Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:16 – Паёми Пешвои миллат таҳкимбахши мафкурраи миллӣ ва суботи сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 12:36 – ПАЁМ. ДАСТУРИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ 

Таҳкими мафкурраи миллӣ омили таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ

Таҳкими мафкурраи миллӣ омили таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣАслан мафҳуми идеяи миллӣ худ баёнгари ҳадафу маънии зиндагӣ ва асолату рисолати ҳастии гурӯҳи қавмии мардуми кишвар дар замони ҳозира ва оянда бо назардошти гузаштаи онҳо мебошад, ки ғояи бунёдии он ватандорию ватандӯстӣ - изҳори меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, инчунин, меҳанпарастӣ – сипосгузорӣ ба фарҳанги аҷдодии худ буда, дар ҳар як фарди бошуури миллат баҳри ҳифзи Ватан ҳисси ватандӯстиро бедор намуда, аз онҳо худогоҳӣ, вазифашиносӣ ва садоқатмандиро нисбат ба халқу Ватан талаб мекунад.
Идеяи миллӣ, ки дар як пояи бунёдии ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва масъулияти давлатдорӣ ба вуҷуд омадааст, дар шароити таъсиси давлатҳои соҳибистиқлоли миллӣ саҳми арзанда гузошт. Шарҳи ин масъала дар асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва суханрониҳояшон дар мулоқот бо доираҳои гуногуни ҷомеа бештар ба назар мерасад. Дар мадди назар қарор гирифтани мафҳуми андешаи миллӣ ва ё ҳамрадифи он идеяи миллӣ аз талаботи ҳифзи манфиатҳои давлат ва дарки мавқеи ватандории насли муосир бармеояд, ки вобаста ба шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти бениҳоят арзишманд пайдо мекунад.
Таҷрибаи башарӣ собит кардааст, ки мафкураи давлатӣ ҳамеша дар асоси бовару ормонҳои миллӣ, ки маҷмӯаи зиндагии фикрӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии қавму миллатҳоро дар маҳдудаҳои замонию маконӣ таъйин мекунанд, сохта мешавад. Дар ин росто, мардуми тоҷику форс ҳам аз решаву асолати худ – фарҳанг ва сиёсат дуруст карда, дар арсаи тамаддуни башарӣ қадамҳои устувор бардоштааст.
Хушбахтона, мо, тоҷикон идеяи миллӣ дорем ва бунёди онро ватандӯстию ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад. Идеяи миллии мо тоҷикон дар дӯст доштани Ватан инъикоси худро меёбад ва ин ҳиссиёт дар қалби мо ҷойгир асту онро касе ба воситаи дастуру фармон ва ё тавассути шиорпардозӣ наметавонад интиқол диҳад. Миллате, ки идеяи миллӣ надорад, қурбонии таҷовузгарони хориҷӣ гашта, рӯ ба олами фано хоҳад овард.
Маҳз идеяи миллӣ моро илҳом мебахшад ва ба мо баҳри хизмат барои рушди Ватан неруи тоза медиҳад. Аслан идеяи миллӣ барои ташаккули миллат, ҳимояти миллат аз таҳдидҳо, маҳфуз доштани миллат ва таъмин намудани рушду нумӯи миллат вобаста ба тағйирёбии вазъи иқтисодӣ - сиёсии ҷаҳони муосир.зарур аст.
Тавре маълум аст, баъд аз заволи Иттиҳоди Шӯравӣ, ба миллати тоҷик як хатари нав эҷод гардид, яъне аз байн рафтани давлати миллӣ ва эъмори давлати динмеҳвар. Дар ин лаҳзаҳо маҳз ҳисси ватандӯстӣ, ки яке аз пойдеворҳои идеяи миллӣ мебошад, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки миллатро аз парокандагӣ ҳифз намуда, бо ҳамин восита яке аз рисолати идеяи миллӣ, яъне ҳимояти миллат аз таҳдидҳоро амалӣ созанд. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идеяи миллии тоҷикон дар шакли олии идеологияи миллӣ бо номи “ваҳдати миллӣ” таҷассуми худро пайдо намуд.
Ба назари мо ваҳдати миллӣ на танҳо дар таърихи муосири тоҷикон, балки дар воқеияти сиёсии минтақаи мо бисёр як падидаи нодир ба ҳисоб меравад. Ин арзиш дар зеҳни мардуми тоҷик тасаввуротро оид ба арзиши олии ҳар як миллат – истиқлоли сиёсии Ватан такмил дод. Ватан ҳамчун арзиши олии ҳар як тоҷик, маънии ҳастии тоҷикро муайян мекунад, яъне ҳар як тоҷик баҳри Ватан зиндагӣ дорад ва агар лозим шавад худро қурбони ин Ватан мекунад.
Дар робита бо ғояи миллӣ ва ғояи ваҳдати миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: “Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Зеро хиради азалии миллати соҳибтамаддуни мо маҳз дар заминаи ҳувияти миллӣ, фарҳангсолорӣ, донишандӯзиву муҳаббат ба миллату Ватан ба вуҷуд омада, барои соҳибистиқлолии кишвари мо заминаи мусоидро фароҳам овардааст”.
Чуноне ки зикр кардем, яке аз рисолати идеяи миллӣ ин дигаргунсозии сифатан беҳтари воқеияти кунунӣ ва эҷоди замина баҳри гузаштан ба марҳилаи нав дар рушди миллату Ватан мебошад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо назардошти ҳамин рисолати идеяи миллӣ чор ҳадафи стратегии кишварро муайян намуданд: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар. Расидан ба ин чор ҳадафи стратегӣ воқеияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро дигаргун хоҳад сохт ва миллати моро ба марҳилаи сифатан нави рушди устувори миллӣ меоварад. Имрӯз вобаста ба расидан ба ҳадафҳои стратегӣ лоиҳаҳои бузург дар дилхоҳ соҳаи хоҷагии халқи Тоҷикистон амалӣ мешаванд ва дар оянда ҳам идома хоҳанд ёфт.
Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки пайкараи Исмоили Сомонӣ, Нишони давлатии мо, Парчами давлатии мо, Суруди миллии мо, Конститутсияи мо – ҳамчун рамзҳои миллӣ таҷассуми идеяи миллии тоҷикон мебошанд. Ин рамзҳои миллат - рамзи рӯҳу иродаи шикастнопазири миллат аст. Маҳз рамзҳои миллӣ метавонанд ба одамон таъсири такондиҳандаву мусбат расонанд ва миллатро ба маҷрои муайяни сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ равон созанд.
Дарахти идеяи миллӣ, албатта, дар таърихи миллат реша давонда, баргу шохаҳои он баҳри фардои нек ва дурахшони миллат месабзанд. Мо бояд анъанаҳои хуби миллати худ ва таҷрибаи давлатдории миллатҳои дигарро интихоб намуда, онро баҳри беҳбудии ҳаёти миллати тоҷик истифода барем. Рушди минбаъдаи Тоҷикистон ва амалишавии орзуҳои миллати мо дар доираи идеяи миллӣ дар солҳои минбаъда маҳз аз кӯшишҳои мо дар роҳи эҷоди рафтору амалияи ақлгаро ва илммеҳвар вобастагӣ дорад.
Ҳамин тавр, таъкид кардан ҷоиз аст, ки Тоҷикистон соҳиби идеяи миллӣ аст ва ҷавҳари онро ватандӯстӣ ва Ваҳдати миллӣ ташкил медиҳанд. Бо итминони комил метавон гуфт, имрӯз ҷомеаи тоҷик се падидаи нодир – Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва ниҳоди Пешвои миллатро, ки барои ҳар як тоҷики ватандор ба се арзиши тақдирсози олӣ мубаддал гаштаанд, баҳри таҳкими идеяи миллӣ пос медоранду арҷ мегузоранд.
Хосса, мо, ҷавононро мебояд ҳисси олии ватандӯстиро, ки ҷавҳарашро обод намудани Ватан ва саҳм гузоштан дар рушди устувори кишвар ташкил медиҳад, дар ниҳоди сокинони кишвар афзуда, бо роҳандозии андеша ва идеяи миллӣ, таҳкими ваҳдату ягонагии миллат ва таъмини амнияти давлат ва нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳон саъйи комил намоем.
Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин