Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:14 – Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд 
  • 16:50 – Тоҷикистон ва Миср ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро ба роҳ мемонанд 
  • 15:23 – Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд 
  • 18:15 – Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд 

Вазири корҳои хориҷии АМА дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2020» аз павилиони Тоҷикистон боздид намуд

Вазири корҳои хориҷии АМА дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2020» аз павилиони Тоҷикистон боздид намудВазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Абдуллоҳ ибни Зоид Ал Наҳайён аз павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд. Дар ин бора муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Сангов аз Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар додааст.

14 декабр Вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ /АМА/ Абдуллоҳ ибни Зоид Ал Наҳайён ва ҳамроҳонаш аз павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2020» дар Дубай дидан намуданд.

Дар павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро директори павилиони Тоҷикистон Одил Сангов ва ҳайати кормандон пешвоз гирифтанд. Вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо павилион, ки дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии обии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи «Об барои рушди устувор» омода карда шуда буд, шинос шуд.

Дар ҷараёни боздид меҳмонон бо иқтидори саноатӣ, намунаҳои молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон, имконияти сармоягузорӣ, ҳайвоноти нодир, иқтидори сайёҳӣ, таъриху фарҳанги Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар дар солҳои истиқлолият шинос шуданд.

Ҷаноби Абдуллоҳ ибни Зоид Оли Наҳайён зимни шиносоӣ бо Намоишгоҳи Тоҷикистон таваҷҷуҳи худро ба нигораҳои ҳайвоноти нодири кишвар, ки бо дастгирӣ ва тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист ва ҳайвоноти нодир андешида шуда, ба зиёдшавии саршумори онҳо мусоидат намуд, равона сохт. Ҷаноби Абдуллоҳ ибни Зайд иброз кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин иқтидори ғании гидроэнергетикӣ тамоми имкониятро доро мебошад ва дар оянда бузургтарин содиркунандаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар минтақа хоҳад гардид.

Дар бахши саноати сабук дар павилион меҳмонон ба либосҳои миллӣ, ки аз ҷониби тарроҳони маъруфи тоҷик, бахусус «Чакан», ки таърихи бостонӣ дорад ва ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Бояд гуфт, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО — 2020» зиёда аз 50 нафар иштирокчиён аз вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, дастовардҳо, намунаи маҳсулот, имконияти ҳамкорӣ ва иқтидори худро дар соҳаҳои гидроэнергетика, захираҳои обӣ, саноати сабук, саноати хўрокворӣ, кўҳкорӣ, роҳсозӣ, шаҳрсозӣ, ҳайвонҳои нодир, фарҳанг, маориф, таърих, гиёҳҳои коркардашудаи шифобахш, ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ ва ғ. муаррифӣ намуданд. Мавод ҳамчун расмҳои калонҳаҷм, амсила, видеофилмҳо, намунаҳои маҳсулот, маълумотномаҳо ва маводи иттилоотӣ дар шакли коғазӣ ва электронӣ барои муаррифӣ пешниҳод карда шудаанд.

Тибқи маълумоте, ки аз ҷониби ташкилкунандагони намоишгоҳ паҳн шудааст, қисми зиёди меҳмононе, ки аз Намоишгоҳи «ЭКСПО -2020» дар Дубай боздид менамоянд, шаҳрвандони Ҳиндустон, Олмон, Фаронса, Арабистони Саудӣ ва Британияи Кабир мебошанд. То имрӯз намояндагони 185 кишвар аз намоишгоҳ дидан кардаанд.

Аз павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2020» дар Дубай рӯзҳои одӣ зиёда аз 3 ҳазор одам дидан карда, рӯзҳои истироҳатӣ зиёда аз 9 ҳазор нафар дидан мекунанд.

Тибқи маълумот, то 1 декабр 200 ҳазор нафар павилиони Тоҷикистонро тамошо кардаанд.

Намоишгоҳи умумиҷаҳонии ЭКСПО чорабинии муҳими байналмилалӣ буда, дорои таърихи бой мебошад ва дар кишварҳои гуногун аз соли 1851 инҷониб гузаронида мешавад. Айни ҳол ЭКСПО барои кишварҳои иштирокчӣ на фақат макону фурсати муаррифии навгониҳои технологию техникӣ, балки имконияти хуб барои муаррифии иқтидорҳои сайёҳӣ мебошад.
Манбаъ: АМИТ "Ховар"
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин