Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:59 – Дар Малайзия ҷомаи нодири таърихии Суғд, ки таърихи 1311-сола дорад, нигоҳдорӣ мешавад 
  • 16:37 – Аввалин маротиба дар Тоҷикистон мусобиқаи минтақавӣ оид ба бадминтон баргузор мешавад 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 

НАШРУ ТАРҒИБИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТ ОМИЛИ ДӮСТИВУ ҲАМГИРОӢ МИЁНИ ХАЛҚИЯТҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ВА ОСИЁИ ҶАНУБӢ

НАШРУ ТАРҒИБИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТ ОМИЛИ ДӮСТИВУ ҲАМГИРОӢ МИЁНИ ХАЛҚИЯТҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ВА ОСИЁИ ҶАНУБӢБешак, забону адабиёт воситаи муассири шинохти масоили мухими ҳаётӣ буда, метавонад хонандаву соҳибзавқ барои донистан ва дарки мушкилот водор месозад. Тибқи овардаи донишманди тоҷик С. Ятимов адабиёти ҳақиқӣ чӣ тавр ва барои кадом ормонҳо зистан ва ҷонфидоӣ карданро амалан меомӯзад ва меомӯзонад.
Он неруи бузургест, ки дар системаи ягонаи таъмини манфиатҳои миллӣ заҳмати зеҳнӣ кашида, дар пойдорӣ ва рушди тафаккури миллӣ хизмати босазо карда метавонад.[1] Ҳамин тавр, метавон зикр кард, ки адабиёт чун неруи нарм дар рушд ва муносибатҳо миёни кишварҳо кӯмак намуда, дӯстиву ҳамбастагиро тавсеа мебахшад.
Донишманд Ҷозеф Ной низ мафҳуми «неруи нарм»-ро ба фарҳанг, арзишҳои сиёсӣ ва ормону орзуҳо дар самти сиёсати хориҷӣ дониста, фарҳангро ҳамчун унсури он пиндошта, таъсири онро дар ҷаҳонбинӣ ва таҳаввули ташаккули шуури одамон муҳим арзёбӣ менамояд. Ӯ чунин андеша дорад, ки арзишҳои фарҳангию адабӣ саршор аз маъноҳои баланди гуманистӣ буда, мавқеи давлатҳоро дар ҷомеа устувор менамояд.
Бояд зикр кард, ки адабиёти бадеӣ тавассути назму наср маърифату даркро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд оварда, роҳи худшиносиро фароҳам меоварад. Ҳамин тавр, донишмандон, шоирону нависандагон ва дар маҷмӯъ ҳама аҳли адаб шинохта шуда, барои ҷомеа фазо, муҳит ва масири адабиву забониро сохта, ба хонанда завқу шақро бедор намуда, тақвияту таҳким медиҳад.
Ҳамин аст, ки донишманди маъруфи шарқ Муҳаммад Иқбол адабро перояи хоси инсонҳо дониста чунин хитоб мекунад:
Адаб перояи нодону доност,
Хушо к-он аз адаб худро биёрост,
Надорам он мусулмонзодаро дуст,
Ки дар дониш фузуду аз адаб кост.
Афкори созандаи адабиёт дар осори манзуму мансури адибон хело хуб баён гардидааст, ки инсониятро ба суи фардони нек роҳнамоӣ мекунад. Ин ҳама дар натиҷаи омӯзишу мутолиоти пайваста ва ковишҳои ҳамешагии онҳо буд, ки осору эҷодиёташон то ба имрӯз боқӣ монда, барои башарият хидмат мекунад.
Тоҷикон аз зумраи он халқҳое мебошанд, ки бо таърихи гузаштаи худ ва эҷодкориву бунёдкорӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карданд. Ҳамин тавр, онҳо дар масири таърих ҳамчун миллати тамаддуновар арзи ҳастӣ намуда, ба башарият хидматҳои шоиста карданд.
Ҳамаи арҷгузориҳо ба фарҳангу тамаддуновари миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳнамоиву дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дубори эҳё ёфта, рӯз то рӯз тавсеа меёбанд.
Боиси ифтихор аст, ки дар сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон аз осори адабии адибон босамар истифода карда, адабиёти беш аз ҳазорсола, фарҳанги ғании тоҷикон аз ҷумлаи боигариҳои беназири ба шумор мераванд, ки барои таҳкими ҳамкориҳои гуманитарӣ истифода шуда, ҳамбастагиву дӯстиро миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон таҳким мебахшанд. Ин ҳама ҳамчун неруи нарм дар созмон додан ва мустаҳкам кардани муносибатҳои байналмилалӣ самаранок истифода гардида, давлат талош меварзад миллатро аз ҳуҷумҳои ғаразноки фарҳанги бегона ҷилавгирӣ намояд.
Ҳамин тавр, ахиран дар санаи 30 ноябри 2021 дар шаҳри Лоҳури Покистон, ки бо Душанбе бародаршаҳр аст, маросими муаррифии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба забони урду тарҷума ва нашр шудааст, баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насредин сӯханронӣ намуда, ба ҳозирин маълумот фароҳам оварда, қайд кард, ки нашри китоб ба забони урду баъд аз нашрҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, хитоӣ, форсӣ ва фаронсавӣ ба чоп расидааст, ки заминаи хубест дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамгироии забону адаб миёни Тоҷикистону Покистон.
Бояд зикр кард, ки чорабинӣ бо ташаббуси Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Исломобод ва Донишгоҳи Панҷоби Покиситон баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Исломобод аз марказҳои тадқиқотии олии Покистон буда, ҳамарӯзаро масоили гуногуни минтақа ва ҷаҳонро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Донишгоҳи Панҷоб бошад аз қадимтарин донишгоҳҳои Осиё аст, ки соли 1882 таъсис дода шуда, шуъбаи шарқшиносии он хело қадима буда, забонҳои гуногуни шарқ аз ҷумла, тоҷикӣ-форсӣ низ мавриди омӯзишу тадрис қарор мегирад.
Мавриди зикр аст, ки дар чорабинӣ роҳбарияти Донишгоҳи Панҷоб, аз ҷумла профессори забону адаби форсу тоҷик Салим Мазҳар сӯханронӣ карда, иброз намуд, ки Тоҷикистону Покистон таъриху фарҳанги қадимаи муштарак дошта, ҳамкориҳо ба манфиат минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Ӯ таъкид кард, ки роҳбарият ҳар ду кишвари дӯст ахиран чанд санади муҳимро ба имзо расониданд, ки заминаҳои ҳамкориҳоро вусъат мебахшад. Дар семинари мазкур олимон, таҳлилгарон ва донишҷӯёни донишгоҳи Панҷоб иштирок намуда, дар бораи муҳимияти китоб ва арзишҳои таърихии он ва осори форсӣ-тоҷикии Муҳаммад Иқбол чун пайвандгарӣ ҳар ду халқиятҳо дониста, андешаҳояшонро баён карда, назарҳои худро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамин тавр, дар чорабинӣ роҳбари Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Исломобод Холид Темур Акрам низ баромад карда, таъкид кард, ки бо ташаббус ва роҳнамоии Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон кишвар тараққӣ ва рушд ёфта, озодӣ, оромӣ ва ободӣ барои мардум фароҳам гардид. Ҳамин заҳматҳои Президенти буданд, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамкориашро бо тамоми кишварҳои олам алалхусус Покистон хуб роҳандозӣ кардааст.
Бояд зикр кард, ки Лоҳур аз ҷумлаи шаҳрҳои сераҳолитарини Покистон буда, зиёда аз 10 миллион нафар дошта, яке аз шаҳрҳои саноатии инҷо маҳсуб мешавад. Ин шаҳр аз пойтахти Покистон-Исломобод дар масофаи 250 км дур ҷой гирифтааст.
Тибқи маълумотҳо шаҳр таърихи қадимӣ дошта, солҳои 1799-1848 пойтахти давлати сикҳҳо буда, соли 1848 англисҳо онро ба тасарруфи худ мегиранд. Дар инҷо аз даврони ҳукмронии англисҳо то ҳол иншооти зиёде боқӣ мондаанд, ки бо услуби хоси меъмории ҳиндумавританӣ сохта шудаанд, ки намунаҳои он Донишгоҳи Панҷоб (1882), варзишгоҳи Фортес Стадиум, Маҷмааи Суди Олӣ (1874), Коллеҷи давлатӣ (1864) аз ёдгориҳои таърихианд, ки Лоҳурро ҳамчун маркази туристии Покистон муаррифӣ мекунанд. Бештари гардишгарону сайёҳону меҳмонон аз Қалъаи бостонии Лоҳур, ки дар охири асри ХII бунёд шуда, ҳамчун марказ ва қасри подшоҳии Муҳаммади Ғурӣ маҳсуб мешуд, дидан мекунанд. Ба қалъа ба воситаи Дарвозаи оламгирӣ ворид шуда, аз тамошои масҷиди Моти ("Гавҳар масҷид"), "Шишмаҳал", Осорхонаи аслиҳа, Девони хос ва Девони ом метавон сайри таърихӣ пайдо кард .[2] Ҷойҳои таърихии дигари шаҳри Лоҳур аз ҷумла, хиёбони Молл (ёдгориҳои даврони мустамликадорони англисҳо) Лоҳури қадима, Ҳаммоми Вазир Хон (1632), Масҷиди Вазир Хон (1639), Донишгоҳи Панҷоб (1882)[3], Коллеҷи давлатӣ (1864), Манораи Покистон (1960), мақбараи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мебошанд, ки ба шаҳри ҳусни зебо мебахшанд.[4]
Қалъаи Лоҳур ба рӯйхати мероси таърихии ЮНЕСКО шомил буда, Масҷиди Подшоҳӣ ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО номзад пешниҳод шудааст. Дар наздикии масҷиди Подшоҳӣ ва Қалъаи Лоҳур манораи 60- метра қомат афрохтааст, ки соли 1960 ба муносибати 20-умин солгарди Қарордоди Лоҳур бунёд шудааст. Дар санаи 23 марти соли 1940 дар шаҳри Лоҳур Лигаи умумиҳиндии мусулмонҳо (Муслим Лиг) қарор баровард, ки дар нимҷазираи Ҳинд давлати мустақили мусулмонҳо таъсис дода шавад, ки дар натиҷаи он баъди 7 сол-14 августи соли 1947 амалӣ шуд ва Покистон истиқлолияти хешро ба даст овард.
Илова аз ин шаҳри Лоҳур бо Мақбараи Ҷаҳонгир (Бо амри Нурҷаҳон зани Ҷаҳонгир аз ҷониби писарашон Шоҳҷаҳон сохта шудааст), Осорхонаи Лоҳур (аз даврони Британияи Кабир), Мақбараи Нурҷаҳон (зани Ҷаҳонгир-номи аслияш Меҳринисо Бегим ваф.1645), Камони Ким (аз тарафи Аҳмадшоҳ Абдолӣ дар ҷанги Ранҷпут истифода шуд ва ёдгорӣ аз Рудиярд Киплинг -шоир ва новелланигори англис муқими Лоҳур), Бинои Маҳкамаи судии Лоҳур (замони сохт 1889), Бинои порлумон (1938), Коллеҷи ҳунарҳои миллӣ (1875), Кохи Алҳамро (бино фарҳанги бо хишти сурхранг-1970), Толори шаҳрдорӣ (аз ҷониби шоҳ Алберт Виктор санаи 1890), Боғи Ҷаноҳ ва Ҷалло-порк (1978) шӯҳрат дорад, ки ҳамарӯза садҳо гардишгарону зоирон аз онҷо дида мекунанд.
Бояд зикр кард, ки шаҳри Лоҳур ҳаммарз бо Ҳиндустон буда, миёни мардуми ҳар ду кишвари ҳамсоя ҳар рӯз бегоҳӣ бо шукӯҳу шаҳомат бо иштироки мардуми зиёд дар ду ҷониб намоиши табодули паради низомӣ баргузор мегардад. Ин маросим ба намоиши театрикунонидашуда сахт шабоҳат дошта, дар рафти он афсарону сарбозони аз ду тараф ба ҳаракатҳои махсуси низомӣ зери садои табл ба саҳна баромада, муҳаббату садоқаташонро ба Ватан нишон медиҳанд. Дар лаҳзаҳои охир сарбозон парчамҳои ду кишварро фароварда, зери кафкӯбиҳо лаҳзае дарвозаро боз мекунанд. Ва маросим бо наздик шудани парчамҳо ва пӯшидани дарвозаи марз ба анҷом мерасад.
Хулоса, ҳамин шаҳри фарҳангии Покистон бо Душанбе аз соли 1973 бародаршаҳр буда, чоп ва муаррифии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба забони урду заминаи хубест дар рушди ҳамгироии он кумак мерасонад.
Ҳамин тавр, дар партави он аҳли фарҳанг, маориф ва илм, равшанфикр, ходимони илмро зарур аст, ки бо мақсади дуруст истифода кардан ва паҳн намудани таъсири неруи нарм ва дипломатияи фарҳангӣ баланд бардоштани мавқеи Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ хубтару беҳтар муаррифӣ кард.
Адабиёт

С. Ятимов,Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (12), 2018
http://hamsafon.tj
http://pu.edu.pk/page
http://sadoimardum.tj/.../hatsajri-nav-du-barodarsha-rro.../
https://cgss.com.pk/index.php?CGSS/seriesdetails/884
https://www.osiyoavrupo.tj/.../1352-mizi-gird-dar-mavz-i...
Мирсаид Раҳмонов,
ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

Манбаъ: https://www.anrt.tj/
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин