Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

Қосимшо Искандаров:Ба сари қудрат омадани «Толибон»* дар Афғонистон хатари терроризми глобалиро ба рӯзномаи ҷаҳонӣ баргардонд

Қосимшо Искандаров:Ба сари қудрат омадани «Толибон»* дар Афғонистон хатари терроризми глобалиро ба рӯзномаи ҷаҳонӣ баргардондБа сари қудрат омадани «Толибон»* дар Афғонистон хатари терроризми глобалиро ба рӯзномаи ҷаҳонӣ баргардонд. Ин нуктаро дар мусоҳиба бо Директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ, саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Афғонистон, доктори илмҳои таърих, профессор Қосимшо Искандаров тазаккур додааст.

Мавсуф дар идома зикр менамояд, ки тамоми асосҳо вуҷуд доранд ба он бовар кунем, ки ин кишвар ҳамчун яке аз гармтарин нуқтаҳои сайёра ба бетартибиҳои боз ҳам бештар дучор хоҳад шуд ва он метавонад дубора ба маркази таълими террористон, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ табдил ёбад.

Дар тақвияти ин гуфтаҳо саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ ёдовар шуда, аз он чунин иқтибос меорад: «Мардуми осоиштаи Афғонистон имрӯз бо даҳшат рӯ ба рӯ шудааст. Мо бояд дарк кунем, ки ин ҳолат аз берун ташкил ва ба мардуми Афғонистон таҳмил шудааст. Гурӯҳҳои гуногуни террористӣ бо истифода аз вазъи ноустувори низомиву сиёсӣ дар Афғонистон мавқеи худро фаъолона мустаҳкам карда истодаанд».

Ба гуфтаи ӯ, агар, тавре Пешвои миллат дар суханронии худ изҳор доштанд, тадбирҳои таъҷилӣ андешида нашаванд, вазъ метавонад боз ҳам бадтар шавад.

Қосимшо Искандаров зикр намуд, ки СММ ва давлатҳои абарқудрат бояд аз «Толибон»* талаб намоянд, ки ваъдаҳои худро иҷро кунанд, ҳукумати фарогир ташкил диҳанд, ба ҳуқуқи занон ва ақаллиятҳои миллӣ эҳтиром гузоранд ва бар зидди терроризми байналмилаливу қочоқи маводи мухаддир мубориза баранд.

Дар посух ба саволи Директори АМИТ «Ховар» роҷеъ ба он ки агар «Толибон»* чунин накунанд, чӣ мешавад?, саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иброз дошт, ки он гоҳ Афғонистон бояд ба марҳилаи навбатии ҷанги хунини шаҳрвандӣ омода бошад ва пас аз он мебояд неруҳои посдори сулҳи СММ ба хоки ин кишвар дароварда шаванд.

«Вуруди неруҳои посдори сулҳ ҳоло дар нақша нест, аммо нақшаҳо метавонанд хеле зуд тағйир ёбанд. Ин ҳолати муқаррарист. Он гоҳ, танҳо баъди аз байн бурдани «Толибон»* ва баргузории интихоботи озод таҳти назорати посдорони сулҳ метавон чизи мусбатро интизор шуд…», — тазаккур дод дар фарҷоми суҳбат Қосимшо Искандаров.
_______________

* Гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин