Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ 
  • 15:42 – Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

28.10.2021, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣМуҳтарам роҳбарону фаъолон ва намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон!

Мулоқоти мову шумо дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматкаши вилояти Хатлон ҷашни бузурги 30 – солагии истиқлолу озодии кишвари маҳбубамонро бо вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созандагӣ таҷлил намуданд ва ин равандро ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон идома дода истодаанд.

Дастовардҳои сокинони вилояти Хатлон тайи даврони соҳибистиқлолӣ чанд рӯз қабл дар шаҳри бостонии Кӯлоб дар суханронии Роҳбари давлат зикр гардиданд.

Бояд гуфт, ки дар нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар вилоят бунёду азнавсозии 7667 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ин рақам 31 фоизи нақшаи умумии корҳои дар миқёси кишвар пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти ҷамъбастӣ то ба имрӯз корҳои сохтмони 8180 иншооту биноҳо, яъне 513 иншоот аз нақша зиёд ба маблағи умумии беш аз 2,7 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳамаи онҳо ба истифода супорида шудаанд.

Яъне нақшаи тасдиқгардида қариб 107 фоиз таъмин карда шудааст.

Дирӯзу имрӯз дар доираи сафари кории мо ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ даҳҳо иншооти навбунёди истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ба истифода супорида шуданд ва фардо дар ноҳияи Хуросон боз якчанд иншооту биноҳои таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Бо истифода аз фурсат, ба тамоми мардуми сарбаланди вилоят, махсусан, ба соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша, ки барои ободу пешрафта гардонидани шаҳру ноҳияҳои вилоят софдилона заҳмат кашида истодаанд, бори дигар миннатдории самимии худро баён менамоям.

Итминон дорам, ки мардуми шарафманди вилоят корҳои созандагиро минбаъд низ идома медиҳанд ва ба хотири муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии ҳамдиёрони худ саъю талоши бештар мекунанд.

Вобаста ба ин, роҳбарону масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ҷиҳати идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон тақвият бахшида, сифати корҳо дар иншооти бунёдшаванда ва истифодаи самараноки онҳоро назорат намоянд.

Илова бар ин, зарур аст, ки дар раванди амалигардонии барномаи нави рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят камбудиҳои дар ҷараёни татбиқи барномаи қаблӣ ҷойдошта, аз ҷумла дар самтҳои маориф ва илм, фарҳанг, сайёҳӣ, кишоварзӣ, варзиш, бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, махсусан, саноати сабук ва хӯрокворӣ ва азнавтаҷҳизонии корхонаҳои мавҷуда, инфрасохтори хизматрасонӣ, нақлиёт, нигоҳдории роҳҳо ва ҳолатҳои фавқулода ба эътибор гирифта шаванд.

Вобаста ба ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ корҳоро ҷиҳати ҷалби боз ҳам бештари сармоя, махсусан, сармояи мустақим тақвият бахшанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба аҳолӣ ва соҳибкорони вилоят беш аз 18 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 16 фоизи қарзи дар кишвар додашударо ташкил медиҳад.

Таъкид месозам, ки бо дарназардошти шумораи аҳолии вилоят ва имкониятҳои он дар самти рушди соҳибкорӣ, хусусан, соҳибкории истеҳсолӣ нишондиҳандаи мазкур қонеъкунанда нест.

Аз ин лиҳоз, Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки барои зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят, алалхусус, ба бахши истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи саноати вилоят мунтазам тараққӣ карда, ҳоло шумораи корхонаҳои соҳа ба 631 расонида шудааст.

Танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 22 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба фъолият оғоз кардааст.

Хотирнишон месозам, ки бо вуҷуди имкониятҳои бисёр мусоид суръати рушди соҳаи саноати вилояти Хатлон, алалхусус, бахшҳои саноати сабук ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар суст мебошад.

Дар моҳҳои январ – сентябри соли 2021 корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи 7,1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 14 фоиз зиёд мебошад.

Аммо ин нишондиҳанда аз сатҳи миёнаи кишвар, ки 22,6 фоизро ташкил медиҳад, хеле кам аст.

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорони инфиродии вилоят ба маблағи 43 миллион сомонӣ ё 1,2 миллион ҷуфт либоси мактабӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи миқдор 4,3 баробар зиёд мебошад.

Вале сатҳи таъминнокии хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли худӣ дар вилоят ҳамагӣ 31,5 фоизро ташкил медиҳад, ки андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.

Хотирнишон месозам, ки Хатлон на фақат аз рӯи аҳолӣ, балки бо захираҳои фаровони ашёи хом ва имкониятҳои бузурги истеҳсолӣ калонтарин вилояти мамлакат ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, Вазорати саноат ва технологияҳои нав бояд барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таъсиси корхонаву коргоҳҳои нав, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва бо ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Имкониятҳои вилояти Хатлон дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар низ ниҳоят васеъ мебошанд.

Дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзии вилоят ба 15,4 миллиард сомонӣ расидааст, ки 46 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии кишварро ташкил медиҳад.

Яъне ҳиссаи хоҷагиҳои кишоварзии вилоят дар бобати ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ хеле бузург мебошад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки бо мақсади истифодаи ҳарчи бештар аз имконияту захираҳои вилоят корҳо дар самти зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, ташкили фермаҳои чорводориву корхонаҳои парандпарварӣ, инчунин, хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар минтақаҳои мусоид, таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати соҳа ва афзоиш додани содироти маҳсулот мунтазам чораҷӯӣ карда шавад.

Бори дигар таъкид менамоям, ки дар вилояти Хатлон захираву имкониятҳои бамаротиб зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо роҳи истифодаи самараноки обу замин ва воридоти тухмиҳои аълосифат баланд бардоштани ҳосилнокӣ, аз як қитъаи замин рӯёнидани се – чор ҳосил, боз ҳам самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, инчунин, ташкили гармхонаҳои доимамалкунанда ва сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот мавҷуданд.

Тадбирҳои зикршуда яке аз роҳҳои асосии бо ҷойи корӣ таъмин кардани сокинони вилояти сераҳолитарини мамлакат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва афзун намудани даромади буҷет мебошанд.

Дар ин раванд, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати кишоварзӣ, Агенти беҳдошти замин ва обёрӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки барои беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда тадбирҳои зарурӣ андешида, истифодабарии самараноки онҳо ва низоми обёрии вилоятро таъмин намоянд.

Бо мақсади ҳалли мушкилоти вобаста ба роҳу нақлиёт ҳоло дар қаламрави вилоят 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 4,7 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо солҳои наздиктарин 219 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 3 нақб ва 25 пул бунёд ва ба истифода супорида мешаванд.

Илова бар ин, лоиҳаи таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб ва роҳи Кӯлоб – Муъминобод ба маблағи умумии 680 миллион сомонӣ татбиқ шуда, дар доираи он ҷароғонкунии роҳҳои дохилишаҳрӣ, навсозии обравҳо ва хатҳои обгузару корез амалӣ гардида истодааст.

Чанде пештар мо роҳи мошингарди «Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин»-ро ифтитоҳ намудем, ки аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дошта, пойтахти кишварро бо шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин васл мекунад ва яке аз дарвозаҳои асосӣ барои пайваст намудани Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш дар ноҳияи Данғара марҳалаи якуми сохтмони роҳи аҳаммияти ҷумҳуриявидоштаи Данғара – Левакант – Бохтар оғоз гардид, ки маблағи умумии он, илова ба роҳи бунёдшудаистодаи Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт 824 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, фардо дар ноҳияи Хуросон марҳалаҳои якуму дуюми шоҳроҳи дорои аҳаммияти байналмилалии «Душанбе – Бохтар», ки маблағи барои татбиқи он ҷудошуда беш аз 2 миллиарду 300 миллион сомониро ташкил медиҳад, ифтитоҳ мегардад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда танҳо дар 15 соли охир тавассути роҳҳои ҳудуди вилоят ҳаҷми боркашонӣ 10 баробар ва мусофиркашонӣ 7 баробар зиёд шудааст.

Бо мақсади ҳарчи пурраву самаранок истифода кардани имкониятҳои фароҳамгардида роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута барои ташкили марказҳои логистикӣ ва тақсимоти яклухти маҳсулот, анборҳои нигоҳдориву сардхонаҳо ва ба ин васила афзоиш додани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан, сабзавоти барвақтӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади истифодаи ҳарчи бештари иқтидори бузурги гидроэнергетикии вилояти Хатлон дар ҳудуди вилоят ду нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 890 мегаватт, 37 нерӯгоҳи барқи обии хурд бо иқтидори умумии 1654 киловатт, 290 километр хатҳои интиқоли барқи 220 – киловолта, 4 зеристгоҳи нави барқии 220 – киловолта ва дигар инфрасохтори энергетикӣ ба маблағи умумии 12,6 миллиард сомонӣ бунёд карда шудаанд.

Ҳоло дар ин самт татбиқи боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии қариб 9 миллиард сомонӣ идома дорад.

Бо вуҷуди ин, фарсудашавии зиёди иншооти энергетикии вилоят ва сатҳи баланди талафоти нерӯи барқ ба назар мерасад ва зарур аст, ки татбиқи лоиҳаҳо дар самти ҷорӣ намудани низоми муосири назорату баҳисобгирии нерӯи барқ ва таҷдиду азнавсозии шабакаҳои барқии шиддати миёна ва паст роҳандозӣ карда шавад.

Вобаста ба ин, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва сохторҳои дахлдори соҳа бояд дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои иловагӣ барои ҳалли мушкилоти зикргардида чораҷӯӣ намоянд.

Инчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои далхдор корҳоро ҷиҳати истифодаи самараноки нерӯи барқ ва кам кардани талафоти он вусъат бахшанд.

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди тадбирҳои то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат доир ба рафъи мушкилоти соҳаи маорифи вилояти Хатлон амалигардида дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то ҳол мушкилоти зиёд мавҷуданд.

Аз ҷумла шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таъмирталаб зиёд буда, норасоии ҷойҳои нишаст, синфхонаҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо ба назар мерасад, ки андешидани тадбирҳои иловагиро аз ҷониби роҳбарону масъулин тақозо менамояд.

Илова бар ин, дар доираи иҷрои Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 – 2021 то ба имрӯз ҳамагӣ 145 иншоот бунёд гардидааст, ки 25,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Бинобар ин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо он бояд якҷо бо Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳо барои бунёди муассисаҳои таълимӣ, махсусан дар ноҳияҳои дурдаст, бартараф намудани раванди таълиму тарбия дар се баст, зиёд кардани фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдак, ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии равияи омӯзгорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин, ба таври зарурӣ муҷаҳҳаз набудани баъзе беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосири ташхису табобат яке аз норасоиҳои соҳаи тандурустии вилоят мебошад, ки роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бояд ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он бо таърихи бостонӣ ва фарҳанги рангорангу ғании худ маълуму машҳур мебошад, зеро дар ҳудуди вилоят шумораи зиёди ёдгориҳои таърихиву фарҳангии барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ бисёр ҷолиб мавҷуданд.

Бо истифода аз ёдгориҳои нодири таърихӣ, табиати зебо, обҳои шифобахш, расму ойинҳои гуногуни миллии гӯшаҳои мухталифи ин диёр муҳайё сохтани инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, бахусус, саёҳати табобативу экологӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ яке аз воситаҳои асосии бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони вилоят мебошад.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби соҳибкорони бонангу номус то имрӯз дар ин самт хеле корҳои арзишманд анҷом дода шудаанд.

Зарур аст, ки бо ҷалби боз ҳам бештари соҳибкорон ва шахсони ташаббускору саховатпеша бунёди иншооти сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ минбаъд низ вусъат дода шавад.

Ҳамзамон ба ин, обод нигоҳ доштани мавзеъҳои табииву таърихӣ ва ҳарчи бештар ҷалб кардани сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини Вазорати фарҳанг, Кумитаи рушди сайёҳӣ, роҳбарону масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Тибқи мушоҳидаву таҳлилҳо дар натиҷаи амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хеле тараққӣ кардаанд.

Вале таъкид месозам, ки мушкилоту масъалаҳои ҳалталаб ҳанӯз зиёданд.

Бинобар ин, тамоми роҳбарон ва масъулони сохторҳои давлатӣ, фаъолон ва бахши хусусӣ бояд ҷидду ҷаҳди худро ба он равона созанд, ки дар ояндаи наздик шаҳру ноҳияҳои вилоят бояд боз ҳам ободу зебо гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинон баланд бардошта шавад.

Вобаста ба ин, хотиррасон месозам, ки таҷрибаи ташкили корҳои ободонии деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик, Пушинг ва Исмат Шарипови ноҳияи Данғара барои дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва умуман кишвар метавонад намунаи ибрат ва омӯзиш бошад.

Дар раванди амалӣ намудани корҳои лоиҳакашӣ ва бунёди иншоот риояи ҳатмии меъёрҳои муосири сохтмон ва истифодаи санъати баланди меъмории миллӣ бояд ҳамеша дар маркази диққати лоиҳакашҳо, сохтмончиён ва дигар роҳбарону мутасаддиён бошад.

Вазифаи муҳимтарини ҳар яки шумо – роҳбарону фаъолон аст, ки мардумро сарварӣ кунед, барои ҳалли мушкилоти онҳо чораҳои саривақтӣ андешед, соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолиро ба минбаъд низ идома додани корҳои ободониву созандагӣ ҳидоят намоед.

Дигар вазифаи муҳимтарини шумо – вусъат додани кишти тирамоҳӣ, тайёрии ҳамаҷониба ба зимистон, аз ҷумла ҳарчи зудтар ба мавсими сармо омода кардани соҳаҳои иҷтимоӣ ва дар навбати аввал муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, роҳҳо, захираи маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, инчунин, захираи хӯроки чорво мебошад.

Ҳоло, ки мавсими ҷамъоварии ҳосил аст, бо дарназардошти вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон, ба мардум бояд зарурати захираи озуқаворӣ ҳамаҷониба фаҳмонида шавад, то ин ки дар фасли зимистон сокинони шаҳру ноҳияҳо дар масъалаи таъминот бо маводи ғизоӣ танқисӣ накашанд.

Вазъи ҷаҳони муосир, хушксолии пайдарпай, болоравии нархҳо ва дигар мушкилоти озуқаворӣ мову шуморо водор месозад, ки ба масъалаи дар ҳар як оила ташкил кардани захираи дусолаи маводи ғизоӣ, сарфаю сариштакорӣ, пешгирӣ кардани исрофкориву зиёдаравӣ ва риояи ҳатмии талаботи қонуни танзим ниҳоят ҷиддӣ муносибат намоем.

Инчунин, бо дарназардошти дар чандин кишвари пешрафтаи олам аз нав авҷ гирифтани бемории сироятии КОВИД – 19 ва шаклҳои нави он зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиву пешгирикунанда дар байни мардум ва хусусан, онҳое, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Ватан бармегарданд, инчунин, риояи маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисон вусъат бахшида шавад.

Дар интиҳо ба ҳамаи шумо тандурустӣ ва барори кор мехоҳам.

Саломат бошед!
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин