Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:14 – Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд 
  • 16:50 – Тоҷикистон ва Миср ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро ба роҳ мемонанд 
  • 15:23 – Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд 
  • 18:15 – Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд 

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои иҷроияи Созмони ҷаҳонии исломии маориф, илм ва фарҳанг иштирок намуд

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои иҷроияи Созмони ҷаҳонии исломии маориф, илм ва фарҳанг иштирок намудДар Қоҳира 6 декабр ҷаласаи Шӯрои иҷроияи Созмони ҷаҳонии исломии маориф, илм ва фарҳанг (ICESCO) баргузор гардид, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ иштирок намуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни ҷаласа лоиҳаи рӯзномаи иҷлосияи 14-уми Конфронси генералии созмон, гузориши иҷроия дар бораи фаъолияти ICESCO дар соли 2021, ҳисоботи молиявии Созмон дар соли 2021, Гузориши ICESCO оид ба саҳмҳои кишварҳои узв дар соли 2021 пешниҳод шуд.

Инчунин зимни иҷлосия пешниҳодҳо роҷеъ ба беҳтар намудани устувории молиявии ICESCO, лоиҳаи нақшаи амали буҷети дусола барои солҳои 2022-2023 ва якчанд ҳуҷҷатҳои маъмурию ҳуқуқӣ қабул гардиданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин