Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

Хушхабар: Номинатсияи миллии “Фалак” ба Рӯйхати репрезентивии ЮНЕСКО ворид шуд

Хушхабар: Номинатсияи миллии “Фалак” ба Рӯйхати репрезентивии ЮНЕСКО ворид шудБа иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ расман “Фалак” чун мероси ғайримодии башарият ба рӯйхати ЮНЕСКО ворид шудааст.

Дар хабарномаи ВКХ гуфта мешавад, ки тибқи иттилои Комиссия миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масалаҳои ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷӣ аз 13 декабри соли 2021 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои ЮНЕСКО дар шакли маҷозӣ оғоз гардида, то 18 идома мекунад. Зимни ҷаласаи мазкур номинатсияҳои мероси фарҳанги ғайримоддии кишварҳои аъзо баррасӣ гардида, номинатсияҳои ба талаботҳои Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ҷавобгӯ аз ҷониби Кумитаи мазкур расман эълон гардиданд.

Дар кори ин ҷаласа Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО – Зулфия Бурҳонова иштирок дошт.

Қобили қайд аст, ки пешниҳоди номинатсияи кишвар аз рӯи 5 шарту талаботе, ки дар Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО қайд шудааст, қабул гардид.

Ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият қабул гардидани номинатсияи “Фалак” аз ҷониби Раиси Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО ҷаноби Пунчи Ниламе Мегасват котиби масъули Шри Ланка оид ба ЮНЕСКО расман эълон гардид. Бояд тазаккур дод, ки ин иқдом барои ҳифзу оммавӣ намудани мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин