Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:08 – АЛОҚАМАНДИИ НОГУСАСТАНИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ 
  • 16:36 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ Истиқлолияти иқтисодиро фароҳам оварданд 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 

Натиҷагирӣ аз 14 соли қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ташну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Натиҷагирӣ аз 14 соли қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ташну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"Пеш аз қабули қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ташну маросим дар ҶТ» падару модарон ба хотири раҳоӣ аз банди таънаю маломат дар назди ҳамсояҳо бо баҳонаҳои гуногун издивоҷи фарзандонро ба таъхир меандохтанд. Танҳо дар шаш моҳи баъди қабули қонун шумораи ақди никоҳи ҷавонон дар мамлакат то 23 ҳазор зиёд гардида, соли 2007 97 ҳазор ва соли 2008 106 ҳазорро ташкил дод. Дар даҳ соли амали қонун беш аз як миллиону чорсад ҳазор маърака ба қайд гирифта шуд, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна чоруним миллиард сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросим беш аз 18 миллиард сомониро ташкил дод. Маблағҳои сарфашудаи шаҳрвандон барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, бунёду обод гардонидани манзилҳои истиқоматӣ, харидории воситаҳои нақлиёт ва асбобу таҷҳизоти рӯзгор, инчунин, барои таълиму тарбияи фарзандон равона гардид.
Вале мутаассифона дар ҷомеаи мо кам нестанд нафароне, ки манфиатҳои Қонуни мазкурро сарфи назар карда, тӯю маъракаҳои худро бо харҷи аз ҳад зиёд ва пурдабдаба баргузор менамоянд. Чунин нафароне, ки ба ин амалҳо даст мезананд, бояд як нуктаро фаромуш насозанд, ки ин зиёдаравиҳо нишонаи эътибори онҳо набуда, балки фарҳангу одоби пасташонро ифода мекунад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти чунин қонуншиканиҳо аз ҷониби руҳониён ва табақаи сарватманд ба амал меояд. Ҳол он ки ин табақа пеш аз ҳама дар риоя ва эҳтироми қонуни миллӣ худ бояд намуна бошанд ва ба зиёдаравию худнамоӣ роҳ надиҳанд.
Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» дар ҳақиқат як қонуни оддӣ не, балкӣ як консепсия ва барномаи мукаммкали оѓози ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Қонуни миллӣ ва ислоҳоти гузаронидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он ҳам ҷонибдорони зиёд пайдо намудааст.
Пешгирии зоҳирпарастӣ, исрофкориву хароҷоти беҳуда, мусоидат барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ, аз байн бурдани маросимҳое, ки ба таъриху фарҳанги мо наздикӣ надоранд, танзими ҷашну маросимҳо ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аз ҳадафҳое мебошанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» онҳоро фаро гирифта, дар ин ҷода халқи тоҷик ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардид. Масалан агар даҳ соли амали қонунро таҳлил намоем, дар ин муддат тавассути манъ гардидани маъракаи ҷумъагӣ, ҷашни зодрўз ва маҳдуд гардидани он дар доираи оила 9 миллиарду 317 миллиону 470 ҳазор сомонӣ ба манфиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ сарфа шудааст. Аз ҷониби дигар бо назардошти кам забҳ гардидани чорво дар маъракаҳои сокинон ба манфиати шаҳрвандон зиёда аз 1 миллиону 247 ҳазор сар чорво нигоҳ дошта шудааст. Аз чунин натиҷаҳои назаррас метавон ба хулоса омад, ки ин қонуни миллӣ ба беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидати фаъол намудааст ва муқаррароти он бояд аз ҷониби шаҳрвандон дар сатҳи зарурӣ риоя карда шавад.
Дуруст аст, агар то соли 2007, яъне то давраи қабули қонун пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо 2,4 миллиард сомониро ташкил дода бошанд, пас соли 2016 ин рақам ба 10 миллиард сомонӣ расид, ки аз беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагӣ ва некӯаҳволии сокинони мамлакат дарак медиҳад. Қонун дар шароити ҷаҳонишавӣ ва буҳронҳои амиқи иқтисодию молиявӣ, ки кишварҳои минтақа ва оламро фаро гирифтааст, нақши худро дар амалия собит карда, барои некуаҳволии мардуми кишвар сабукиҳои зиёд овард. Расму ойинҳои нолозим тадриҷан аз байн рафта, мардум имкон пайдо кард, ки бештар ба масъалаҳои оилавии шахсӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд.
Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ» аз ҳар ҷиҳат ба беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд. Вобаста ба ин, тибқи як таҳлили коршиносони варзида дар таърихи илми ҳуқуқ кам қонунеро пайдо намудан мумкин аст, ки ин миқдор барои мардум сабукӣ оварда бошад. Аз манфиатҳои дигари қонун ин бе гирифтани қарз аз бонкҳо ва бо маблаѓҳои сарфашудаи оилавӣ баргузор намудани ҷашну маъракаҳо мебошад.
Натиҷагирӣ аз 14 соли қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ташну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Дар маҷмуъ татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» натанҳо боиси беҳтар шудани рўзгори мардум, балки сабаби рушди бомароми ҳаёти маънавӣ ва ахлоқии халқи Тоҷикистон гардид. Самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат рў ба дигаргуниву инкишоф ниҳоданд, мисоли равшани ин гуфтаҳоро дар ҳаёти рўзмарра метавон баръало мушоҳида намуд. Татбиқи ҳамаҷонибаи ин ва дигар қонунҳои амалкунандаи мамлакат, ҳифз ва эҳтироми арзишҳои муқаддаси миллӣ, саҳми арзанда гузоштан дар раванди бунёдкориву созандагӣ, пуштибонӣ аз сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат ва муаррифии шоистаи Ватани маҳбубамон дар арсаи ҷаҳонӣ рисолати асосии мо-мардуми бофарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик буда, бо заҳмати софдилона ва меҳнати содиқона дар доираи иҷрои талаботи қонунҳои амалкунанда метавонем ҳаёти боз ҳам хубтару осудаеро соҳиб шавем.
Дар доираи татбиқи амалии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ» ва аҳамияти он дар такими пояҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷомеа, имрўз таҳти ибтикори намояндагон ва масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати милоӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон чорабинии судманд дар мавзўъи «Танзими маъракаҳо – омили зиндагии босаодат» баргузор гардид. Дар чорабинӣ мушовири калони Ҳаракати Ваҳдати милоӣ Шараф Алланазаров баромад намуда ба иштирокдорон оид ба муваффақиятҳои ба дастомада дар таҳкими вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии сокинони мамлакат пас аз қабули Қонун иттилоъи васеъ ироа намуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки «Аҳамияти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ»- ро ба назар гирифта ҳатто имрўзҳо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ин таҷрибаи надир истифода намуда истодаанд.
Ҳамин тариқ аъзои Шўрои калонсолони Ҳаракат Маҳмадалӣ Абдулҳақов, сармутахассиси шуъбаи дини Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии вилояти Хатлон Нуқра Халилова баромад намуда, занону бонувони шаҳри Левакантро ба исрофкорӣ ва худдорӣ аз ҳаргуна зиёдаравӣ ҳидоят сохт. Дар ниҳояти чорабинӣ раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант Ҳикматулло Султонов баромад намуда, таъкид дошт, ки такими истиқлолу озодӣ, амният ва субот дар Тоҷикистон худ натиҷаи хидматҳои шабонарўзии Пешвои мил лат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарифи Тоҷикистон буда, ҳифзи ин дастовардҳо масъулияти ҳар яки мо мебошад.
Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати милоӣ
ва эҳёи Тоҷикистон

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин