Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ 
  • 15:42 – Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 

«Қаҳрамони Ваҳдат ва сипари Истиқлоли Тоҷикистон», «Бахтномаи миллат», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

«Қаҳрамони Ваҳдат ва сипари Истиқлоли Тоҷикистон», «Бахтномаи миллат», — шарҳи матбуоти даврии ТоҷикистонҲафтаи сипаригардида матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат маводи сершумор ба нашр расониданд. Шарҳи мухтасари хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин хусус.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи №221 (24 328) чоршанбе, 3 ноябри соли 2021 таҳти унвони «Пешвои миллат: «Мавқеъгирии маҷмӯӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра заминаи боэътимод гузорад» суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки тариқи онлайн сурат гирифт, нашр намудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намудаанд, ки «даҳсолаҳои охир дар минтақаи мо тағйири назарраси даврҳои иқлим беш аз пеш ба мушоҳида мерасад. Зимистонҳои мо бештар сарду тӯлонӣ ва фасли тобистон гарму хушк гардида истодаанд. Вобаста ба ин, ҳоло дар минтақа талабот ба неруи барқ ва захираҳои об ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, даври гидрологӣ низ тағйир ёфта истодааст, ки дар минтақа боиси дигар шудани ҷараёни дарёҳо ҳам аз лиҳози ҳаҷм ва ҳам аз лиҳози замон мегардад. Дар чунин вазъият иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсоли неруи барқ ва танзими захираҳои об дар минтақа наметавонанд талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодро қонеъ гардонанд.

Чунончи, тобистони соли гузашта Тоҷикистон маҷбур шуд, ки содироти неруи барқро ба кишварҳои ҳамсоя муваққатан қатъ намояд…».

Ҳамчунин дар ин шумора мавод таҳти унвони «Роҳ ба сӯйи музаффарияту комёбиҳо», «Бо Президент ифтихор менамоем!», «Қаҳрамони Ваҳдат ва сипари Истиқлоли Тоҷикистон», «Осори нависандаи тоҷик», «Зиёда Муҳаммадиева. Ҷавондухтаре дар роҳи муваффақият», «Вақте сухан аз боби устод Ниёзӣ меравад…» ва хабарҳо аз дохил ва хориҷи мамлакат зери рубрикаҳои «Рӯйдодҳои илмӣ», «Варзиш», «Ҷаҳон», «Ҷаҳон дар як сатр» ва «Тоҷикистон» нашр шудаанд.

«Ҷумҳурият» дар шумораҳои дигари худ оид ба сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон, инчунин дар мавзӯъҳои муҳим хабару гузориш ва маводи таҳлилӣ нашр кардааст.

Дар шумораи ҳафтаи сипаригардидаи нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум», таҳти №135 (4397) сешанбе, 2 ноябри соли равон сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон, мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Маргарета Седерфелд ва аз Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавод ба нашр расидаанд.

Дар ҳамин шумора хонандагон имкон доранд мақолаҳоро таҳти унвони «Давомнокии умр дар Тоҷикистон 75,1 солро ташкил медиҳад», «Ҳоли табоҳи ду муассисаи таълимӣ дар Ховалинг», «Маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда яке аз омилҳои солимии аҳолист» ва дигар хабарҳои ҷолиб аз фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутолиа намоянд.

Нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» дар шумораи №43 (20323), чоршанбе, 3 ноябри соли 2021 суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки тариқи онлайн сурат гирифт, оид ба сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон ва дигар хабарҳои дохил ва хориҷи мамлакатро нашр намудааст.

Дар ин шумора таҳти унвони «Мавлуда Каландарзода: «Каждая статья Конституции должна стать правилом жизни», «Таджиков мало не бывает», «Не тот- человек, кто для себя живет, а тот- кто народу счастье дает», «За впечатлениями в Бохтар: в Таджикистане открыли новый турмаршрут» матолиб ва дигар хабару гузоришҳо ба чоп расидаанд.

Дар шумораи инҳафтаинаи нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ «Минбари халқ» №44 (1338), чоршанбе, 3 ноябр гузориш аз ҷараёни сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон нашр шудааст.

Инчунин дар ин шумора мавод таҳти унвони «Туҳфаи арзишманди ҲХДТ ба Балҷувон», «Ҳуҷҷати тақдирсоз», «Бахтномаи миллат», «Ғояҳои бунёдӣ», «Афғонистон ва Хуросон -ду кишвари мустақил», «Идеологияи миллӣ: Вазъи имрӯза ва дурнамои он» ва дигар хабару гузоришҳо ба нашр расидаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин