Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ 
  • 15:42 – Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 

ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ВА ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №15

ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ВА ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №1527 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва мулоқот бо сокинон ба шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар кӯчаи Борбади шаҳри Левакант бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот се ошёна буда, аз 18 синфхонаи таълимию фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи технологияи информатсионӣ бо 12 компютер, китобхона, маҷлисгоҳ бо беш аз 100 ҷойи нишаст, синфхона барои ҳунаромӯзии дӯхтарон, ошхона, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, волейбол, теннис ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ иборат мебошад.
Дар атрофи бинои навбунёд гулу бутта ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шуда, саҳни муассиса пурра сафолакпуш ва ҳамзамон чароғон гардидааст.
Муассисаи таълимӣ дар масоҳати 1,06 гектар замин бунёд карда шуда, имкон медиҳад, ки дар ду баст 640 нафар хонанда дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифта шавад.
Дар иншооти навбунёд 50 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи муҳассилин машғуланд.
Бинои муассисаи таълимӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳ ва шиносоӣ бо имкониятҳои муассисаи нави таълимӣ кормандони соҳаи илму маорифро барои дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани ҷавонон ҳидоят карда, онҳоро вазифадор намуданд, ки барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва илмҳои дақиқ аз ҳарвақта дида масъулиятшинос бошанд.


САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ «ЛИТСЕЙИ КАСБИИ САНОАТИ КИМИЁ»-РО ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ПАС АЗ ТАЪМИРУ НАВСОЗӢ БА ИСТИФОДА СУПОРИДАНД
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бинои Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кимиё”-ро пас аз таъмиру навсозӣ ба истифода супориданд.
Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кимиё”-и шаҳри Левакант 25 июни соли 1964 ҳамчун Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 40 ташкил шуда, соли 2006 ба Литсейи касбии саноати кимиё табдил дода шуд.
Бо гузашти солҳои тӯлонӣ ва хароб гаштани бино зарурати таъмир ва навсозӣ ба миëн омад.
Бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ намудани иншоот ва муҳайë сохтани шароити созгори касбомӯзӣ тадбирҳои ободонию бунëдкорӣ оғоз гашт.
Натиҷа ҳамин аст, ки дар як муддати начандон тӯлонӣ шуруъ аз даромадгоҳи муассиса то се бинои таълимии дуошëна, як бинои дуошëнаи маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ ободу зебо гардонида шуд.
Дар хобгоҳи муассисаи таълимӣ, ки аз се бинои чорошëна иборат буда, барои 426 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, корҳои созандагӣ идома дорад.
Корҳои сохтмону навсозии иншоот бо саҳми соҳибкорон ва шахсони бо нангу номуси шаҳри Левакант ва вилояти Хатлон бе ҷалби маблағҳои буҷет анҷом дода шудааст.
Дар баробари таъмир ҳамзамон дастгоҳу лавозимоти муосири илмомӯзию касбомӯзӣ дастрас карда шудааст, ки муҳассилин метавонанд бе ягон мушкилӣ ба касбомӯзӣ машғул гарданд.
Давоми 57 сол дар муассиса 14 ҳазору 484 нафар таҳсил намуда, соҳиби дипломи соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ шудаанд.
Солҳои пеш Омӯзишгоҳ дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиëи Миëна ва Иттиҳоди Шӯравӣ ягона муассисае ба ҳисоб мерафт, ки мутахассисони варзидаи соҳаи истеҳсолии маводи кимëвиро омода менамуд.
Дар доираи корҳои ободонӣ дар Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант ҳамзамон осорхона таъсис дода шудааст, ки таърихи таъсисëбии литсейи мазкур, таҳсилу фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, синфхонаи даврони таҳсил дар литсейи мазкур, китобхона ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро дар бар мегирад.
Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1969-1971 дар ин муассиса дар гуруҳи рақами 10 бо ихтисоси “Челонгари барқии асбобҳои андозагирӣ-санҷишӣ ва автоматика” таҳсил карда, онро бо муваффақият хатм намудаанд.
Айни замон шумораи толибилмони ин даргоҳи илму маърифат 278 нафарро ташкил намуда, 44 нафар омӯзгор аз рӯи 10 ихтисос ба донишҷӯëн таълим медиҳанд.
Дар идомаи боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант бо ҷараëни корҳои сохтмони бинои филиали Донишкадаи соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва хизмат шинос шуданд.
Иншоот дар масоҳати 1,55 гектар замин бунëд карда шуда, аз 7 ошëна иборат мебошад.
Айни замон 28 нафар мутахассиси ватанӣ дар корҳои сохтмонӣ ҷалб шуда, ба таври густурда фаъолият доранд, то ин ки иншоот дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир бунëд карда шавад.
Мавриди зикр аст, ки филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи сайëҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат аз 30 июли соли 2021 дар заминаи Литсейи касбии саноати кимëи шаҳри Левакант таъсис дода шудааст.
Ҷараëни таълиму тарбия дар ин боргоҳи илму маърифат дар шуъбаи таҳсили рӯзона ва фосилавӣ аз рӯи низоми таҳсили кредитӣ мувофиқи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои хадамоти гумрук, иқтисодиëт ва ташкили истеҳсолот, молия ва қарз, энергетика ва кори бонкӣ ба роҳ монда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор намуданд, ки иншоотро тибқи лоиҳа бо сифати баланд сохта ба истифода дода, барои ба талаботи бозори меҳнат омода кардани мутахассисони ҷавон аз имкониятҳои фароҳамгашта мақсаднок истифода баранд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ХОҶАГИИ МОҲИПАРВАРИИ «ФАЛҲОБОД» ВА ИСТИРОҲАТГОҲРО ДАР ДЕҲАИ ВАХШИ ДЕҲОТИ «ВАҲДАТ»-И ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД
ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ВА ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №1527 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Хоҷагии моҳипарварии «Фалҳобод» ва истироҳатгоҳ дар деҳаи Вахши деҳоти “Ваҳдат” -и шаҳри Левакантро, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур аз ҷониби сокини ватандӯсти вилояти Хатлон Соҳибов Фатҳулло бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои шоиставу бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Дар иншооти мазкур 25 ҷои корӣ муҳайё карда шуда, сокинони шаҳри Левакант бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Хоҷагии моҳипарварӣ ва истироҳатгоҳ дар майдони 32 гектар замин таъсис ёфт. Аз масоҳати умумии хоҷагӣ дар 20 гектар ҳавзҳо барои парвариши 50 ҳазор моҳӣ ва дар 12 гектар истироҳатгоҳ бунёд гардидааст.
Дар ҳавзҳои алоҳида истироҳткунандагон метавонанд ба моҳидорӣ машғул шуда, вақти худро хуш гузаронанд.
Барои ободу дилкаш гардонидани ҳудуди истироҳатгоҳ дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои зебо шинонида шудааст.
Ҳудуди истироҳатгоҳ чароғон ва барои фароғати сокинон суҳбаткада ва нишастгоҳҳо васл гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми Соҳибов Фатҳулло, ки ҳамеша барои ободии диёри хеш талош меварзад, баҳои арзанда дода, иқдоми ӯро шоистаи таҳсин хонданд.
Мавриди зикр аст, ки майдони замини ҳавзи моҳипарварӣ ва истироҳатгоҳ пештар сангзор буда, маҳз бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санглох ба як макони тамошобоб, дилнишин ва назарррабо мубаддал гашт.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин