИИ ДЕҲОТИ БА НОМИ ИСМАТ ШАРИФРО ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳу намои муосир ва санъати баланди меъмории миллӣ бунёд гардидааст.
Бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф дорои 11 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ буда, дар он китобхона ва толори маҷлис бо 70 ҷои нишаст мавҷуд мебошад.
Китобхона бо зиёда аз 2 ҳазор китоби бадеиву соҳавӣ таъмин буда, дар он барои ҳаводорони каломи бадеъ имконияти васеъ муҳайё мебошад.
Дар ҳуҷраҳои корӣ шароити мусоиди фаъолият барои кормандон фароҳам буда, бо техникаи муосири компютерӣ таъмин карда шудааст.
Сохтмони бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф соли 2020 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо саҳми соҳибкор Саидакбар Султонзода бо сифати баланд бунёд гардидааст.
Аснои шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити фароҳамгардида дар бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф баҳои баланд доданд.
Саҳн ва атрофи бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф бо шинонидани ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз, гулу буттаҳои нодири ороишӣ, навсозии роҳравҳо ва насби 20 сутунпояи чароғ ободу зебо гардидааст.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин