Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:08 – АЛОҚАМАНДИИ НОГУСАСТАНИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ 
  • 16:36 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ Истиқлолияти иқтисодиро фароҳам оварданд 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 

Тоҷикистон гаҳвораи тамаддуни бостон

Тоҷикистон гаҳвораи тамаддуни бостон “Имрӯз вақти он расидааст, ки мо таърихи халқи тоҷикро дар алоқамандӣ бо таърихи гузаштагони пешини худ, аз ҷумла бохтариҳо, суғдиҳо, портҳо, модҳо, форсҳо, халқҳои саҳронишини сакоӣ, скифҳо, сарматҳо, массагетҳо ва дигар қавмҳои ориёинажод мавриди пажӯҳиш қарор диҳем.
Ҳамчунин, мо бояд мероси гаронбаҳои асрҳои миёнаро то ба имрӯз ҳарчи бештару амиқ омӯхта, ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик баҳои воқеӣ диҳем, онро ба ҷаҳониён дуруст муаррифӣ кунем ва ба решаҳои таърихиву фарҳангии худ арҷи бештар гузорем.”

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистон Ватани бузургон, сарзамини фарҳангу тамаддун, зодгоҳи оини меҳр, камингоҳи иззату шарофат ва шуҷоату матонат аст. Таърихи зиндагии инсонҳо дар ин сарзамини нозанин аз 7 ҳазор сол қабл оѓоз мегардад. Дар тўли ин таърихи дуру дароз тоҷикон поягузорони аслии фарҳангу тамаддун, навоварӣ, роҳсозӣ, тиҷорат, барзгарӣ, кишоварзӣ, бозаргонӣ, ҳандасаи меъморӣ ва ҷаҳонгардиро барои қавму қабилаҳои сарзаминҳои Мовароуннаҳру Хуросон аз сарҳадҳои Чин то ба минтақаҳои Ѓарби Осиё омузонидаанд. Дар асоси мадракҳои ва маъхазҳои возеҳи таърихӣ тоҷикон бунёдгузорони Роҳи Абрешими қадимӣ ва тоҷирони ҷаҳонгарди ин масири ҷаҳоншумули қадим будаанд. Дар ҳар мирҳилаи таърихӣ тоҷикон ҳамчун насли Ориёитабор аз худ меросҳои фарҳангиву маънавӣ ва ёдгориҳои таърихиву бостониро ба мерос гузоштаанд. Новобаста ба ин, ки Суѓду Бохтар аз қадимулайём ҳамчун қаламраве аз зистгоҳи тоҷикон дар масири ҳамлаи душманон ва саҳронишинон будааст, аммо пайванди ҳазорсолагон ва генофонди миллати тоҷик то ҷаҳони муосир маҳфўз мондааст, ки ин ҳам ифшои ҳақиқат аз мавҷўдияти мо тоҷикон дар тўли таърих ва тамаддуни ҷаҳон шаҳодат медиҳад.
Дар инҷост, ки дар раванди пурҳассос ва даврони авҷгирифтани туфони ҷаҳонишавӣ ва муборизаҳои бесаранҷоми иттилоотӣ аз қиболи фарҳангу тамадудун ва забону адаб миёни кишварҳои ҷаҳон бо заҳмат ва талоши муаррихону фарҳнгшиносон, шоирону нависандагон таҳти ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои фарҳанг ва тамаддуни бузург ва ганҷинаҳои абадиву ёдгориҳои таърихӣ ва ҷашну меросимҳои милливу меҳанӣ то санъату ҳунару фолклор мавқеъи худро дар арсаи ҷаҳонӣ ва созмону ташкилоти минтақавию байналмилалӣ пурра муайян сохт, ки ин обруву нуфўз маҳз ба фазилати истиқлолу озодӣ насиби Тоҷикистон гардидааст.
Фарҳанг ва тамаддуни бостониву таърихии миллати тоҷик оламгир буда, ҳатто дар раванди амалиётҳои ҳафриётӣ ва пажуҳишҳои таъриҳии Аҳромҳои Мисри қадим ва Чину Қафѓоз намунаҳои зиёде аз осори марбут ба даврони Давлати Ҳахоманишиён, Аршакиёну Ашкониён, Комбуҷия, Сосониён ва ҳатто даврони сулолаи Сомониён пайдо шудаанд.
Мовароуннаҳри Қадим, ки дар васати ду дарёи Хурошон яке Сайҳун ва дигаре Ҷайҳун ва ё Рудхонаи Сиру Ому ҷойгир аст ҳамеша ҷои зуҳури фарҳангу тамаддунҳо буда, ин сарзаминҳо зистгоҳи аслии тоҷикон дар масири ҳама давраҳои таъриҳӣ будааст. Маҳз бунёди шаҳрҳо бо тамаддуни асили хеш ва ёдгориҳои таърихӣ аз ҷумла Саразми Бостон, Ҳулбук, Тахти Сангин, Кулобу Истаравшан, Ҳисори шодмон, Панҷакенти Қадим, шаҳраки Карон ва ѓайра ҳама маҳсули фарҳанги асили тоҷикон аст, ки дар тулии таърихи пуршебу фароз ва бо гузашти асрҳову наслҳо бунёд гаштаанд. Ин ҳама ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳунарҳои ҷовидонаи мардумии тоҷикон дар раванди рушду таҳкими муносибатҳои байналмилалии фарҳангиву инсонӣ ба дили тамаддуни навини ҷаҳон роҳёфта имрўз бузургтарин созмони фарҳангиву маънавии ҷаҳон дар тобеъияти Созмони Милали Муттаҳид яъне ЮНЕСКО Тоҷикистон ба унвони кишвари дурдонаҳои пурарзиши тамаддуни башарӣ эътироф менамояд.
Хотир расон менамоем, ки дастовардҳои таърихиву фарҳангӣ, меъморӣ, моддиву маънавӣ, аз қабили «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм», Ҷашни байналмилалии Наврўз, санъат ва ҳунари Шашмақом, Фалак, Чакан, Оши Палав ва ѓайра, ки маҳсули тафаккури таърихӣ, ҷаҳонбинӣ, зебоипарастии миллати тоҷик аст бо далелу асноди илмӣ ва таърихӣ Созмони омузиш, илм ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид яъне ЮНЕСКО ҳамчун мероси бостониву инсонӣ ва моддиву маънавӣ ба руйхати дастоварди фарҳангии умумибашарӣ ворид кардааст.
Тоҷикистон гаҳвораи тамаддуни бостонДар инҷост, ки 11 ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид. Бояд гуфт, ки Тахти Сангин яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху фарҳанги тоисломии тоҷикон маҳсуб мешавад.
Ёдгории Тахти Сангин дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон, дар нуқтаи ҳамроҳшавии обҳои Панҷу Вахш ҷой гирифтааст. Ин ёдгории нодир ҳанўз дар соли 2009 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд.
Тахти Сангин бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» иборат аз нигораҳо, ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин маълум аст. Соли 1877 аз ҷониби тоҷирони байналмилалӣ номгӯи нигораҳои нодир харидорӣ шудааст. Ин намунаҳои нодири ёдгориҳои халқи тоҷик дар Осорхонаи миллии Британия дар шаҳри Лондон нигоҳдорӣ мешаванд, ки ҳамасола милиёнҳо нафар аз сайёҳону пажуҳишгарони Осиёву Аврупо ба Осорхонаи Британия дидан намуда аз эъҷоз ва ҷаҳонбинии мафкурравии таърихии миллати тоҷик ҳамчун миллати тавоно, асил, фарҳангофару тамаддунсоз огоҳ мегарданд.
Осорхонаи Британия (аз моҳи июни соли 2007 дар ҳуҷраи 52) Ганҷинаи Амударёро намоиш медиҳад. Ин маҷмӯа аз 170 осори қадимаи тиллоӣ ва нуқрагии давраи Ҳахоманишҳо (солҳои 558-330 то милод) иборат мебошад, ки соли 1877 дар маҳалли бостонии Тахти Сангин дар соҳили дарёи Аму дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ёфт шудааст. Дар коллексия 1300 танга, зарфҳо, пайкарчаҳо, дастпонаҳо, медалҳо, лавҳаҳои ёдгорӣ, ганҷҳои бошукӯҳ мавҷуданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз Тахти Сангин дар ноҳияи Кубодиён ба олимон супориш доданд, ки барои баргардонидани Ганҷинаи Амударё ба ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
8 марти соли 2013 дар Лондон роҳбарияти Осорхонаи Британия нусхаҳои 6 нигораи Хазинаи Амударёро, аз ҷумла лавҳаи чоркунҷаи тиллоӣ (Rectangular gold plaque), хотамкории ҳайкалчаи нуқрагин (Chased silver statuette), диски тиллоӣ барои либос (Gold disc clothing appliqué), унсури тиллоии гирдшакл барои либос (Circular gold costume-fitting), табақи тиллоии гирдшакл (Circular gold plaque ornament), ки ҳамчун туҳфа ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон омода гардидаанд, ба Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир супорид. Ва ҳоло ин нусхаҳои нодир ҳамчун мероси ҷовидонаи миллати абадзиндаи тоҷик дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд.

Қобили хушнудист, ки дар ҳафриёти навбатӣ дар шаҳристони Тахти Сангин аз ҷониби гурӯҳи бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бозёфтҳои хеле нодир, ба мисли гӯшвораи тиллоӣ, тангаҳои давраи Юнону Бохтар ва сафолпораҳо пайдо гардиданд.
Тоҷикистон гаҳвораи тамаддуни бостон
Шаҳристони Тахти Сангин дар масоҳати зиёда аз 80 гектар ҷой гирифта, атрофи онро деворҳои баланди мудофиавӣ ишғол намудаанд. Ин мавзеи таърихӣ солҳои тӯлонӣ аз ҷониби бостоншиносони шӯравӣ ва хориҷӣ омӯхта шуда бошад ҳам, то ҳол тамоми ҳудуди шаҳр ва мавзеъҳои атрофи он ба таври пурра таҳқиқ наёфтааст.
Асосан ковишҳои бостоншиносӣ дар ин мавзеъ ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта оғоз ёфта, солҳои 1976-1991 гурӯҳи Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ бо роҳбарии академик Б. Литвинский ва И. Пичикян ва аз соли 1998 бостоншиносони Институти таърих зери роҳбарии А. Дружинина дар ин мавзеъ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида буданд.
Таваҷҷуҳи олимонро асосан маъбади оташ бо дарозӣ ва паҳноии 51х51 м., биноҳои истиқоматӣ, косибӣ ва анбор, толори сафеди мураббаи андозааш 12х12 м., чор сутуни калони он, деворҳои баландиашон то 5 м., оташкадаҳо, муҷассама ва ашёи дигари шаҳристони Тахти Сангин, ки дар ҳолати хуб маҳфуз мондаанд, бештар ба худ ҷалб намуданд.
Тахти Сангин ёдгории чандқабата буда, қабати қадимаи он ба асрҳои 6-5 то мелод рост меояд, сохтмони маъбади оташ ва дигар биноҳо ба асри 4 то мелод мансубанд, ки то асрҳои 3 — 4 мелодӣ тармиму таъмир ёфтаанд.
Шумораи бозёфтҳои ин мавзеъ беш аз 12 ҳазор ашёро ташкил медиҳад, ки ҳамаи он дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Институти таърих нигоҳ дошта мешаванд. Ин ашё асосан аз тилло, нуқра, биринҷ, оҳан, оҷ (устухони фил), шиша, санг, гаҷ, гил мебошанд ва анвои гуногуни аслиҳаи ҷангӣ, ба мисли найза, пайкон, шамшер, ханҷар, сипар, хӯд ва ғайра низ мавҷуданд, ки дар ҳолати хеле хуб маҳфуз мондаанд.

Қисми зиёди бозёфтҳоро ашёи аз фулузот (тилло, нуқра, биринҷӣ, оҳан), оҷ ва устухони муқаррарӣ, шохи ҳайвонот, гаҷ, гили пухта ва хом, санг ва шиша сохташуда ташкил медиҳанд. Яроқу аслиҳа, ба мисли пайкон, найза, шамшер, ханҷар, сипар, хӯд ва ғайра хеле зиёд дарёфт шудаанд. Баъзе аз ашёи ороишӣ ва ҳатто ҳайкалҳо аз нуқра ва биринҷӣ сохта шуда буданд.
Тиллоро барои сохтани зебу зиннат, тоҷ, ришта ва абраи либос истифода мебурданд. Инчунин бисёре аз ҳайкалҳоро оби тилло медавониданд. Маҷмӯаи ашёи аз оҷ (устухони фил) сохташуда бисёр ва гуногунанд – инҳо ашёи рӯзгор даста ва ғилофи яроқҳо, ашёи ороишӣ ва асарҳои санъат мебошанд. Ашёи аз оҷ сохташударо бо кандакории тасвирҳои гуногун оро медоданд. Қисми асосии ҳайкалҳо аз гаҷ ё гил сохта шуда, бо рангҳои гуногун мунаққаш шудаанд. Дар ороиши маъбад аз сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳои ороишӣ ба таври васеъ истифода бурдаанд, ки ин бешак аз халқи такҷоиву мўкимӣ ва дорои тамаддуни ѓаниву асолати милливу меҳанӣ будани тоҷикони бостон дар соҳили Рудхонаи пур аз рамзу рози Ому шаҳодат медиҳад. Ҳар куҷо, ки об ҳаст дар онҷо ободӣ ҳаст мегўянд гузаштагони мо. Воқеан ҳам зуҳури тамаддун дар Тахти Сангин худ аз вуҷўди Дарёи Сероби Омударё ва Рудхонаи Вахш баҳра гирифта ин ганҷинаҳои нодир аз хотираи неки аҷдодонамон дар ин сарзамин шаҳодат медиҳад.
Ҳоло дар дунёи пур аз сару садоҳо, ва дар замони таҳдиди ҷонибҳои манфии асри ҷаҳонишавӣ, дахолати бегонагон ба вазъи ахлоқиву фарҳангии миллатҳои мутамаддин шаҳрвандони Тоҷикистон, ҷавонон, олимону донишмандон, таҳлилгарону коршиносон, фарҳангшиносону адабиётшиносон бояд беш аз ҳар вақти дигар барои ҳифзи мероси таърихӣ, фарҳангу забон, ёдгориҳои бостонӣ, бо масъулияти баланди Ватандорӣ бояд талош кунанд, то сокинони Сайёраи Замин аз ин пас хубтару беҳтар бидонанд ва огоҳ бошанд, ки Шашмақому Фалак, Наврўзу Чакан, ёдгориҳои Саразми бостон, Ҳулбук, Ҳисори шодмон, деворҳои пур аз рамзу рози Бадахшон ва Тахти Сангин маҳсули қудрат ва азамати фикрӣ ва дасту бозуи пур эъҷози миллати тоҷик, мероси ҳазорсолагони аҷдод ва фарҳанги мондагору ҷовидонаи миллати фарзонаи тоҷик аст!.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин