Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:08 – АЛОҚАМАНДИИ НОГУСАСТАНИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ 
  • 16:36 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ Истиқлолияти иқтисодиро фароҳам оварданд 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 

Бетарафӣ нишонаи марг аст

Бетарафӣ нишонаи  марг астҲамгироӣ, ҳамбастагӣ, ҳамдиливу ҳамзабонӣ, таъомул бо ҳам, доду гирифт, ҳамзистиву таҳаммулпазирӣ, пурсидани ҳоли ҳамдигар, ғамхорӣ барои бенавоёну мустамандону муҳтоҷон дар ҳар ҷое аз дунё ин марбут ба дараҷаҳои ахлоқӣ ва ҷанбаҳои олии инсонии сокинони дунёро дар бар мегирад. Таҷрибаҳои умумибашарӣ дар асри 21- ум нишон медиҳад, ки дар ҳар кишвар ва давлате, ки олимону донишмандон, сиёсатмадоронаш ва дар умум ҳама сокинонаш, ки бетарафиро дар таҳкими ҳаёти ҷамъиятии худ ихтиёр намудаанд он кишвар қафомондаву сокинонаш фақир мебошанд. Ва дар муқобили ин дар кишварҳое, ки олимону донишварон ва сиёсатмадоронаш дастгири давлат ва халқашон мебошанд он сарзаминҳо ободу мардумонашон шоду дар рафоҳият ва зиндагии шоиста ба сар мебаранд.
Дунёи мутамаддини мо дар асоси ҳамбастагӣ ва иттиҳоди миллатҳо ва заҳматҳои муштараки таърихии халқҳои ҷаҳон ба имрӯза пешрафт ва ободиву саодат расидааст. Ҳанӯз аз қадимулайём дар забони ҳакимон, олимон, равшанфикрон, шоирону орифон ва китобҳои фалсафаи иҷтимоӣ мехонем ва огоҳ мегардем, ки ин ҳама тамаддуни технологӣ, рушди илму маънавиёт ва комёбии инсонҳо дар асоси ҳамшарикӣ ва дастгирии ҳамдигар ба вуҷӯд омадааст. Ин аст, ки дар осори илмии ҷаҳон фалсафае бо номи фалсафаи ахлоқ ба вуҷӯд омада он то ба имрӯз ташаккул ёфтааст ва ҳоло бахши муҳимме дар омузишҳои ҷомеаи инсониро таҳлилу баррасӣ мекунад.
Вобаста ба масъалаи бетарафӣ, ки муҳимтарин буҳрони ахлоқии сокинони дунё дар замони ҷаҳонишавӣ ва яке аз сабабҳои шикасти давлатҳо дониста мешавад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо зиёиёни Тоҷикистон моҳи марти соли равон масъалаи мазкурро ба тариқи илмиву дақиқ баррасӣ намуда таъкид доштанд, ки «Бетарафӣ худ ишонаи марг ст». Ин андеша, ки аз ҷониби донишмандон ва ниҳодҳои илмиву матбуоти кишвар пайгирӣ карда шуд, аммо шинохти воқеӣ ва маърифати бештар оид ба ин андешаи таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғибу ташвиқи бештарро аз ҷониби аҳли илму маърифат, васоити ахбори омма, муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, то ҳамагон дар баробари шинохти ин пиндори инсонсоз онро дар ҳаёти ахлоқӣ ва инсонии худ пурра татбиқ намуда ва аз ин пас дар роҳи ободии Ватан, пешрафти кишвари соҳибистиқлол ва хушбахтии ҳамватанони худ орзуи нек намуда, ҳаргиз бетарафиро ихтиёр накунанд.
Қобили зикр аст, ки таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ба миён омад, ки бетарафӣ дар вазъи дунё ва сокинони фақиру тангдаст ва муҳтоҷу солмандони танҳояш гиребони ҷаҳонро гирифтааст ва ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон низ аз ин хатари ахлоқӣ ва инсонӣ истисно нест. Аз ҷониби дигар ин таъкиди саривақтиро мо аз калому навиштаҳои бузургтарин нависандагону донишмандони олам метавонем тасдиқ намоем. Аз ҷумла Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар мавриди бетарафӣ, бетафовутӣ ва бевафоӣ гуфтааст;
Андар дили бевафо ғаму мотам бод,
Онро, ки вафо нест зи олам кам бод.
Дидӣ, ки маро ҳеҷ касе ёд накард,
Ҷуз ғам, ки ҳазор офарин бар ғам бод.
Ва ё нависандаи машҳури рус Антон Павлович Чехов ҳам дар ин бобат гуфтааст: «Бетарафӣ – ин фалаҷ гаштани тану ҷон ва марги бармаҳал аст». Нависандаи машҳури итолиёӣ дар замони ренносанс ва ё эҳёи Ғарб ва муаллифи китоби «Мазҳакаи илоҳӣ» Данте Алигери менависад; «Бетарафии мо дар шинохти асолати хеш дар ҷамъият ин намоде аз бенишонии мо аст».
Ҳамзамон Пешвои миллат вобаста ба фориғболӣ ва бетарафии як зумра зиёиёни мо дар сар задани ҷанги шаҳрвандӣ иброз доштанд, ки «мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, асолати давлатдории миллиро ҳамчун пояи устувори давлати озоду соҳибихтиёрамон эҳтиёт ва ҳифз кунем…». Пешвои миллат изҳори умед намуданд, ки аҳли илму маориф ва зиёиёни эҷодкор бо осору таҳқиқоти илмӣ ва мавқеи фаъоли ватандӯстона аз илми ватанӣ дифоъ мекунанд ва дар адои ин рисолати шаҳрвандӣ талоши бештар ба харҷ медиҳанд.
Дар баробари ин, аз мақсаду муҳтавои суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки яке аз нишонаҳои асосии устувории давлатдорӣ дар замони ҷаҳонишавӣ ва равандҳои пурҳассосу партаҳдиди сиёсиву амниятӣ, ҷангҳои биологиву буҳронҳои молиявии ҷаҳонӣ аз он иборат аст, ки олимону таҳлилгарон, коршиносону пажуҳишгарон ва истеъдодҳои ҷавони мамлаакт бояд бештар зираку қодир бошанд ва дар кашфиёти илмӣ комёбӣ ба даст оварда тавонанд, зеро ягона қудрати илм ва ҳастии ҳувият ва номуси ватандорӣ дар дилу дидаи онҳо метавонад Тоҷикистонро дар муқобили шамолу соиқаҳои ногаҳонии ҷаҳон муҳофизат намояд. Чунин ҳолат пажӯҳишгаронро на танҳо ба дараҷаи эҳтироми умумӣ бурда мерасонад, балки онҳо бо чунин комёбиҳо дар ҳимояи Ватан ва манфиатҳои миллӣ саҳми худро гузошта метавонанд.
Аз ҳар нигоҳ дар равандҳои навини ҷаҳонӣ, ки пешгӯи кардани вазъи олам сангинтар аз гузашта шуда истодааст, бетарафӣ, дар вазъи ҷамъият, давлатдорӣ, зиндагии орӣ аз хушунат дар байни сокинони Тоҷикистон ягон натиҷаи хуб надошта, воқеъиятҳои таъсиргузори навини олам ба шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамгироӣ, таомул, ҳамдигарфаҳмӣ, вафо аз аҳду паймони ҳамдигар, раҳо кардани афкори хушунатбор ва дурӣ ҷустан аз зиндаҷудоӣ бо ҳамдигар, дастгирирӣ ва аёдати беморону ниёзмандон, маъюбону ятимонро тақозо менамояд. Дар сурати амалӣ гаштани чунин ормонҳо иттиҳоду ҳамбастагии мо дар роҳи эъмор ва давлатсозӣ, таҳкими андеша ва идеологияи ягонаи миллӣ ва инсонӣ тақвият ёфта он ба фоидаи миллат ва сокинони ин сарзамин хулоса хоҳад шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки асоси ҳар хона девор ва хишти он нест, балки асоси ҳар хонаи ободу бо саодат ин пеш аз ҳама Модарони солеҳа, донишвар, аҳли илму мутолеъа ва маърифат мебошанд. Модарон ҳамроҳи падарон дар роҳи таълиму тарбияти насли навин ва муосири Ватан, кӯдакону наврасон ба роҳи ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ меҳру вафо ва шафқату раҳм нақши калидӣ ва асосӣ доранд, маҳз онҳо метавонанд, ки доғи бетафовутӣ ва бетарафиро дар дилу дидаи кӯдакон пок бисозанд ва онҳоро ба лутфу меҳрубонӣ ва эҳтироми ҳамдигар дар ҳаёт ҳидоят созанд. Ҳамзамон дар баробари падарону модарон аҳли зиёи Тоҷикистон, ҷавонони фаъоли ҷомеа, олимону донишмандон, ходимони дину фарҳанг, омузгорон ва тарбиятгарони кӯдакистонҳо то муассисаҳои таълимии миёнаву олӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи инсонпарвару меҳрубон ва хештаншиносу вафодор хеле бузург аст, аз инрӯ зиёиёни мамлакт вазифадор ҳастанд, ки дар таҳкими ахлоқии ҷомеа нақши сазовори худро гузоранд.

Ба гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Мо бовар дорем, ки олимону зиёиёни эҷодкор ва аҳли маорифу фарҳанг ба Ватану давлати хеш садоқати бепоён доранд, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ талош менамоянд, ба арзишҳои бузурги миллӣ ва умумиинсонӣ арҷ мегузоранд, хотираи таърихии халқро пос медоранд, ки ин ҳама бузургтарин сифатҳои зиёии асил мебошад.
Мо бояд ба тақдири халқу давлат, гузаштаву имрӯза ва ояндаи пурифтихори Тоҷикистони маҳбуб бетараф набошем.
Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, асолати давлатдории миллиро ҳифз намоем, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун пояи устувории давлати озоду соҳибихтиёрамон эҳтиёт ва ҳифз кунем. Фаромӯш набояд кард, ки як сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ худро бетараф эълон кардани зиёиён буд. Бо ин сабаб дидед, ки халқи тоҷик чӣ сахтиҳоро аз сар гузаронид. Ба назари мо, воқеаҳои гузашта барои ҳар як шахси огоҳу солимфикр сабақи зиндагӣ ва мактаби худшиносиву худогоҳӣ мебошанд.
Аз ин рӯ, биёед, Ватану давлатамон ва халқи азизамонро сидқан дӯст дорем, нисбат ба тақдири Тоҷикистони маҳбубамон бетарафу бетафовут набошем, ба қадри бузургонаш расем, наврасону ҷавононро тарбия намоем ва робитаи наслҳову замонҳоро устувор карда, ба сӯйи рушди кишвар қадамҳои ҷиддӣ гузорем ва ин замину диёри биҳиштосоро ободу пешрафта гардонем.
Мо халқи шарифи Тоҷикистон аз кӯдакон то куҳансолон, аз масъулон то коргарони бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ сарнавишти муштарак дорем яъне бунёди сарнавишти мо ин пеш аз ҳама Тоҷикистони ободу озод аст, ки пешрафту ободии ва таҳкими истиқлолу озодии он кафили ояндаи дурахшони мо мебошад. Аз инрӯ мо ҳама вазифадор ҳастем, ки аз сарнавишти табиат ва муҳити зисти Тоҷикистон, кӯдакону наврасон, ки ояндасози Ватан ҳастанд атрофи хонадон ва хиёбоне, ки дар он зиндагӣ мекунем ва аз сарзамини аҷдодиямон, ки такягоҳи абадӣ ва номусгоҳи ҷовидони мост, бетараф набошем ва ҳама бо ҳам дасти ҳамдигарро бигирем, дилҳои ғамгинро шод созем, роҳгумкардагонро ба роҳи рост ва растагорӣ ҳидоят намоем ва он саодату хушбахтие, ки барои худ мехоҳем барои дигарон ҳам бихоҳем, зеро хушбахтии ҳама сокинони Тоҷикистон ин хушбахтии Ватан ва умеди дурахшоне барои наслҳои имрӯз ва ояндаи миллат аст!
Фатҳиддин Замон, журналист
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин