Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:16 – Паёми Пешвои миллат таҳкимбахши мафкурраи миллӣ ва суботи сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 12:36 – ПАЁМ. ДАСТУРИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ 

ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ

ИСТИҚЛОЛ  ВА ТАҲКИМИ  АНДЕШАИ МИЛЛӢИстиқлоли сиёсӣ Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон ва ҷаҳонро ба Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ бахшид. Истиқлол Тоҷикистон ва миллати азизи тоҷикро сарбаланди олам сохт.
Маҳз Ватани покзодони олам дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти иродаи сиёсӣ ва шуҷоату матонати абадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қайду банди рўзҳои сангини таърихи муосир раҳо гашт ва рушд кард.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносиву хештаншиносӣ ва дарки масъалаҳои инсонмеҳвари истиқлолу озодӣ оғоз гардид, зеро дар ҷомеаи Тоҷикистон тағйиротҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дигар гардида арзишҳои моддиву маънавӣ ҳам иваз шуданд. Истиқлоли давлатӣ барои иваз гардидани шуури иҷтимоиву маънавӣ такони ҷиддие гардид, аммо тағйири вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, ҷанги дохилӣ ва буҳрони ҳамагонии миллӣ, ки паёмадҳои нохуш дошт, барои инкишофи муътадили шуури иҷтимоӣ монеаҳои зиёде эҷод кард.
Истиқлоли сиёсӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Инсони андешаманд дар раванди устувор кардани инсонияти худ гаштаву баргашта чунин хулоса баровардааст, ки мақсади асосии бозҷустҳои маънавӣ худшиносӣ, эҳтиромӣ озодиву сулҳ ва гиромидошшти арзишҳои волои инсонист. Маҳз истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими худшиносии миллӣ, рушди мафкурраи миллӣ, боло бурдани андеша ва идеологияи ягонаи миллати тоҷик ва ҳамзамон барои вуруди фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон мусоидат кард. Дар ниҳоят ҷаҳон ва мардумонаш Тоҷикистонро ба ҳайси давлати соҳибистиқлол бо тамаддуни ҳазорсолагон дар харитаи сиёсӣ ва ҷуғрофии олам эътироф намуданд.

Дар раванди шаклгирӣ, ташаккулёбӣ ва камолоти ҳар миллату давлат, ҳодисаҳои муайяне рӯх медиҳанд, ки барои пойдорӣ ва бақои давлатдории миллӣ мусоидат менамоянд. Яке аз чунин омилҳои тақдирсози миллӣ, расидан ба истиқлоли сиёсӣ мебошад, ки баландтарин мақомро дар раванди давлатсозии миллӣ соҳиб мебошад.
Барои миллати сарбаланди тоҷик ва умуман Тоҷикистониён, истиқлоли сиёсӣ, ки бузургтарин дастовард мебошад, дар фароварди асри 20 насиби он гардид. Маҳз истиқлоли сиёсии мо, ки нахустин маротиба бо номи миллат ба он соҳиб гардидем, тавонист дар зеҳнияти ҷомеаи Тоҷикистон, хосатан насли ҷавон, шуури миллиро тақвият бахшида, шароити мусоидро барои дарки шинохти тамомияти арзӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу инсониро ташаккул диҳад.
Мафҳуми истиқлол ба маънои мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва комилҳуқуқии кишвар дар идораи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худ тафсир гардидааст.
Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлол душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳи бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолу озодӣ ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давладорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд.
Ормони истиқлол фарзандони мубориз, ватандуст ва донишманди миллатро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ, талқину таҳкими оини давлатдорӣ таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят ҳифзи истиқлоли Ватан ва пойдории тамаддуни аҷдодӣ раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо неруву тавон бахшидааст.
Бо шаҳодати таърих, тоҷикон борҳо бо душманон ва истилогароне рӯ ба рӯ шудаанд, ки нерӯмандтарин қудрати замони худ будаанд, вале онҳо бо ҷасорату матонат, фидокории бемислу монанд, зиракию фаросати фитрӣ, тадриҷан ба даст овардани идораи мулк ва оини давлатдорӣ миёни абарқудратони давронро шикастаанд.

Вобаста ба масъалаи мазкур, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд, ки «Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлол душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давладорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд».

Озодӣ ва истиқлол дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлол мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, замонати ҳастии воқеӣ ва шарафу эътибори ҷаҳонии миллат аст. Бояд қайд намуд, ки ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ саҳифаҳои навину дурахшонро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллати тоҷик ифшо намуда, чароғи ҳидояти фардои дурахшони Тоҷикистон гардид.
Инчунин, Истиқлолияти давлатӣ дар назди ин миллати фарҳангофар масъулияти басо бузург ва дар айни замон пуршарафро ба монанди: ҳифзи Истиқлоли давлатию манфиатҳои миллӣ, ҳимояи арзишҳо ва суннатҳои фарҳангӣ, талаботи бунёди ҷомеаи демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро гузошта, бегазанд ба насли оянда интиқоли ин рисолати таърихиро тақозо намуд.
Бо мақсади таҳкими боз ҳам бештари ин дастовард зарур аст, ки мафҳумҳои истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ ба ғояи ҳамешагии созанда ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистони демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ табдил дода шаванд. Зеро ин мафҳумҳо дар қалбу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор сохтанд ва ба онҳо эътимод бахшиданд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояҳои наҷотбахш корҳои бузурги ободкориву созандагиро ба анҷом расонад ва барои наслҳои оянда як кишвари ободу зеборо ба мерос гузорад. Марҳалаи начандон тӯлонии таърих собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳпарвару таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи пешрафтаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд.
Дар шароити вазъи муосир, ки минтақа ва ҷаҳонро таҳаввулоти бузурги сиёсӣ, ноамниву бесуботӣ ва буҳронҳои инсонӣ фаро гирифта истодааст, худ таҷрибаи ҷангҳои хонумонсўз, амалҳои ваҳшиёнаи террористиву ифротгароӣ дар кишварҳои Минтақаи Шарқи Наздик, минтақаи шимоли Африқо ва мамлакатҳои ҷануб ва ғарби Осиё дарси ибрат барои давлатҳои соҳибистиқлол ва орому осудаи ҷаҳон аст. Мо дар кишварҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик ва аҳволи мардумони ранҷдидааш ба чунин тасвирҳои боқимондаи ҷанг шоҳид мегардем, ки дидани ин наворҳо ва тасвирҳо зулматсаройи ноамнӣ ва бесуботиву ношукриро пеши назар меорад. Чанд соли пеш ин хиёбонҳо ва ин сарзаминҳо минтақаҳои сайёҳӣ, ҷаҳонгардӣ ва ҷойи ободиву шодии кўдакон ва модарон буд. Аммо ҳузури душманон, дахолати бегонагон, ҳамлаи хоинону ноҷавонмардон зумрае аз кишварҳои Шарқи Наздикро ба чунин сарнавишти нангин рў ба рў сохт, ки ин мусибатро дунёи мутамаддин ва ахлоқи башарӣ ҳамвора маҳкум месозад. Ва ҳоло шаҳрвандони ин кишварҳо дар суроғи истиқлолу озодӣ ва суботи сиёсӣ ранҷ мебаранд.
Шукрона аз он бояд кард, ки имрӯз давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни бояш эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати кӯҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносанд. Яке аз рукнҳои худшиносии миллӣ ин донистани таърих, фарҳанг, забон, расму оин ва дарк намудани вазъи имрӯзаи миллат мебошад.
Ватан қиматтарин тӯҳфаи тақдир барои ҳар инсон аст, зеро кас танҳо дар Ватани азизи хеш ба ҳама орзуву омоли наҷиби худ мерасад. Ҳамаи мо бояд шукргузор бошем, ки чунин Ватани ободу зебо, осудаву рӯ ба рушд дорем ва тамоми шароитҳо баҳри расидан ба қуллаҳои мурод барои ҷавонон муҳайёст.
Насли ҷавони имрӯза, ки дар чунин як айёми созандагиву бунёдкорӣ, оромиву амният ва айёми гулгулшукуфии Ватан ба дунё омада, камол ёфта истодаанд, бояд ба қадри ин ҳадяи гаронбаҳои сарнавишт: мамлакати тинҷу осуда, сарвари мамлакати худ, ки пайваста дар пайи ғамхории насли ҷавон аст, бирасанд. Ватани маҳбуби худро дӯст доранд, ҳамеша аз пайи ободию осудагии кишвар камари ҳиммат бубанданд ва ба Ватани азизи худ вафодор бошанд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун фарзанди содиқу вафодори миллат пайваста ҳам бо сухан ва ҳам бо амалҳои ҷавонмардонаи хеш собит месозанд, ки Ватанро чун гавҳари ноёб ҳифз намуда, барои рушду тараққиёт, баланд бардоштани нуфузу эътибори он тамоми қувваю иродаи худро равона намудан лозим аст.
Ва ҳоло вақте расидааст, ки мо ҳамагон барои ҳифзи Ватан, ки номусгоҳи ҷовидони мост, эҳтиром ба арзиши олии истиқлолу озодиро ба ҷо орем ва ин дастоварди муқаддас, ки омили саодати мост, ҳамчун гавҳараки чашм ва мояи хушрўзиву шодмонӣ муҳофизат созем.
Фатҳиддини Замон, рӯзноманигор
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин