Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:14 – Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд 
  • 16:50 – Тоҷикистон ва Миср ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро ба роҳ мемонанд 
  • 15:23 – Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд 
  • 18:15 – Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд 

Шералӣ Кабир бо ноиби президенти Туркия дидор намуд

Шералӣ Кабир бо ноиби президенти Туркия дидор намудШералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия дар умури ҳамкориҳо низ ҳаст, бо Фуат Октай, ноиби Президенти Ҷумҳурии Туркия дидор намуд.

Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, вохӯрӣ рӯзи 15 декабр дар шаҳри Анқара сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, мавзӯи суҳбат баррасии вазъи кунунӣ ва имконияти рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркия будааст.

Ҷонибҳо зарурати танзими мулоқоту музокирот ва тамосҳои сатҳи олиро дар ояндаи наздик таъкид намуда, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ иқдоми ташкили бизнес-форуми Тоҷикистону Туркия дар шаҳри Қунияро қобили дастгирӣ шумориданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин