Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:14 – Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд 
  • 16:50 – Тоҷикистон ва Миср ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро ба роҳ мемонанд 
  • 15:23 – Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд 
  • 18:15 – Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд 

Фаронса: Таҷлил аз Рӯзи бостоншиносии Тоҷикистон

Фаронса: Таҷлил аз Рӯзи бостоншиносии ТоҷикистонДар Осорхонаи миллии санъати осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 11 декабри соли равон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи фаронсавии дӯстони Шарқ Рӯзи бостоншиносии Тоҷикистон баргузор гардид. АМИТ «Ховар» дар такя ба Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса дар ин бора хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш намояндагони Осорхонаи «Гиме», бостоншиносону муҳаққиқон ва ҷомеаи шаҳрвандии Фаронса, фаъолони ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Париж ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса иштирок доштанд.

Ҷамолиддин Убайдулло, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса зимни суханронӣ аз дастовардҳои муҳими ҳамкории бостоншиносони тоҷику фаронсавӣ дар 40 соли охир, аз ҷумла баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи «Гиме» (дар давраи аз 13 октябри 2021 то 10 январи 2022) изҳори қаноатмандӣ намудааст.

Дар ҷараёни ҳамоиш олимону бостоншиносон ва муаррихони фаронсавию хориҷӣ Анрӣ Пол-Франкфор, Фредерик Брюне, Франсис Ришар, Валерӣ Залескӣ, Ҳаррӣ Фалк, Этиен Де Ла Вессиер ва дигарон роҷеъ ба таърихи ҳамкории бостоншиносӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса, ба вижа натиҷаҳои кофтуковҳои бостоншиносӣ ва мавзеъҳои таърихии давлати тоҷикон аз давраҳои атиқа то асрҳои миёна, аз ҷумла шаҳраки қадимаи Саразм маърӯза кардаанд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин