Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ 
  • 15:42 – Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 

«ШОҲИ ТАОМҲО». дар шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав» баргузор гардид

«ШОҲИ ТАОМҲО». дар шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав» баргузор гардидИмрӯз дар майдони назди шаршараи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали «Оши палав» баргузор гардид. Дар даромадгоҳи майдон деги бузург бо ғунҷоиши қариб ду тонна маҳсулот аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузошта шуда, дар он 4 нафар ошпазони моҳир ба миқдори 800 килограмм биринҷ, 170 литр равған, 270 кг гӯшт, як тонна сабзии реза, 150 кг пиёз, 30 кг намак, 8 кг зира, 30 кг кишмиши ошӣ, 8 кг лимӯ, 250 кг тухми бедона, 8 кг сирпиёз, 8 кг қазӣ, 8 кг гӯшти хушккардашударо истифода намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар доираи баргузории Фестивали «Оши палав» 50 деги ошпазӣ, аз ҷумла 40 адад аз шаҳри Душанбе ва аз намояндагиҳои кишварҳои узви ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 дег гузошта шуда, аз ҷониби ҳунармандони соҳаи таббохӣ беш аз 5 ҳазор килограмм оши палов омода карда шуд.

Зимни ифтитоҳи фестивал муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода иброз намуд, ки хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии тоҷикон дар тӯли садсолаҳо зери таъсири таърихи ғанӣ ташаккул ёфтааст. Он таърихи куҳан дошта, дар тӯли ҳазорсолаҳо дар масири қарнҳо ташаккул ёфтааст. Хӯрокҳои миллии тоҷикон бо гуногунии худ, ки навъҳои мухталиф –хамирӣ, гӯштӣ, ширӣ, сабзавотӣ ва ғайраро дар бар мегиранд, аз ҳамдигар тафовут доранд.


Мавсуф зикр намуд, ки яке аз хӯрокҳои миллии мо оши палав мебошад, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардидааст.

Зикр шуд, ки ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур- муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Ҳамчунин дар доираи баргузории фестивали мазкур баҳри хушҳолии иштирокдорон барномаи консертӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки мардуми тоҷик аз қадим бо фарҳангу маданият, маҳорати хос, кадбонуҳои ҳунарманд ва таомҳои бисёр болаззати миллӣ дар минтақа ва ҷаҳон машҳур аст. Шӯҳрати ҷаҳонии кишвари мо баъди аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани забон, таърих, фарҳанг, маданият, расму оинҳои қадимаи аҷдодӣ, оинҳои неки башардӯстӣ ва дигар арзишҳои муқаддаси сарзамини бостонӣ афзунтар гардид.

Зикр карда шуд, ки ниёгони мо, тоҷикон, бар он назаранд, ки оши палав хӯроки анъанавӣ буда, дар байни халқамон маҳбубияти хос дорад. Ба ин хотир онро «маҳбубтарин хӯрок» ва бештар аз ҳама, «шоҳи таомҳо» меноманд.

«ШОҲИ ТАОМҲО». дар шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав» баргузор гардид
Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, фолклоршинос ва мардумшиноси тоҷик Дилшод Раҳимӣ иброз дошт, ки «оши палав воситаи пайванди дӯстию ҳамгироӣ ва ваҳдати сокинони Тоҷикистон, новобаста ба мансубияти динию мазҳабӣ ва этникию нажодӣ мебошад. Дар байни тоҷикон ибораи «оши оштӣ» маъруф аст, ки шахсони бо ҳам қаҳриро калонсолон ва шахсони муътабар ба миён даромада, сари дастархони оши палав мешинонанд. Пас аз хӯрдани оши палав тарафҳо қарзи номусу виҷдони худ мешуморанд, ки бо ҳам сулҳу дӯстӣ кунанд».

Бояд гуфт, ки ошҳои омодашуда тибқи дастури роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба якчанд мактаб- интернатҳо ва қисмҳои ҳарбии пойтахт расонида мешаванд.

«ШОҲИ ТАОМҲО». дар шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав» баргузор гардид
Маъмулан барои пухтани оши палав сабзӣ, биринҷ, гӯшт, равған, пиёз ва обу намак истифода мешавад. Инчунин мувофиқи табъ ва хоҳиш ба он нахӯд, зира, заъфарон, сирпиёз, биҳӣ, мурч, зелол, лимӯ ва дигар давоҳои хуштамъкунанда илова карда мешаванд.

Бояд зикр кард, ки дар тӯли асрҳо миёни мардуми тоҷик навъҳои гуногуни оши палав маъмул аст. Ба мисли палави баргитокӣ, палави софӣ, оши кенҷа, оши девзира, оши заъфаронӣ, қимапалав, оши дампухт, оши кӯҳнадам, оши биҳигин, оши як ба як, оши ҳафтравған, иликпалав, халтапалав, сурхпалав, ки дар маҷмӯъ беш аз 200 намудро ташкил медиҳанд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД,
АМИТ «Ховар»
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин