Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ 
  • 15:42 – Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИДОМА ДОРАД.

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИДОМА ДОРАД.
ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БИНОИ МАЪМУРИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД
28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ аз таҳхона ва 2 ошёна иборат мебошад.
Масоҳати замини ҷудошуда барои бунёди иншоот 960 метри мураббаъ ва масоҳати зери сохтмон 485 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар таҳхонаи иншоот бахши бойгонӣ, китобхона, ҳуҷраҳои техникӣ, ҷои нигоҳдории таҷҳизоти барқӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудаанд.
Дар ошёнаҳои якум ва дуюм 7 утоқи корӣ бо таҷҳизот ва лавозимот барои пешбурди фаъолият таъмин аст. Маҷлисгоҳи иншоот, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, дорои 60 ҷои нишаст мебошад. Дар баробари ба истифода додани иншооти мазкур бо ҳуҷраҳои барҳавои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир барои кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам омад ва дар ин замина сатҳу сифати корбарӣ низ беҳтар мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зикри он ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин иншооти замонавӣ беҳтарин туҳфа барои кормандон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни бузурги умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад, масъулинро ба истифодаи самараноки имконият дар тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, бедор сохтани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии наврасону ҷавонон ва ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ ҳидоят намуданд.

ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ВА БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ ПАРВАРИШ ВА ДАРАВИ ШОЛӢ АЗ КИШТИ ТАКРОРӢ
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИДОМА ДОРАД.28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Хоҷагии деҳқонии “Кӯҳи сурх” ташриф оварда, бо ҷараёни парвариш ва дарави шолӣ аз кишти такрорӣ шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки хоҷагии мазкур аз соли 2010 дар баробари дигар бахшҳо ҳамчунин ба шолипарварӣ машғул буда, имсол майдони кишти шолиро ба 13 гектар расонидааст.
Тибқи таҷриба, ҳамасола хоҷагидорон аз ҳар гектар замин то 50- сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд ва имсол дар маҷмӯъ, дар назар аст, ки ба андозаи 650 сентнер ду навъи биринҷ ҷамъоварӣ намоянд.
Айни замон дарави шолӣ бо ҷалби техникаи муосири соҳавӣ ва 60 нафар сокини маҳаллӣ бомаром идома дорад ва аллакай 90 фоизи шолӣ даравида шудааст.
Зимни боздид иттилоъ доданд, ки ҳамасола хоҷагӣ маҳсулоти худро ба бозорҳои ноҳия ва шаҳрҳои Бохтару Душанбе ба фурӯш бароварда, дар таъмини фаровонии маҳсулот ҳиссаи худро мегузоранд.
Хоҷагии мазкур имсол ду навъи биринҷ- “Ҷашнвора” ва “Сурхи мӯякдор”-ро ба харидорон пешниҳод менамояд.
Дар заминҳои хоҷагӣ шолӣ кишти такрорӣ буда, қабл аз ин аҳли заҳмат дар 13 гектар ғалла корида буданд, ки аз ҳар гектар бештар аз 40-сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд.
Ҳамасола дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода бурдани замини кишоварзӣ хоҷагидорон дар заминҳои дар ихтиёрдоштаашон кишти такрорӣ мегузаронанд ва аз ин ҳисоб низ фоидаи хуб ба даст меоранд.
Дар маҷмуъ, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ имсол майдони кишти шолӣ наздик ба 150 гектарро ташкил дод. Майдони умумии кишти такрории зироати кишоварзӣ дар ноҳия имсол 791 гектарро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта бештар мебошад. Хоҷагидорон бо гирифтани ҳосили хуб ҳамасола барои таъмини бозорҳои мамлакат бо биринҷи аълосифат саҳм мегузоранд.
Тавре маълум гашт, ғайр аз шолипарварӣ ҳамчунин Хоҷагии деҳқонии “Кӯҳи сурх” ба парвариши гандум, пахта, маккаи тухмӣ, полезӣ ва сабзавот машғул мебошад. Хоҷагӣ дар маҷмӯъ бештар аз 84 гектар заминро дар ихтиёр дошта, 60 гектари он барои парвариши пахта истифода мегардад. Айни замон ҷамъоварии пахта низ дар хоҷагӣ бомаром идома дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид рушди соҳаи кишоварзиро омили асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти арзону хушсифат маънидод карда, кишоварзонро вазифадор намуданд, ки ҳар порча заминро самаранок истифода баранд ва ба ин васила саҳми худро дар таъмини фаровониву арзонии бозорҳои мамлакат гузоранд.

ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОСОРХОНАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХИРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
2САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИДОМА ДОРАД.8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳраки Балхӣ бинои нави Осорхонаи ноҳиявиро ифтитоҳ намуданд.
Бинои осорхона дар асоси дастуру ҳидоят ва сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ифтихори солгарди 30-юми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълони солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст.
Дар бинои хуштарҳу замонавии Осорхонаи ноҳиявӣ, ки аз 5 ошёна иборат мебошад, инчунин китобхонаи марказӣ, идораи бойгонӣ ва рӯзномаи ноҳиявии “Навиди Балх” бо матбаа ҷой дода шудааст.
Осорхонаи ноҳиявӣ дар ошёнаҳои якум ва дуюм ҷойгир буда, дар рафҳои намоишӣ бештар аз 3500 нигораи таърихӣ нигоҳ дошта мешавад.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аксарияти нигораҳо аз гӯшаву канори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ёфт гардидаанд. Нигораҳо давраҳои гуногуни таърихи миллати тоҷик, шурӯъ аз асри 6-и пеш аз мелод то замони навро дар бар мегиранд. Мероси таърихии Кофирқалъа ё Ҳалевард, ки мансуби асри 6-7 то мелод аст, зиннатбахш ва василаи ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба осорхонаи тозабунёди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад.
Дар натиҷаи ковишҳои археологӣ исбот шудааст, ки Ҳалевард то солҳои 740 мелодӣ дар масоҳати 13,5 гектар замин ҷойгир буда, дарозӣ ва паҳноии он 460 метрро ташкил медод.
Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ аз димнаи Кофирқалъа маводи зиёд — зарфҳои кулолӣ (сафолӣ), шишагӣ, оҳанӣ, инчунин ашёи аз устухону санг сохташуда дарёфт карда шудаанд, ки онҳоро бостоншиносон ба гурӯҳҳо ҷудо намуданд. Ҳамчунин ёдгориҳои сершумори санъати мутааллиқ ба дини буддоӣ аз даруни куҳандиз ва хонаҳои истиқоматӣ дарёфт карда шуданд.
Мутахассисон ин бозёфтҳоро ҳаматарафа омӯхта, ба кадом давр тааллуқ доштани онҳо, ҳамчунин ба маданияти кадом минтақаҳо омехта буданашонро муайян кардаанд.
Намунаҳои мероси таърихии Кофирқалъа ё Ҳалевард дар бинои осорхонаи нав ба маъраз гузошта шудааст, ки муаррифи таърихи қадимаи миллати тоҷик мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони осорхона дастур доданд, ки паҳлуҳои норушани мероси фарҳангиву таърихии ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро мавриди омӯзиш қарор дода, ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Зимни шиносоӣ бо осорхона таъкид шуд, ки ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ арзиши баланди таърихии миллати тоҷикро доро буда, қисмати муҳими Роҳи Абрешим тавассути ҳамин ноҳия то Аҷинатеппа мерасид ва воситаи муҳими тиҷорат маҳсуб меёфт. Дар ҳудуди ноҳия аз тарафи бостоншиносон ду корвонсарой кашф гардидааст.
Дар умум, ҳар меҳмони Осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ метавонад бо гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик пурра ошноӣ пайдо намояд.
Нигораҳои ҷолиби дигаре, ки дар осорхона гузошта шудаанд, ин скалатитҳои дорои таърихи 3 миллион сол, сарнайзаҳои асрҳои ибтидоӣ, гӯшаи табиат бо хӯсаҳои ҳайвоноти нодири шомили Китоби сурх, кӯзаҳои асри биринҷӣ, кӯзаҳои замони Кӯшониён, намунаҳои заргарӣ, диарамаҳои табиат ва даҳҳо осори бостонии миллати тоҷик мебошад.
Бояд таъкид кард, ки таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ яке аз афзалияти сиёсати фарҳангии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ зимни сафар ба кишвари мо ба мероси таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дастур доданд, ки барои фаъолияти минбаъдаи осорхона роҳбаладони забондону касбӣ ба кор ҷалб гарданд, то ҳар нигораи таърихӣ ба сайёҳону меҳмонони хориҷӣ дақиқ ва ҳамаҷониба муаррифӣ карда шавад. Зеро осорхона маконест, ки ба воситаи ёдгориҳои қадима метавонад ба тамошобин таъсир гузошта, шахсро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба осори антиқӣ, зебоипарастӣ ва дарки олами нафосат тарбия намояд.


САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ХАТИ ОБИ НӮШОКИРО ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДАНД
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИДОМА ДОРАД.28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон хати оби нӯшокиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Хати оби нӯшокӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Барқароркунии системаи обтаъминкунии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ” бунёд гардид.
Нахуст ба Сарвари давлат ҷараёни татбиқи Лоиҳаи “Барқароркунии системаи обтаъминкунии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ” муаррифӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳа аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи умумии 5 миллиону 975 ҳазор доллари америкоӣ амалӣ карда шудааст.
Бо татбиқи муваффақонаи лоиҳа, ки бо саъю талошҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, наздики 5000 хоҷагии маркази маъмурии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ-шаҳраки Балх, ё тақрибан 20 ҳазор нафар бо оби тозаи нӯшокӣ шабонарӯзӣ таъмин шуданд.
Дар доираи лоиҳа корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла 4 километр қубурҳои обпартои обу корез ва дар масофаи 5 километр хобонидани қубурҳои қутрашон гуногуни байникӯчагӣ анҷом дода шудаанд.
Бунёду сохтмони қубури асосии баландфишору худҷоришаванда, истгоҳи нави обтаъминкунӣ, барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии мавҷудаю обанбор, барқарорсозии истгоҳи нассосӣ, таҷдиди коллекторҳои мавҷудаи канализатсионӣ дар шаҳраки Балх ва харидориву насби ҳисобкунакҳои об аз тадбирҳое мебошанд, ки дар доираи лоиҳаи “Барқароркунии системаи обтаъминкунии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ” иҷро гардиданд.
Сохтмони ташхисгоҳ, бинои насосҳои обкаши 1-ум ва 2-юми барориш, ҳавзҳои обтакшинкунанда, ҳавзҳои захиравии Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ ва корезӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ аз зумраи тадбирҳои анҷомёфта дар доираи лоиҳа мебошанд.
Тадбири мазкур дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал — “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” татбиқ шуда, мақсад аз он таъмини сокинони шаҳраки Балх бо оби нӯшокӣ мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки дар доираи лоиҳа сохтмони бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ ва корезӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сомон ёфта, он комилан муҷаҳҳаз карда шуд.
Бунёди биноҳои ёрирасони корхона низ дар чаҳорчӯбаи амалишавии ҳамин тарҳ бо сифати хуб анҷом дода шудааст.
Инчунин дар доираи муҷаҳҳазгардонии корхона 1 адад автомашинаи асенизатсионӣ, мошини садамавӣ-техникӣ, экскаватор, автоманипулятор, автобус, компрессор, таҷҳизоти кафшергарию асфалтбурӣ ва ғайра дастрас гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми амалишавии лоиҳа зиёда аз 100 нафар сохтмончию муҳандис ба кори мавсимӣ ҷалб шуданд. Бо ба анҷом расидани лоиҳа шумораи кормандони доимии корхона аз 22 ба 36 нафар расид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки масъалаи дастрасии пурраи аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ аз ҳадафҳои аслии роҳбарияти давлату Ҳукумат маҳсуб ёфта, ин раванд дар мамлакат тавассути татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои ҷумҳуриявӣ марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ЯТИМОНИ КУЛЛ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ТУҲФАҲО ТАҚДИМ НАМУДАНД
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИДОМА ДОРАД.28 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл дидорбинӣ намуда, бо кӯдакону наврасон суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Аз ҷониби Сарвари ғамхору ятимпарвар ба 150 нафар ятими кулл туҳфа, аз қабили сару либоси зимистона ва дигар лавозимоти зарурӣ тақдим карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буданд, ки ҳеҷ гоҳ ятимонро танҳо намегузоранд. Натиҷа ҳамин аст, ки зимни сафарҳои кории хеш ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сараввал бо чунин нафарон мулоқоту суҳбат намуда, аз аҳволашон шахсан бохабар мегарданд. Ин таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Роҳбари давлат боиси он гардидааст, ки кӯдакони бо амри тақдир ятиммонда ҳамеша зери ғамхорӣ қарор доранд.
Зимни суҳбати озоду самимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимону эҳтиёҷмандонро яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳамеша дар ҳаққи чунин нафарон ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.
Аз кӯдакону наврасон даъват ба амал оварданд, ки шароити фароҳамовардашударо самаранок истифода бурда, барои омӯхтани илмҳои муосир, донистани забонҳои гуногун ҳамеша саъю кӯшиш намоянд.
Кӯдакон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамешагӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагонӣ ва илмомӯзӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин