Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:16 – Паёми Пешвои миллат таҳкимбахши мафкурраи миллӣ ва суботи сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 12:36 – ПАЁМ. ДАСТУРИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ 

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТСолҳои ҷанги шаҳрвандӣ мардуми тоҷик умеди дар сулҳу субот зиндагӣ карданро аз даст дода, ба ҳар гӯшаву канори дунё муҳоҷир шуданд. Аммо Худованд дар он рӯзҳои даҳшатбор фарзонафарзандеро ба миллати куҳанбунёди ориёинажод бахшид, ки чунин нобовариро дар дили мардуми тоҷик барҳам зад. Роҳбарии миллати хуштолеи тоҷиконро нафаре ба дӯш гирифт, ки дар муддати кӯтоҳ ба мардум сулҳу оромӣ овард.
Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ба сари қудрат омаданашон дубора умеди зиндагии шоистаро дар қалбҳои мардуми он замон саргардони тоҷик зинда намуданд. Дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд, давлатро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшида, ба як кишвари орому осуда табдил диҳанд. Дарвоқеъ, он солҳо касе умед надошт, ки ин кишвари ҷанзада, ки мардумонаш ба гурӯҳҳо ҷудо шуда буданд, дигарбора барқарор мешавад. Ва дар гӯшаи хотири касе ҳам намеомад, ки Тоҷикистон дар муддати 30 соли баъдӣ ба гулистон мубаддал мегардад. Аммо зери сиёсат ва роҳнамоиҳои дурусти Пешвои миллат тамоми минтақаҳои Тоҷикистон рушд карданд.
Роҳҳои байни навоҳӣ навсозӣ шуданд ва дар шаҳру ноҳияҳо иншооти наву замонавӣ бунёд ёфт. Хусусан, баъди аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ноҳияҳои кишвар дар ин самт рушд намуданд. Бе муҳобот ин ташаббуси Пешвои миллат на танҳо баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми деҳот, балки ҷиҳати дубора эҳё ва ҳифз намудани ҳунарҳои мардумӣ иқдоми шоиста мебошад.
Ин иқдом тавонист насли наврасро бори дигар огоҳ созад, ки тоҷикон миллати қадима мебошанд, урфу одат, анъана ва ҳунарҳои ба худ хос доранд. Дар ин муддат аз ҷониби мардуми ҳунарманд ҳунарҳои миллӣ аз нав зинда гардиданд ва ҳатто Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуданд. Ҳоло дар тамоми гӯшаву канори кишвар марказҳои омӯзишӣ фаъолият доранд, ки нозукиҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзиву зардӯзӣ, қолинбофиву бӯрёбофӣ, сабадбофиро ба насли наврас меомӯзанд. Ҷиҳати хуби дигари масъала дар он аст, ки бо эҳё шудани марказҳои омӯзишии ҳунарҳои мардумӣ занону духтарони деҳот, онҳое, ки имкони идомаи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳоро надоранд, бо шуғли доимӣ фаро гирифта мешаванд, ки ин дар беҳ гардидани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат менамояд.
Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, соҳибкорони бонангу номус бо ободу зебо намудани зодгоҳ тавонистанд, барои зиндагии шоистаи деҳотиён шароити хуб фароҳам оваранд. Айни ҳол дар саросари ҷумҳурӣ бунёди иншоотҳои баландошёна, биноҳои фарҳангиву фароғатӣ, боғчаҳои кӯдаконаву муассисаҳои таълимии замонавӣ, майдончаҳои варзишӣ идома доранд, ки ин ҳама дарак аз рушди деҳотанд.
Ҳоло Тоҷикистонро ҷаҳониён ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ ва ҳифзкунандаи ҳунарҳои бостонӣ мешиносанд. Ба хотири эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд ва масъалаи мазкур дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад. Шоҳиди он ҳастем, ки Роҳбари давлат дар ҳама сафарҳояшон ба минтақаҳои кишвар аз гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, пайваста таъкид менамоянд, ки дар ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ омӯзондани он ба насли наврас бетараф набошем. Воқеан, ҳунарҳои мардумӣ, ки як ҷузъи муҳими фарҳанги миллат маҳсуб меёбанд, ҳамзамон, ҷузъи таъриханд ва аз таърихи куҳан доштани ҳар давлату миллат гувоҳӣ медиҳанд. Имрӯз кишварҳои алоҳида мекӯшанд ин ҳунарҳоро, ҳатто, дар сатҳи байналмилалӣ ҳимоя намоянд. Боиси фараҳмандист, ки ҳоло ба хотири ҳифзу эҳёи ҳунарҳои гузаштагонамон чорабиниҳову намоишҳо роҳандозӣ шуда, ҳунари волои чирадастон қадр мешавад. Дастгириву кумакҳо ва ҳисси баланди ватандориву ватанпарварии Пешвои муаззами миллат боис шуд, ки чакан, ҳунари қадимаи миллати тоҷик ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил гардад.
Бознашр аз рӯзномаи расмии "Ҷумҳурият" 3.12.2021 №: 241
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин