Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ 
  • 15:42 – Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 

«Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид

«Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардидДирӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-солагии Рӯзи Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар» ҷамъомади идона баргузор гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Муовини якуми Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммаддовуд Саломиён зикр намуд, ки дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омада, мардуми тоҷик ба марҳилаи давлатдории демократӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодӣ дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ шурӯъ намуд.
«Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид
Зикр шуд, ки Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат манфиатҳои олии мардуми куҳанбунёд ва халқи шарифу матиниродаи моро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард. Аз тарафи дигар, қабули Конститутсия барои рушди давлати демократӣ ва бунёди низоми ҳокимияти давлатӣ асоси ҳуқуқӣ гузошта, дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овард

Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, арзишҳои аслии башарӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр ва демокративу ҳуқуқбунёд ба марҳилаи тозаи қонунгузорӣ дар қаламрави кишвар асос гузоштанд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру демократӣ баҳри рушди инфрасохтори соҳаи маориф, беҳтар гардидани заминаи моддию техникӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ, афзоиши талабот ба илму дониш ва болоравии маърифатнокию решакан намудани ақидаҳои хурофотӣ оид ба таҳсили фарзандон, бахусус духтарон имконияти хуб фароҳам гардидааст.

Дар фарҷом гуфта шуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон тақдирсоз буда, ҳамаи паҳлуҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дар бар мегирад ва роҳи рушду пешрафти давлати тоҷиконро барои садсолаҳо муайян кардааст.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин