Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

“Овози тоҷик” ва масъалаҳои фарҳанги миллӣ

“Овози тоҷик” ва масъалаҳои фарҳанги миллӣБо ибтикори Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-хонаи китоби Тоҷикистон” рӯзи 9 декабри соли равон дар маҷлисгоҳи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Овози тоҷик” ва масъалаҳои фарҳанги миллӣ” ҳамоиш доир гардид, ки дар он намояндагони илму фарҳанг иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоишро директори Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-хонаи китоби Тоҷикистон” Нодирзода Сайзароб ифтитоҳ намуда, зимни баромади хеш қайд кард, ки “Хазинаи беназири таърихи фарҳангиву маърифатии халқи тоҷик аст, ки аз солҳои 1910 то ба ин ҷониб гирдоварӣ шудааст. Аз имсол шуруъ карда, мо ба шакли электронӣ баргардонидани маъхазҳои бойгонӣ шуруъ кардем ва натиҷаҳо хеле назаррасанд. Дар бойгонии мазкур намунаҳои нодири адабиёт, рӯзномаву маҷаллаҳои тӯли солиёни сипаришуда нашр гашта, бо стандартҳои ҷаҳонӣ ҳифз карда мешаванд. Яке аз чунин намунаҳои бисёр нодири бойгонии мо ин бастаи рӯзномаи “Овози тоҷик” мебошад”, - иброз дошт, директори муассиса.

Маърӯзаҳои аз ҷониби устодону муҳаққиқон пешниҳодгардида, ба масоили фарогири рӯзнома, инъикосу баррасӣ, ташаккул, бозтобӣ ва вижагиҳои фарҳангу маърифати тоҷиконро фаро мегирифт. Дар рафти ҳамоиш мавзӯъҳои “Инъикос ва баррасии фарҳанги тоҷикон дар рӯзномаи “Овози тоҷик” доктори илмҳои филология, профессор Аъзамҷон Азимов, “Овози тоҷик” ва ташаккули фарҳанги рӯзноманигорӣ” доктори илмҳои филология, профессор Мурод Муродӣ, “Бозтоби фарҳанги миллӣ дар матбуоти тоҷики солҳои бистуми садаи ХХ” номзади илмҳои филология Дилшод Раҳимӣ, “Вижагиҳои гӯшаи адабии рӯзномаи “Овози тоҷик” муовини директори Хонаи китоби Тоҷикистон Муҳаммаднабӣ Баёнӣ пешниҳод гардид, ки ҷолиб, пурмуҳтаво ва шуниданӣ буданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин