Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

Ҷаласаи 21-уми Ассамблеяи генералии КМО Тоҷикистон 28 декабр баргузор мегардад

Ҷаласаи 21-уми Ассамблеяи генералии КМО Тоҷикистон 28 декабр баргузор мегардад 7 декабр зимни ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки бо қарори Кумитаи иҷроия ҷаласаи 21-уми Ассамблеяи генералии КМО Тоҷикистон 28 декабр дар шаҳри Душанбе даъват карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар ҷаласаи ҷамъбасти соли 2021 ҳисоботи Кумита дар солҳои 2017-2021, нақшаи кор ва буҷети Кумита дар соли 2022 муҳокима ва барои тасдиқ ба ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумита пешниҳод гардид.

Дар асоси нақшаи кори КМО Тоҷикистон соли 2022 таҷлили 30-солагии таъсиси Кумита, инчунин иштироки ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин, Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия, Бозиҳои варзишии “Бачаҳои Осиё” дар Владивостоки Русия ва Бозиҳои осиёии наврасон дар Шантоуи Чин пешбинӣ шудааст.

Кумитаи иҷроия ҳамчунин тақсимоти маблағи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон -Париж-2024-ро барои 17 варзишгар тасдиқ карда, барои мувофиқа ба Ҳамбастагии олимпӣ пешниҳод намуд.

Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон – Париж-2024 аз моҳи январи соли 2022 шурӯъ гардида, то моҳи августи соли 2024 идома меёбад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин